ЁДИ МОДАР

Боз баҳор омад.

Боз баҳор омад. Сабзаҳо дамида, гулҳо шукуфтанд, табиат хурраму зебо гардид. Аммо чаро ту намеоӣ, модарҷон? Тани дардманди  туро ба ёд меорам. Дардманд бошӣ ҳам, мо фарзандонатро дарси ҳаёт, дарси одаму одамгарӣ меомӯхтӣ. Ҳамшираи тиббӣ будиву ба дарди мардумони бешумор даво мебахшидӣ. Вале ба дарди худ шифо наёфтӣ. Муҳаббатам нисбати модароне, ки туро мемонанд, зиёда шуда, бо дидани симои онон ба хотирам меоӣ. Ва ҳар гоҳе, ки кас номи туро ба забон мегираду дар бораи ту ҳарф мезанад ва ё ҳар гоҳе номи модарро мешунавам, туро ёд мекунам, бо дарду алам суханҳои вопасини туро ба ёд меорам, ки маро ба хондан, меҳнат, дӯстдори мардум будан ҳидоят мекардӣ. Имрӯз барои ту  мехонам, меҳнат мекунам, дӯст медорам, дӯстдори мардум буданро мехоҳам, зеро ту ҳамон вақт доим бо ман мемонӣ, дар бари ман қадам мезанӣ. Маро ташвиқ мекуниву аз роҳи хато боздошта, ба роҳи рост ҳидоят мекунӣ.
Ёд дорам, рӯзи марги ту буд. Ҳама ба ман мегуфтанд, ки туро дигар намебинам ва овози ширинатро намешунавам. Ва  ҳарчанд он дили кӯчаки ман аз ғам лабрез буд, аз ту ҷудо шуданамро бовар намекардам. Ҳама бар марги ту мегиристанду  бархе ба ман, ки дидагонамро ба рӯи ту дӯхта хомӯш будам, тасаллӣ медоданд ва баъзе дидаи маро сахт гуфта, ба нагиристанам эрод мегирифтанд.
Вале онҳо намедонистанд, ки ман бо ту суҳбат мекардам, суханҳои охирини туро аз лабони хомӯшат, ки бо дидаҳои пӯшида мегуфтӣ, гӯш мекардам. Ва вақте туро ба хок супурда омаданд, гӯё ту низ бо онҳо баргашта омада будӣ. Ва мо тифлакони азизатро бо меҳрубонӣ дар атрофат гирифта нишаста будӣ. Ба хокат нур борад, модарам. Ҳар лаҳза ту дар дидаву дили мо зиндаю ҷовид ҳастӣ!

Дилфуза САЛОМАТОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби 
рақами 2-юми 
ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: