ҲЕЧ КАС БЕ ҲУҶҶАТ НАМЕМОНАД

Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иқдоми ҳуқуқии «Ҳеч кас бе ҳуҷҷат намемонад» гузаронда мешавад.

Дар доираи иқдоми ҳуқуқӣ, ки аз 20 январ то 20 марти соли 2024 идома меёбад, ба шахсоне, ки бо сабаби ба қайд гирифта нашудани таваллуди онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд, кумак расонда мешавад.
Ба шахсоне, ки марги хешовандони наздикашон ба қайд гирифта нашудааст, ба шахсоне, ки барои муайян кардани далели ҳуқуқӣ бо сабаби надоштани шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд ё марги хеши наздик бояд ба суд муроҷиат кунанд, ёрии ҳуқуқӣ дода мешавад.
Ҳамчунин ба шахсоне, ки ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ё аз нав бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ба шахсони дар бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул дучори мушкилот мегарданд, низ кумак расонда мешавад.
Дар чаҳорчӯби ин иқдоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таваллуди ба қайд гирифтанашуда ва ҳолати фавти сабти ном нашуда аз рӯйхат гузаронда мешаванд.
Муроҷиати шаҳрвандон аз рӯйи ин намуд ба воситаи ситодҳои махсусе, ки дар назди шуъбаҳои адлияи ноҳия, шаҳр ташкил карда шудаанд, ё бевосита телефони боварии кӯтоҳи «1148» зуд қабул карда мешаванд. Қабулҳои сайёр ташкил карда хоҳанд шуд.
Аз рӯйи натиҷа таваллуди шахси мазкур ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор расмӣ гардонда мешаванд. Фавти хешовандони наздик ба қайд гирифта шуда, шаҳодатнома (маълумотнома) дода мешавад. Барои муайян кардани далели таваллуд ё фавт ба суд ариза дода шуда, дар асоси ҳуҷҷати суд сабти таваллуд (фавт) дода мешавад.
Ба субъектҳои соҳибкорӣ дар бақайдгирии давлатӣ ва аз нав бақайдгирии давлатӣ ёрӣ расонда мешавад. Ба шахсоне, ки дар бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба мушкилот дучор мешаванд, якҷоя бо мақомоти ваколатдор ёрии амалӣ расонда мешавад.

Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: