Акрам субҳи содиқро дар пайраҳае истиқбол гирифт, ки ба сӯйи қабристони деҳа мебарад.
Аз даричаи дарвозаи калон вориди ин қабристон шуду сари дупо нишаст. Баъд ояте аз Қуръони азимушшаънро қироат кард ва ба аҳли қубур бахшид. Аз ҷо хесту ҷониби ду қабри паҳлӯи ҳам шитофт, ки дар байни қабрҳои дигар маскан гузидаанд. Он ҷо падару модараш мехобиданд.
Хам шуда нӯг-нӯги даст баъзе алафҳои хушкидаи болои қабрҳоро тоза намуд. Оби овардаашро ба бехи ниҳоли буттазадаи гули садбарг рехт, ки бо бародаронаш дар байни ду қабр шинондаанд. Сонӣ дар ҳақи онҳо низ дуову фотиҳа хонд.
Падараш – Қӯчқорамак Умаров аз зумраи кишоварзони номии ноҳияи Сӯх муаррифӣ мешуд. Вай аз хурдӣ то дами вопасин кори падару бобояшро давом дода, ба деҳқониву боғпарварӣ машғул шудааст. Барои меҳнати бисёрсола борҳо аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ қадршиносӣ шудааст ва сазовори як қатор нишонҳои давлатӣ гаштааст.
Акрам лаҳзае аз кору бори падари шодравонаш ёд кард, ки шабу рӯз меҳнат мекард ва фарзандони худро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия менамуд. Вай мегуфт: «Маро бубинед, ки бо меҳнати ҳалолам дар байни мардум иззату икром ёфтаам. Ҳар ҷо равам, ҳурматамро ба ҷо меоранд, аз таҷрибаам баҳраманд мешаванд. Шумо низ худро ба меҳнати ҳалол одат кунонед ва фарзандонатонро бо нони ҳалол парвариш кунед». Дарҳақиқат, фарзандони Қӯчқорамак – Эмому Анвар, Маъмуру Акрам, Ҳошиму Бобоҷон аз паси кишоварзиву боғпарварӣ ризқу рӯзӣ пайдо кардаву мекунанд. Духтари ягонааш – Мавлуда низ ҳамроҳи шавҳари равоншодаш–Қӯшоқбой фарзандонашро дар ивази меҳнат калон кардааст.
Ҳоло Акрам талош ба харҷ медиҳад, ки кори бобову падарашро идома диҳад ва мисли онҳо соҳиби обрӯву эътибор шавад. «Парвардигор хонаи охирататонро обод ва қабратонро аз нури Қуръонаш мунаввар созад» гуфт вай ва оҳиста боло шуда, бо ҳамон роҳи омадааш ба ақиб баргашт.
Офтоби тобистон аллакай аз пушти кӯҳҳои сарбафалаккашида намоён шуда, ба гирду атроф шӯълапошӣ менамуд. Мардуми деҳ кайҳо аз хоби роҳат бедор шуда, бархе рӯ ҷониби саҳро меоварданд, то ки аз замин ҳосил ба даст оранду зиндагиашонро фаровон гардонанд.
Дар замони пандемия баъзе қитъаҳои замини таҳти тасарруфи хоҷагии ҷамоавии «Ҳушёр» ба мардуми ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Ҳушёр, Себзор, Қақир тақсим карда шуд. Ба ин васила ҳудуди 200 нафар марду зани бекор ба кор таъмин гардиданд ва ҳоло аз ҳисоби даромади он зиндагии худро пеш мебаранд.
Ҳокимияти ноҳия бо қарори махсус иҷоза додааст, ки мардум қадри тавони худ қитъаҳои замини ин хоҷагиро аз тариқи музояда бихаранд ва тибқи эҳтиёҷашон дар он ба кишту парвариши сабзавоти гуногун машғул шаванд ва ё онро ба боғу бӯстон табдил диҳанд. Акрам Умаров роҳи дигарро пеш гирифт. Вай медонист, ки инсон меҳнат кунад, санги хоро ҳам лаъл мегардад. Барои ҳамин замини солҳои дароз бекорхобидаи доманаи талу теппаҳои минтақаи «Дукур»-ро ба ободкунӣ шурӯъ кард.
– Масоҳати ин замин, ки ҳоло обёрӣ кардаем, дастикам 50 гектар мебошад. Сӣ гектари он марбути кооператсияи истеҳсолии «Ҳушёр агро кооператив» мебошад, ки роҳбарии онро бар дӯши ман гузоштаанд. Аз шаҳрҳои Фарғонаву Қувасой ва Қӯқанду Марғелон намудҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда оварда шинондем. То калон шудану шохпаҳнкунии ниҳолҳо аз замини он пурсамар истифода мебарем. Дар айни ҳол коргаронамон картошка, ҷаву гандум, нахӯду лӯбиё ва мош, ҷуворимакка, лаблабӯ ва амсоли он парвариш мекунанд, – мегӯяд Акрам Умаров.
Вай афзуд, ки идораи обрасонии ноҳия бо роҳбарии Ӯткир Болтабоев, муҳандисон Ҳалимҷон Муродов ва Юнусалӣ Ҷӯраев барои кашидани об таҷҳизот ва дастгоҳҳои заруриро дастрас намуданд. Барои ҳамин аз ҳамаи онҳо миннатдор аст.
– Бо ин усул дар фаровонии дасторхони мардум мо низ саҳми худро хоҳем гузошт. Зеро дар солҳои охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Президент Шавкат Мирзиёев шароити мусоид фароҳам омадааст, ки нақшаҳои як замон амалӣ ношударо амалӣ гардонем. Обёрии ин замини бекорхобида ва парвариши ниҳолҳо, кишти сабзавоти гуногун мисоли равшани он аст, ки агар кас хоҳиши меҳнат карданро дар сар дошта бошад, метавонад бо андак меҳнат заминҳои бекорхобидаро ба бӯстону гулистон табдил диҳад, – иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо дар кунҷу канори ноҳияи Сӯх маҳз бо мусоидати ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин часпу талоши одамони меҳнаткашу заҳматписанд садҳо гектар замини бекорхобидаи талу теппаҳо азхуд карда мешаванд ва ба манбаъи даромади мардуми зиёд табдил меёбанд.
– Мардуми Ҳушёр аз меҳнат намеҳаросанд. Акрам Умаров бо аъзои хонавода ва коргаронаш аз зумраи ҳамин гуна одамони заҳматписанд мебошанд. Соли сеюм аст, ки вай бо аъзоёни худ барои обод намудани ин замин ҷидду ҷаҳд менамояд. Метавон гуфт, ки Акрам ва коргаронаш соли аввалро бо сангчиниву ҳамвор кардани замини азхудкардашуда сипарӣ намуданд. Аммо соли гузашта ин замин нахустин ҳосили худро дод. Даромади кооператсияи истеҳсолии «Ҳушёр агро кооператив» дар ҳамин ҳол қобили мулоҳиза мебошад, – мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Акрам Умаров бо итминон иброз намуд, ки баъди сипарӣ гардидани се-чор сол ин ҷойҳоро шинохта намешавад. Вай мегӯяд, об манбаи ҳаёт аст. Ҳоло ҳавзи калоне кофтаву ба он аз ҳавзи канал тавассути насос об мекашанд. Ин имкон медиҳад, ки дар вақти зарурӣ ниҳолҳову кишти зироат обёрӣ карда шавад.
– Зиндагӣ пастиву баландиҳои худро доштааст. Баъди фавти падару модарам се бародарам – Эмом, Анвар ва Ҳошим бармаҳал ин дунёро тарк намуданд. Марги онҳо мо – бародаронро андак саросема намуд. Аммо даст ба дасти ҳам додем ва аз пайи кор шудем. Бародаронам Маъмуру Бобоҷон маро танҳо намегузоранд ва ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекунанд, – мегӯяд Акрам.
Ба гуфтаи ӯ ҳарфҳои падараш ҳаргиз аз лавҳи хотираш дур намераванд. Вай доим таъкид мекардааст, ки онҳо деҳқон шаванд, ҳатман назди мардуму давлат иззат хоҳанд ёфт. Деҳқон ҳаргиз гурусна намемонад. Вай шиками дигаронро низ сер мекунад. Дар мамлакат ба деҳқону фермер ва соҳибкорон шароиту имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Инро Акрам Умарови ҳушёрӣ низ хеле хуб дарк намудааст. Барои ҳамин дар ҳавои гарму тафсони тобистон ӯ бо коргарони худ дар замини навкорам аз пайи меҳнати пурмаҳсул мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.