Дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон барои рушди устувори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон” бизнес-форуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон барои рушди устувори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон” бизнес-форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Он дар доираи гуфтугӯи занон – пешвоёни Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар таъсис ва баргузории он Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Барномаи рушди СММ, ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушд ва эҳёи Аврупо саҳм гирифтанд. Дар форум як гурӯҳ аъзои Сенати Олий Маҷлис, ноиби раиси Шӯрои васигии пуштибонӣ ва рушди масмедиаи миллӣ, раҳбари комиссияи баробарии гендерии ҷумҳурӣ, роҳбарон ва ноибони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин вакилони доираҳои соҳибкории занон ширкат карданд.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи он изҳор кард, ки бизнес-форуми мазкур оид ба масъалаҳои рушди соҳибкории занон, барқарор намудани ротибаҳои мустақим, муайян намудани самтҳои босамари ҳамкориҳо ва роҳандозии табодули назар ва иваз намудани таҷрибаҳои пешқадами байни занони соҳибкори Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро ҳадафҳои асосии худ қарор додааст.
Ба таъкиди иштирокчиёни форум вақте ки гап дар бораи беҳбуди шароити зисти хонаводагӣ ва ҷомеа меравад, ҳувайдост, ки дар саросари олам маҳз занҳо маҳорату салоҳияти худро дар ин ҷода устуворона собит намудаанд. Таъминот ва некӯаҳволии кишварҳо аз таъминот ва некӯаҳволӣ, тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занҳои ҳамон кишвар маншаъ мегирад. Хусусан соҳибкорӣ дар байни занон мусоидат менамояд, ки баробарии гендерӣ таъмин, камбизоатӣ коҳиш дида, дастрасӣ ба имкониятҳои дигар меафзояд.
Маълум гардид, ки дар Ӯзбекистон минбаъд масъалаҳои гендериро дар баробари кумитаҳои занон тамоми вазорату идораҳо низ ҳал хоҳанд кард. Барои ҳамин ҷумҳурӣ стратегияи ноил шудан ба баробарии гендериро то соли 2030 қабул кардааст. Дар ин бора раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева низ таваққуф намуд. Вай зикр кард, ки дар тӯли чаҳор соли охир Ӯзбекистон 25 санади меъёриро дар бораи ҳуқуқи занон қабул намудааст. Муҳимтарини онҳо Қонун дар бораи баробарии гендерӣ ва қонуне мебошанд, ки занонро аз зулму тааддӣ ва зӯроварӣ муҳофизат мекунанд.
Ба он нукта низ таваҷҷӯҳ дода шуд, ки баргузории ин чорабинии байналмилалӣ аз маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иҷлосияи 46-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз 22 феврали соли 2021 низ сарчашма гирифтааст. Дар ҳамон иҷлосия Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бо ҳам дар тамосу мулоқот шудани занони босалоҳият ва бомаҳорати Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар пай манфиатҳои зиёд хоҳад дошт. Ин беҳуда нест, зеро занҳо низ ҷиҳати боло рафтани салоҳиятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварашон саҳми хеле калон мегузоранд.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар кишвари мо занон ҳамаҷониба дастгирӣ мешаванд, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо аҳамияти вижаро касб намудааст.
– Дар ин замина иродаи сиёсии сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёевро бояд махсус қайд намуд. Зеро дар кишварамон занони зиёд ғайр аз он ки оилаи худро саранҷому саришта мекунанд, бо шавҳари худ барои таъминоти оилавӣ аз нигоҳи моддӣ кӯмак мерасонанд, ҳамчунин аз ӯҳдаи корҳои басо муҳим низ баромада метавонанд. Ин чорабинӣ, ки дар мамлакати мо роҳандозӣ шудааст, бояд мулоқоту ҳамкорӣ дар байни занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро беш аз пеш имконпазир гардонад, робитаҳоро мустаҳкам ва тавсеа бахшад, занони дигарро низ барои иҷрои чунин корҳо ҳидоят созад, – гуфт Саида Мирзиёева.
Миряна Сполярич Эггер – ёвари Дабири кулли СММ ва директори бюрои маҳаллии Барномаи рушди СММ дар умури ИДМ ва Аврупо қабл аз ҳама ба Ҳукумати Ӯзбекистон, хоссатан ба раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева барои ширкати бевоситааш дар ин бизнес-форум арзи сипос намуд.
– Имрӯз дар Ӯзбекистон рӯзи хеле муҳим мебошад. Зеро масъалаи тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон баррасӣ мегардад. Бидуни фароҳам овардани чунин имкониятҳо дар бораи рушди устувори иқтисодӣ ҳарфе наметавон гуфт. Дар қадами аввал бояд барои ба бозори меҳнат воридшавии занон аз тамоми монеаҳое, ки дар қонунгузориҳо мавҷуданд, сарфи назар кард. Занҳо набояд танҳо хонанишин бошанд ва ба фарзандон нигоҳубин кунанд, балки ба касбу кори ғайрианъанавӣ машғул шуда тавонанд. Ба ибораи дигар, занҳо ба корҳое машғул шаванд, ки ҷомеаи имрӯза ба ширкати онҳо дар ин корҳо ниёз дорад. Дар соҳаи инҷиниринг, риёзиёт ва технологияҳои наву замонавӣ мушорикат намудани занон имкониятҳои иқтисодии онҳоро беш аз пеш тавсеа мебахшад ва онҳоро аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳимоя мекунад, – таъкид варзид Миряна Сполярич Эггер.
Он нуктаи муҳим низ дар ин чорабинии байналмилалӣ тазаккур ёфт, ки дар Ӯзбекистон Клуби занони назди Комиссияи баробарии гендерӣ таъсис дода шудааст. Дар парлумон 32 дарсади намояндагони мардумиро занҳо ташкил медиҳанд. 23 дарсади аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ аз занон таркиб ёфтааст. Теъдоди депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ низ аз ҳисоби занон сол аз сол афзоиш меёбад.
Иштирокчиёни бизнес-форум ба он натиҷа расиданд, ки муайян намудани самти ҳамкориҳо, таълиф ва таҳияи нақшаҳои некбинона ва баргузор намудани дидору мулоқотҳо барои амалӣ шудани мақсадҳои наҷиби онҳо ҳамчун омили асосӣ хидмат хоҳанд кард.
Дар доираи ин форум намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳое низ барпо гардид, ки ба он занон роҳбарӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷагириҳои форуми байналмилалӣ Занон – пешвоёни Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак ва барои ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувори байни занҳо – соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон “Харитаи роҳ” қабул гардид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.