ҲАМКОРИИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Ин ду вилоят на фақат дар ҳамсоягӣ воқеъ аст, балки коркунони соҳаҳои гуногун, хоса аҳли эҷод ҳамеша ба ҳам қаринанду ҳамкорӣ мекунанд.

Зуд-зуд дидорбинӣ намуда,  мулоқотҳо меороянд, суҳбатҳои гарму самимӣ созмон медиҳанд. Ин кор солҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, чанде пештар бо роҳнамоии адиб Мунаввар Пардаев гурӯҳи рӯзноманигорон аз вилояти Сирдарё ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Фориш ташриф оварданду аз он ҷойҳо дидан карданд. Суҳбату мулоқотҳои хотирмон ба вуқӯъ пайваста буд.
– Тамошои манзараҳои табиат ба ман рӯҳу тавон бахшиданд, – изҳори қаноатмандӣ карда буд Мунаввар Пардаев.
Инак, боз як гурӯҳи қаламкашон аз ин вилояти ҳамсоя меҳмони шаҳри Ҷиззах шуданд. Бо ташаббус ва сарпарастии бахши вилоятии Иттиҳоди рӯзноманигорон вохӯрӣ ба амал омад.
Меҳмонон чун анъана ва аз рӯйи эҳтиром ба пояи муҷассамаи арбоби бузурги ҷамъиятӣ ва давлатӣ Шароф Рашидов дастагулҳо гузоштанд. Сипас ба осорхонаи ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия рафта, бо нигораҳои ноёби он ошно гардиданд.  
– Ҳанӯз соли 1932 Ҳамид Олимҷон ҳангоми дар нашрияи «Самарқанд» кору фаъолият намуданаш дар дил орзуе мепарварид, ки дар диёри хеш  рӯзномае таъсис ёбад, – мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷиззах овози» Саид Донишев. – Рӯзномаи «Ҷиззах овози» аз ҳамин зумра нашрияест, ки қариб 90-сола мешавад.
Ҳангоми суҳбату мулрқотҳо рӯзноманигорон аз ин бобат ҳарф заданд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: