Шоири рангинхаёли нексиришт, инсони дилёбу дарёдил, соҳиби қалби ҳассос Нормурод Каримзода, ки аз чеҳраҳои шинохтаи шеъри муосир ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо 70-умин солгарди зодрӯзи худро ҷашн мегирад.
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ
хабар?!
Пас макун аз оташи сӯзон
ҳазар!
Шоири рангинхаёли нексиришт, инсони дилёбу дарёдил, соҳиби қалби ҳассос Нормурод Каримзода, ки аз чеҳраҳои шинохтаи шеъри муосир ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо 70-умин солгарди зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Боиси хурсандист, ки ӯ беш аз даҳ номгӯй асар офарид ва ин дастовези муносиб ба рӯзи мавлудаш аст. Вай аз ҷумлаи шоирони асилест, ки ҳар як мавзӯъро санҷидаву омӯхта, сипас ба қалам медиҳад. Ӯ шеърро аз омилҳои муҳими тарбияи маънавии инсон мешуморад.
Тағо ба ҷойи ҳафт падар, вале...
Нормурод ягона писар ва нозпарвари волидайн буд. Падараш Абдукарим Исмоилов (равонаш шод бод!) ӯро хеле дӯст медошт. Баъзан «аз шумии шум, сӯзад шаҳри Рум» шавад ҳам, худро ба нодонӣ мезад. Дар хона набошад, зуд дар пайаш мешуд. Афсӯс, ҳар бахтеро заволе будааст. Боре Нормурод ҳамроҳи модараш Хурсандой ба хонаи тағояш меҳмонӣ меравад. Писарчаи шӯх бо кадоме гӯштӣ мегирад. Тағои сархуш ҷиянчаро ба таври худ «тарбия» медиҳам гуфта, тасмаи аскариашро, ки ҳалқаи пурҷилои мисин дошт, чолокона аз миён мекушояд ва алвонҷ дода, ба паси пояш заданӣ мешавад, писарча аз тарс дар ҷой менишинад. Ҳалқа ба раги гарданаш мерасад ва писарак маъюб мешавад.
Акнун зану шавҳар ба чор тараф метохтанд, ки фарзанд – боғи умедашон шифо ёбад. Рӯзе пеши профессори рустаборе рафтанд, ки миёни мардум зиста, забони тоҷикиро низ хуб медонист. Шифокори солхӯрда гуфт, ки чораи охирин ба табобатхонаи бемориҳои сили устухон хобонидан аст. Бояд то қафаси сина ба қолаби гаҷ гирифта шавад. Дар акси ҳол сару гарданаш як умр рост намешавад...
Дард бошад, то ба дармон бирасӣ
Шифохонаи бемориҳои сили устухон дар гузари Намозгоҳи шаҳри Самарқанд, кӯчаи Хоҷа Аҳрори Валӣ воқеъ буда, ба ин бемористон аз бисёр вилоятҳои атроф, ҳатто аз кишварҳои хориҷӣ дардмандон меомаданд. Нормуроди сесоларо зуд қабул карданд. Рӯзи дигар дар шӯъбаи ҷарроҳӣ дасту пояшро баста, аз гардан то қафаси сина гаҷ бастанд...
Дар табобатгоҳ мактаби махсус амал мекард. Устодон ба беморҳои синни мактабӣ асрори фанро меомӯхтанд. Нормурод аз шашсолагӣ рӯйи кат хобида хондану навиштанро омӯхт.
Модар ба аёдати писар аввал дер-дер меомад. Сонӣ тамоман наомад. Нормурод доим аз қиблагоҳаш сабаби бедарак шудани модарашро мепурсид. Ӯ ҳазору як баҳонаро пеш меовард. Рӯзе падараш бо зани ҷавоне ба бемористон омада гуфт, ки минбаъд ин зан ба ӯ нигоҳубин мекунад. Акнун ҳамон зан тез-тез ба шифохона омада, аз аҳволи Нормурод хабар мегирифт, бо шавқу завқ сӯҳбат ороста, меҳрубонӣ мекард. Нормурод бо гузашти айём ба ӯ дил баст. Оҳиста-оҳиста бо дидани вай чеҳрааш аз хурсандӣ мешукуфт.
На каму на бисёр – 3 солу панҷ моҳу 17 рӯз Нормурод дар бемористон хоб рафт. Вақте ки ҷисмаш аз қафаси гаҷ раҳоӣ ёфт, хона омаду модари маҳбубу мушфиқашро ҷуст, вале наёфт. Марги модар як умр дар дилаш монд ва ҳангоми ба камоли эҷодӣ расидан чанд шеърашро ба ӯ бахшид.
Салом, мактаб!
Моҳи сентябри соли 1958 фаро расиду Абдукаримамак писарчаашро ба мактаб бурд.
Чинниой Акрамова зане буд кушодачеҳра, рамузфаҳму рӯҳшинос. Вай аз шогирди нав пурсид, ки оё ӯ шеър медонад? Нормурод шармида, кебида ва ба дасти қиблагоҳ часпида ба русӣ шеър хонд.
– Офарин, – ситоиш намуд муаллима, – ба тоҷикӣ ҳам медонӣ?
– Дар табобатгоҳ омӯзгорони тоҷик набуданд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд падараш. – Аммо зуд ёд мегирад, – ваъда дод ӯ.
Нормурод солҳои таҳсил дар мактаб аз омӯзгорони ботаҷриба Неъматҷон Шарипов, Солеҳҷон Шодиев, Барно Исмоилова, Мисқол Ғиёсова, Метина Абдуллоева, Ҷаъфархон Ҳодизода, Ҳаловат Муқимова, Александра Болешакова, Нуриддин Камолов, Адаш Пӯлодов, Эҳсон Тӯрақулов, Азиз Остонқулов, Борис Усаинов, Ҳоҷӣ Муллоқандов ва дигар устодон, ки бо маҳорати хоси педагогӣ дарс мегузаштанд, асрори илм омӯхт...
Қадами қатъӣ
Соли 1968 «паррончакҳо»-и мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд ба мактабҳои олии Самарқанду Тошканд, Маскаву Душанбе барои санҷидани бахти хеш раҳсипор шуданд. Нормурод Каримзода, ки дилбохтаи адабиёт буд, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (як замон чунин донишкада вуҷуд дошт) супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт.
Санҷиши аввалин аз адабиёт буд. Вай дар мавзӯи “Камол – шоири лирик» иншо навишт. Баъди се рӯз дар тахтаи эълонҳо дар радифи ному насабаш баҳои «аъло»-ро дида, гӯё бол бароварда, ба хона омад ва хабари хушро ба падараш расонд.
– Шери додо, «панҷ» нагирӣ, айб-дия, – бо завқ хандид Абдукаримамак. – Охир ту аз муаллимони шоистаи Самарқанд илм омӯхтӣ.
Сабақу тавсияҳои пурмӯҳтавои донишмандони маъруфи бахши забон ва адабиёти тоҷик – Салим Кенҷа, Восеъ Қосимов, Самариддин Аслиддинов, Шавкат Шукуров, Ӯрун Воҳидов, Хуршед Қамар, Сабоҳат Умарова, Бахтиёр Насриддинзода ва дигарон ба такмили дониш, рушди маънавии ӯ такон бахшид.
Иштироки пайваста ба маҳфили адабии факулта, ки таҳти сарварии шоири зиндаёд, Хуршед Қамар ва адабиётшинос Абдуаҳад Мирсаидов амал мекард, рағбат ва ҳусни таваҷҷӯҳи шоиру носири ояндаро ба эҷод, омӯзиши осори бузургони сухан зиёд намуд. Алалхусус, сӯҳбат бо олимону эҷодкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон Воҳид Абдулло, Орифҷон Икромов, Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Бобоҷон Валихоҷаев, Абдулғанӣ Мирзоев, Воҳид Асрорӣ, Раҷаб Амонов ва дигарон ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуд.
Аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд
Рӯзе, ки Нормурод дар даст дипломи мактаби олӣ хона омад, хурсандии қиблагоҳаш интиҳо надошт. Бегоҳӣ зиёфати хосса баргузор гардид. Баъди хӯроки бегоҳ падари бузургвор аз писар дар бораи нақшаҳои ояндааш пурсид.
– Бо роҳхати донишкада дар идораи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” фаъолияти худро оғоз мекунам, – рози дил кушод фарзанд. – Мехоҳам дар кӯраи матбуот обутоб ёбам.
Рӯзи дигар Нормурод аз волидон дуо гирифт ва ба роҳ баромад...
Сардабири вақти рӯзнома Шавкат Ниёзов ӯро хуш пазируфта, бо аҳли ҷамоа шинос кард. Нормурод қаламзанҳои варзида – Мӯҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Тоҳир Олимбоев, Маъруф Отахонов, Ҷонибек Қувноқ, Бекназар Тӯйназаров, Хӯҷамурод Қулдошев, Ҳисомиддин Абдувалиев ва дигаронро ғоибона мешинохт. Ҳоло рӯ ба рӯ дида, ифтихор дошт, ки бо чунин шахсони мӯътабар ҳамкор хоҳад шуд.
Дар идораи рӯзнома бо шоири хушбаёну рангинхаёл Ҷонибек Қувноқ нишаста, омӯхтани асрори журналистика, сайри боғи назму наср, таҳриру таълифи шеъру ҳикоя барои Нормуроди ҷӯянда хеле судбахш буд. Маҳз бо тавсияи устоди дилсӯз шеърҳои «Ояд ҳаме», «Се қатра»-и Нормурод рӯйи чопро дидаанд.
Вале зиндагӣ дар хонаи ҳамкорон тӯл накашид. Гоҳ-гоҳ чопи рӯзнома то дерии шаб тӯл мекашид ва Нормуроди ҷавон бо сад андешаву истиҳола ба манзили зист меомад. Азоби рӯҳиву хиҷолат беш аз як моҳ давом кард ва ӯ бо мушкили манзили зист ба муҳаррир муроҷиат намуд.
– Писарҷон, дар пойтахт ба рӯйхат гирифтани вилоятиҳо осон нест, – гуфт Ниёзов. – Шумо муваққатан ба ягон муассисаи таълимии вилояти Тошканд ба кор дароед. Баъди “прописка” шуморо даъват мекунем.
Ва ӯ аз Садорати таълими халқи вилояти Тошканд ба ноҳияи Бӯстонлиқ роҳхат гирифт. Мудири шуъбаи таълим Қодирбекова, баъди суҳбат, маслиҳат дод, ки дар деҳаи Пском мактаби тоҷикӣ ҳаст ва таълимгоҳ ба омӯзгорон ниёз дорад. Нормурод бидуни баҳсу мунозира роҳи пуршебу фарози кӯҳсорро пеш мегирад...
Кор дар мактаби ҷоноҷон
Нормурод ба зодгоҳ баргашту барои дидорбинӣ бо устодон ба мактаби ҷоноҷонаш рафт. Директори мактаб Раҳматҷон Баҳриев (равонаш шод бод!) хуш пазируфт ва нақшаҳои ояндаи ӯро пурсид.
– Ҳоло ба хулосае наомадаам, – гуфт Нормурод. – Лекин аминам, ки падарам минбаъд як қадам дур рафтани маро намехоҳанд.
– «Оби таги дар тира» гуфтаанд, – лабханд зад сарвари таълимгоҳ. – Ба мактаби мо биё. Одам оҳиста-оҳиста бо нардбон боло меравад.
Нормурод аввал мудири китобхона ва баъд аз каме омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик таъин гардид.
Соли 2009 ба рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» муҳаррир таъин мегардад.
– Илму дониш ва ақлу хиради шумо ба ин кори пурмасъулият кофист, – гуфт собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев. – Шахсан ман аз мушкилоти идораи рӯзнома хабардорам, аммо тамоми масъалаҳоро якҷоя ҳал мекунем. Дари утоқи кории ман барои шумо ҳамеша боз аст.
Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо таҳририят бо тамоми таҷҳизот таъмин буда, нақлиёт низ дорад.
Шукри беҳад, ки Нормурод Каримзода бо меҳнати ҳалол, сабру матонат ҷоннисориву садоқат ба халқу Ватан хидмат карда, на танҳо дар ноҳия, балки дар вилояту ҷумҳурӣ низ соҳиби обрӯву эътибор гардидааст. Вай падари 4 нафар фарзанд – Умедҷону Азизабону, Давлатҷону Баҳора ва дуогӯи 12 нафар набераҳои ширин аст.
Нормурод Каримзода соҳиби чанд фарзанди маънавӣ – дафтарҳои шеърӣ аз қабили «Меҳрнома» (1997), «Авроқи дил» (2004), «Насими фараҳбахш», «Меҳр кӯзда» (2008), «Равзаи роз» (2011), «Дурахши маъно» (2015) низ мебошад.
Албатта, дар бораи шебу фарозҳои роҳи зиндагии дӯсти ҷонӣ ва ҷавонӣ, инсони хоксору фурӯтан чизҳои зиёд навиштан мумкин.
Аз имконият истифода бурда, Нормурод Каримзодаро бо синни мубораки 70 табрик гуфта, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳодияи эҷодии
журналистони Ӯзбекистон.
Дилрабо НАСИМӢ,
шоира.