ҒАМХОРИҲОИ ДАВЛАТӢ БА ТАБОБАТИ АҲОЛӢ

Тавре ба назар мерасад, вақтҳои охир ба солимӣ бештар эътибор медиҳем.

Тавре ба назар мерасад, вақтҳои охир ба солимӣ бештар эътибор медиҳем. Дарк мекунем саломатӣ воқеан неъмати бебаҳост. Давлат низ ба низоми нигаҳдории тандурустӣ чун ба яке аз самтҳои муҳиму бартаринок эътибори алоҳида нигаронида, пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ торафт мустаҳкам, хидматрасонӣ ба аҳолӣ хушсифат мегардад. 
Чанд сол пеш ҳатто муроҷиат ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва баҳра бурдан аз он осон намекӯчид. Бо ваҷҳи нарасидани сӯзишворӣ ва баҳонаҳои дигар мошини «ёрии таъҷилӣ» таъхир мекард. Пулакӣ ҳам шуда монд ин хидмат. Дорувор ва препаратҳои тиббӣ намерасид. Поликлиника, беморхонаву марказҳои тиббӣ – бо як аҳвол. Ташхисҳо на ҳамеша боваринок...
Танҳо бемороне, ки аз нигоҳи моддӣ таъминанд, ба муолиҷа дар шароити статсионарӣ ҷуръат месохтанд. Ночоре, ки аз ноилоҷӣ дар беморхона хоб аст, баробари ғами саломатӣ ташвиши чӣ тавр пардохтани ҳақи муолиҷаро мекард. Гоҳо камбағалӣ водор месохт аз баҳри духтурравӣ бароӣ, «гузашта мерафтагист» гӯён дардро куҳна кунӣ. 
Албатта, гуфтанӣ нестем, ки имрӯз ҳамаи масъалаҳо ҳал. Вале чораҳое, ки андешида мешаванд, аз рӯзбеҳӣ дар тиббиёт дарак медиҳанд. Ҳоло бо ифодаи «аз тариқи ройгон» дучор омада ва бепул ба муолиҷа фаро гирифта шудани беморонро шунида, мамнунӣ ҳис мекунем. 
Масалан, тавре дар Муроҷиати Президент ба Олий Маҷлис таъкид ёфт, акнун бачаҳои то понздаҳсола ва занҳои ҳомила бо витамин ва дорувориҳои зарурӣ таъмин гашта, соли 2021 11 миллион нафар, соли 2022 17 миллион нафар аз имкониятҳо истифода бурда метавонанд. Бо йод, оҳан, витаминҳо ва навъҳои гуногуни воситаҳои зиддипаразитӣ ройгон таъминшавии модар ва тифл умед аст ба гирифтани пеши роҳи бемориҳои гуногун, аз ҷумла камхунӣ то дараҷае мусоидат хоҳад кард. Аз буҷаи давлатӣ барои ин 100 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Духтури оилавӣ ва 5 нафар ёварони ӯ бо муроҷиатҳо интизор шуда нанишаста, ба маҳаллаҳо мебароянд.
Самараи худ бахшидани фаъолияти бригадаҳои тиббӣ имрӯзҳо баръало ҳис шуда, сокинон посбонҳои саломатиро самимона истиқбол мекунанд. Аз ин гуна хидмат, хусусан, занони ҳомила, шахсони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, пиронсолу барҷомондагон бисёр мамнун. Аз  ройгон хидматрасонӣ ва муомилаи хуши духтуру ҳамшираҳо сари онҳо ба осмон мерасад.
Номгӯи хидматҳои ройгони тиббӣ ва воситаҳои дорувор бошанд, торафт афзуда, низоми таъмини кафолатноки  аҳолӣ бо онҳо ташаккул меёбад. 
Интизор меравад то се соли наздиктарин 315 нуқтаи духтурҳои оилавӣ, 85 поликлиникаи оилавӣ кушода шаванд. Зинаҳои ибтидоии нигаҳдории тандурустӣ, айни замон, бо ускунаҳои  тиббии замонавӣ таъмин хоҳанд буд. 
Духтуру ҳамшираҳои тиббие, ки дар шароити қишлоқ кор мекунанд, аз имтиёзҳое истифода мебаранд, ки дар барномаи «Духтури деҳот» муайян шудаанд. Хусусан, кадрҳое, ки ба ноҳияҳои дурдаст фиристода шудаанд, ғайр аз маош бо кӯмакпулӣ таъмин мегарданд, имкониятҳои мусоиди зист барояшон офарида мешавад.
Онҳое бештар ба ғамхориҳои давлатӣ фаро гирифта мешаванд, ки бемориҳои вазнинро аз сар мегузаронанд. Бемориҳои гематологӣ ва лейкемия оқибатҳои ногувор доранд.
Мутаассифона, онҳое, ки аз ин қабил бемориҳо азият мекашанд, дар ҷумҳурӣ бештар аз 12 ҳазор нафаранд. Барои ташхис, муолиҷа ва профилактикаи бемориҳои вазнин аз буҷаи давлат ҷудо шудани 250 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин ба ашхосе, ки гурдаашон азоб медиҳад, хидматҳои ройгони гемодиализӣ расонида мешавад. Барои табобати онҳо аз буҷа 140 миллиард сӯм ҷудо гардида ва бештар аз 5 ҳазор нафар беморон аз имкониятҳо истифода бурда метавонанд. Барои ташхису табобати бемориҳои эндокрин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шуъбаҳои махсус ташкил карда мешаванд ва барои ин дар соли 2021 ҷудо шудани 150 миллиард сӯм ба нақша дароварда шудааст.
«Мо бинобар табобати бемориҳои доимии дилу рӯда, ки қисмати зиёди аҳолии мо аз он азият мекашанд, 35 маркази байниноҳиявӣ ташкил менамоем» – гуфт Президент дар Муроҷиатнома.
Ин имкон медиҳад пеши хавфи бемориҳои инфаркт ва инсулт то андозае гирифта шавад. Марказҳо соле ба зиёда аз 30 ҳазор нафар беморон хидмати беминнат ва ройгони тиббӣ расонданашон мумкин.
Саломатӣ ва варзиш то дараҷае ба ҳам алоқаманд. Оммавӣ гардонда шудани варзиш яке аз муҳимтарин омилҳо дар барқарорсозии тарзи солими ҳаёт мебошад. Интизор меравад бинобар фароҳам оварда шудани шароитҳои мусоид ба рушди ҳарҷонибаи варзиш дар соли 2021 сафи аҳолие, ки ба тарбияи ҷисмонию варзиш ҷалб мебошанд, то 25 фоиз афзояд.
Ба таъминоти моддӣ то дараҷае вобастагии солимӣ ба касе сир нест. Камбағалӣ ва ночорӣ ба реша давондани бемориҳо, шиканҷаи рӯҳӣ ба ҳар гуна касалӣ печидани одам сабаб мешавад. 
Вақте ҳис мекунем, ки барои гирифтани табобат имкониятҳо мавҷуд ва дар ин самт ғамхориҳои давлат эҳсосшаванда, дилпур мешавем. Иммунитет ба ҳар гуна зуҳуроти марбут ба солимӣ зуд таслим намешавад. Хуб аст, ки вақтҳои охир табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ ночор дар маҳалҳо аз санҷишҳои скрининг гузаронда мешаванд. Ба ташкилотҳои хусусии тиббӣ, ки ба ночорҳо хидмат мерасонанд, кӯмакпулиҳои давлатӣ ҷудо карда мешавад.
Пештар танҳо беморҳои алоҳидае, ки имтиёз доранд (аз ҷумла, ногиро ва нафақахӯрҳо), ҳуқуқи ройгони муолиҷа дар шароити статсионариро молик буданд. Роҳхат (ордер) танҳо аз ҷониби поликлиникаҳои марказии бисёрсоҳа дода мешуд. Ҳоло, масалан, дар шаҳри Тошканд баробари 11 поликлиникаи марказии бисёрсоҳавӣ ба 64 поликлиникаи оилавӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки ба эҳтиёҷмандон ордер диҳанд. Хидматҳои амбулатории диспансерӣ, айни замон, ба ин гуна ҳуқуқ моликанд.
Бинобар маҳдудиятҳо дар табобати ройгон  пештар танҳо ашхосе, ки гирифтори иллати иҷтимоӣ ё бемориҳои гузарандаанд, аз имтиёзҳо  истифода бурда метавонистанд.
Қарори Президент оиди ҷорӣ намудани механизмҳои куллан нав дар фаъолияти муассисаҳои кӯмаки санитарии аввалин ва баланд бардоштани самараи ислоҳот дар сохтори  нигаҳдории тандурустӣ аз 12 ноябри соли 2020 қабул гашт. 
Назар ба таъкиди ҷонишини вазири тандурустӣ, роҳбари идораи тандурустии Тошканд А. Алимов, дар паси ҳар ордер тақрибан 2,3-3 миллион сӯм маблағ ҳаст. Танҳо ба муассисаҳои табобатие, ки дар тасарруфи идораи тандурустии пойтахт қарор доранд, ҳар моҳ зиёда аз 5 ҳазор ордер ҷудо карда шуда ва онҳо бо салоҳдиди муоинагоҳҳое, ки зикр ёфтанд, ба муассисаҳои статсионарӣ тақсим карда мешаванд. Бемор акнун бидуни интизорӣ ва ранҷи навбатпоӣ бевосита аз шифокори оилавӣ ордер гирифта, ҳуқуқи муолиҷаи ройгон ба таври статсионариро соҳиб мешавад. 
Ғамхориҳои давлат дар соҳаи тандурустӣ нафақат дар боло рафтани сатҳи саломатии аҳолӣ, балки беҳтаршавии сифати хидматрасонии тиббӣ нақши муҳим бозида, ин ба дилпурию дилгармии сокинон, хусусан, қишри ночори аҳолӣ мусоид месозад.

М. ШОДИЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: