Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд ба муносибати 27-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳамоиши чанд нафар аз равшанфикрони тоҷики муқими Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд ба муносибати 27-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳамоиши чанд нафар аз равшанфикрони тоҷики муқими Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Аз бозе, ки Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994 қабул гаштааст, баъдан се бор аз тариқи ҳамапурсӣ ба он тағйирот дохил карда шудааст.
Дар бораи нуктаҳои асосии Конститутсия мушовир-фиристодаи сафорат Шарифхон Қаландарзода гузориш дод ва аз муҳимтарин моддаву бахшҳои он иттилоъ расонд.
Баъдан сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода аз хусуси ҷанбаҳо ва афзалиятҳои Қонуни Асосӣ ҳарф зад ва аз ҷумла изҳор намуд, дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар бахши ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва ақаллиятҳои диниву миллӣ дар заминаи бархурдорӣ аз арзишҳои маданиву суннатӣ ва таълимгирӣ ба забони худ кафолат дода шудааст. Аз ҷумла, ақаллиятҳои миллии ӯзбеку қирғизу туркман ба шарофати Конститутсия имконияти дар кӯдакистону мактабҳо ба забони модарии худ таълим гирифтанро доранд. Дар чандин муассисаи олии таълимӣ гурӯҳҳо ба забони ӯзбекӣ фаъолият доранд. Дар сатҳи ҷумҳуриву вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ё дар алоҳидагӣ ва ё саҳифаҳои рӯзномаҳо ба ин забон нашр мегарданд. Ҳафтае як бор дар телевизиони марказӣ ва рӯзмарра дар радиои ҷумҳурӣ намоишу барномаҳо маҳз ба туфайли замонати Конститутсия ба ӯзбекӣ пахш мегардад.
– Имрӯз, ки дар Тоҷикистон дар ҳар деҳу шаҳраку шаҳр бунёдкорӣ ва ободонӣ ба назар мерасад, меваи Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлол аст, ки дар сари ҳар сатри он худи Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мӯшикофона бо машварати донишмандони ҳамаи соҳаҳои марбут саҳм гирифтаанд, – гуфт сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода.
(Мухбири худамон).