БА ҶОЙИ МАКТАБ АНГУРЗОР БУНЁД ШУД

ё худ арзу доди сӯқоқиёнро кӣ мешунавад?

ё худ арзу доди сӯқоқиёнро кӣ мешунавад?
Бо омадани баҳор дар мавзеъҳое, ки саёҳати зиёратӣ ва гастрономӣ ба роҳ монда шудааст, серодам мегарданд. Яке аз чунин мавзеъҳои вилояти Тошканд деҳаи Сӯқоқи ноҳияи Паркент ба шумор меравад. Овозаи санбӯсаи он то ҷойҳои дурдасти мамлакат паҳн гардидааст. Аз ин сабаб, ба мақсади тановули «мадор»-и ин деҳа ва бо ҳамин баҳона дидани манзараҳои зебои табиати он дар роҳу кӯчаҳои ин мавзеъ шумори мошинҳо зиёд мегарданд.
Вақте ки ба мошини «Газел»-и самти «Тошканд – Паркент» нишаста, зиёратро пеш гирифтем, суҳбати ду нафар зани куҳансол эътиборамонро ҷалб кард:
– Меҳриносо, шунидӣ, аз маҳаллаи Самаробод духтарчаи даҳсолаеро вақти аз роҳ гузаштан мошин задааст?
– Духтарчаи бечора ҳоло дар чӣ аҳвол бошад? 
– Агар дар маҳаллаамон мактаб мебуд, чунин ҳодиса рух намедод. Бо духтарчаи ҳамсояамон Райҳона низ чунин ҳодиса рӯй дод...
Баъди шунидани чунин рӯйдодҳои нохуш сайру саёҳатро қатъ намуда, аз рӯйи касбу кор, ба мақсади донистани бо чӣ сабаб рӯй додани чунин ҳодисаҳо дар ин мавзеъ, чӣ ҳол доштани оилаҳое, ки бо фарзандонашон чунин фоҷиа рӯй додааст, роҳи Паркент – идораи Хоҷагии ҷангалро пеш гирифтем ва бо якчанд нафар куҳансолони ин мавзеъ суҳбат кардем.
Мӯйсафедон Хурсанд Исломов, Илҳом Шерматов, Ӯктам Туршиков бо саволҳои гуногун ба ман муроҷиат карданд:
– Соле 3-4 маротиба бо мактаббачаҳо чунин ҳодисаҳои нохуш рӯй медиҳанд. Аз байни онҳо фавтидагон низ ҳастанд. Барои пиёдагардон роҳравҳо нестанд. Вақти пандемия шабафрӯзакҳоро ба мақсади таъмир чида гирифтанд. Қариб як сол мешавад, аз он дарак нест. Шабу рӯз охири автомошинҳо наменамоянд, роҳҳо бошад, ноҳамвор ва муҳтоҷи таъмиранд. Барои пешгирии суръати баланди мошинҳо аломатҳои сари роҳ, чароғаки раҳнамо ва роҳрави махсус барои пиёдагардон нагузоштаанд.
Моҳҳои марту апрелу май ҳар рӯз ҳазорҳо нафар бо мақсади кабобу санбӯсахӯрӣ меоянд, ки ин ташвиши одамонро бештар мегардонад. Аммо касе ёфт намешавад, ки дарди моро шунавад.   
Баъди шунидани чунин дарду ҳоли мардум роҳи хонаводаи Райҳона – ҳамон духтарчаи даҳсолае, ки ба садама дучор шудааст, пеш гирифтем. Модари ӯ Ҳакима Бегабоева бо чашмони пури об аз рӯзгори пуразоби зиндагиаш нақл кард: 
– Чор фарзанд дорам. Шавҳарам Носир Бегабоев соли 2011 вафот кард. Он гоҳ Райҳона яксола буд. Бори вазнини зиндагӣ ба дӯшам афтид. Ҳоло писарам аробаи рӯзгорамро якка пеш мекашад. Дар садама пойи рости духтарам аз ду ҷояш шикаст. Баъди 50 рӯзи он духтурон гаҷи пойи ӯро кушоданд. Агар аҳволаш хуб бошад, аз моҳи апрел ба роҳгардиаш рухсат медиҳанд. Аз хешовандонам миннатдорам, ки маро дар чунин рӯзҳои вазнин танҳо нагузоштанд, аммо духтарам аз дарсҳо қафо монд, агар дар маҳаллаамон мактаб мебуд, мумкин чунин воқеаҳо рӯй намедод.
Ҳакима Бегабоева ба мо ёдрас кард, ки як сол пеш аз ин Назокат ном духтари 23-солаи ин деҳа аз чунин садама вафот кардааст.
Ман барои дарки чунин мушкилиҳо роҳи идораи маҳалларо пеш гирифтам. Бо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Самаробод» Алишер Солиҳов телефонӣ суҳбат кардем. Ба саволҳоятон аъзои шӯрои маҳалла ҷавоб медиҳанд, гуфту ба суҳбат нуқта гузошт ӯ.
– Маҳаллаамон соли 2006 ташкил ёфта, ҳоло 3213 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Аз ҳамин 532 нафар мактабхонанд. Мегӯянд, ки солҳои 2002-2003 барои сохтмони мактаби нав 2 гектар замин ҷудо кардаанд, ҳоло 18 сол аст, ки аз сохтмон дарак нест, – гуфт котибаи маҳалла Дилноза Ҷамолова.
– Дар маҳаллаатон бачаҳо бисёр будаанд, дар ин бора ба шуъбаи таълими халқи ноҳияи Паркент, ҳокимияти ноҳия ё ба депутатҳо бо ариза муроҷиат кардаед ё не? – пурсон шудам аз ӯ. 
– Депутатҳоро вақти интихобот мебинему халос, – гуфт яке аз ҳамсуҳбати мо. 
Ба дасти ман мактуби фаъоли маҳалла Бахтиёр Ҳасановро, ки аз номи аҳли маҳаллаи «Самаробод» ба номи роҳбари қабулхонаи халқии ноҳияи Паркент Ш. Акрамов, роҳбари шуъбаи таълими халқи ноҳия З. Нуров навиштааст, доданд.
Аз ҷавоби мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия М. Ҳасанов ва ҳокими ноҳияи Паркент Ӯ. Алимов ба ин мактубҳо маълум шуд, ки барои сохтани мактаб аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Самаробод» бояд ду гектар замин  ҷудо карда шавад. Мактаб барои 315 ҷой пешбинӣ шуда, ба сохтмони он ҷудо намудани 3 млрд. 300 млн. сӯм дар асоси Барномаи манзилноки солҳои 2017-2021 дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти ноҳияи Паркент ба нақша дароварда шудааст.
Чи хеле ки маълум шуд, дар он 2 гектар замине, ки барои сохтани мактаб ҷудо кардаанд, токпарварӣ карда ва чанд сол аст, ки аз он ҳосил мегиранд.
Чунин манзараро дида, боз чанд суол маро ором нагузошт.
3 нафар роҳбаре, ки аз соли 2016 инҷониб сари ҳокимияти ноҳия омада рафтанд, чаро ягонтаашон масъалаи мактабро дида набаромаданд?
Барои чӣ барномаи манзилнок иҷро нашуда мемонад?
Аз даромаде, ки аз 2 гектар ангури ин замин ба даст меояд, кӣ манфиатдор?
Ба оилаҳое, ки аз фарзандашон ҷудо шудаанд ё фарзандашон ногиро гаштааст, кӣ кӯмак мерасонад?

Даврон АҲМАД,
журналист.

Вилояти ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: