Дар вилояти Бухоро заминларза ба амал омад

Имрӯз, 6 ноябр, соати 03:57 ба вақти Тошканд дар Ӯзбекистон заминларза рух дод. Маркази заминларза дар ноҳияи Пешкуи вилояти Бухоро будааст.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, шиддати заминларза 4,7 балл ва умқи он 15 километрро ташкил додааст. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарбӣ 521 километрро ташкил медиҳад.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Ноҳияи Пешку: 3-2 балл, 27 км.

Дар дигар минтақаҳои Ӯзбекистон фаъолияти сейсмикӣ эҳсос нашудааст. Дар бораи ҳисорот ва талафот маълумот нарасидааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: