Ислоҳоти солҳои охир ба рушди минбаъдаи сохторҳои давлатӣ ва ҳуқуқии Ӯзбекистон такони пурқувват бахшид.
Ислоҳот дар дигаргуниҳои васеъмиқёси соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҳаёти давлат зоҳир гардид. Имрӯз маълум шуд, ки ин тағйирот бояд дар Қонуни асосии мамлакат ба таври қонунӣ мустаҳкам карда шаванд. Вобаста ба ин, масъалаи навсозии Конститутсия ба миён омад, ки он натанҳо дигаргуниҳои анҷомдодашударо инъикос созад, балки дастуру ҳадафҳои наверо, ки дар шароити замонавӣ дар назди ҷомеа қарор доранд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам намояд.
Натиҷаи кори диққатталаб дар болои лоиҳаи Қонуни конститутсионии кишвар оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳаллаҳо муҳокимаи умумихалқӣ гузаронда шуд. Муҳокимаи умумихалқии лоиҳа ба такмил додан ва ғанӣ гардондани мазмуни лоиҳаи қонун мусоидат кард. Дар маҷмӯъ, вобаста ба тағйироту иловаҳои воридшуда шумораи моддаҳои Қонуни асосӣ, ки дар лоиҳаи таҳрири нави Конститутсия инъикос ёфтааст, аз 128 адад то 155 адад зиёд мешавад, ҳаҷми меъёрҳои Конститутсия — 65 фоиз тағйир меёбад.
Имрӯз лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба раъйпурсӣ гузошта шуда, тамоми аҳолии кишвар лоиҳаи қонунро фаъолона муҳокима мекунанд. Новеллаҳои конститутсионии баррасишуда ба таҳкими ҳуқуқии хусусияти демократӣ, иҷтимоӣ ва дунявии давлати мо, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудаанд. Ба тариқи конститутсионӣ муфассал гардондани вазифаи давлат бобати эътироф, риоя кардан ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон моҳияти навсозии Конститутсия, бо механизму расмиёти мукаммали ҳуқуқӣ ғанӣ гардондани мазмуни он мебошад.
Ба тамоюлҳои рушди замонавии конститутсионии кишвар азнавташкилдиҳии модели танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии муносибатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, самти Конститутсия ба арзишҳои инсондӯстона; дар он мустаҳкам намудани хусусиятҳои нави давлат ва ғайраро нисбат додан мумкин аст.
Моҳият ва аҳамияти навовариҳои конститутсиониро ба таври зайл тавсиф кардан мумкин аст. Ислоҳоти конститутсионӣ ба он нигаронида шудааст, ки парадигмаи тафаккур ва тамоюлҳои фаъолият дар низоми идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир дода, дар Ӯзбекистони Нав дар асоси муносибатҳо ба ҷои принсипи «давлат-ҷамъият-инсон» тамоюли «инсон-ҷомеа-давлат» гузошта шавад. Бояд гуфт, ки қариб ҳамаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия баъди қабули он дар соли 1992 ворид карда шудаанд, асосан ба масъалаҳои сохтмони давлатию ҷамъиятӣ, бахусус фаъолияти Президент, Парлумон, Ҳукумат, низоми интихоботӣ ва ғайра дахл доштанд.
Дар навбати худ, беш аз нисфи меъёрҳои пешниҳодшуда дар таҳрири нави Конститутсия ба таҳкими кафолатҳо ва тақвияти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудаанд. Тамоми асосҳои зарурӣ вуҷуд доранд, ки ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон бо боварӣ гуфта метавонад: «Ин Конститутсияи ман аст», зеро он манфиатҳои тамоми табақаҳои аҳолиро ифода мекунад.
Дар Конститутсия тамоми аломатҳои давлати ҳуқуқ-бунёд инкишоф дода шудааст, ки дар он ҳокимият бояд дар амалҳои худ бо қонун маҳдуд карда, ба иродаи халқи соҳибихтиёр тобеъ карда шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин кунад. Механизмҳои конститутсионии таъмини волоияти Конститутсия ва қонун, ҳамчун гарави муҳимтарини навсозии демократии кишвар, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба таври назаррас таҳким ёфтааст. Ҳуқуқи бевосита ба Суди конститутсионӣ бо шикоят дар бораи мувофиқати Қонуни конститутсионӣ муроҷиат кардани шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, ки нисбати онҳо аз рӯи парвандаи мушаххас суд истифода бурдааст, ки баррасиаш дар суд ба охир расидааст ва агар ҳамаи дигар воситаҳои ҳифзи судӣ барбод рафта бошанд, мустаҳкам карда шудааст.
Механизмҳои боэътимоди ҳифзи ҳуқуқи шахс ва шаҳрванд, ки қариб тамоми усулҳои замонавии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқвайронкуниҳои қонунро аз ҳар гуна худсарии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар худ таҷассум намудааст, мустаҳкам карда шудаанд. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла бо роҳи дар сатҳи конститутсионӣ таҳким додани институтҳои аз тарафи умум эътирофшудаи «Хабеас корпус» ва «Қоидаҳои Миранда» ба таври назаррас тақвият ёфтаанд.
Принсипҳои сиёсати хориҷии давлат, ки дар Қонуни асосӣ ифода ёфтаанд, бо нуқтаи «Бутунии территориявии давлатҳо» бо таърифи «сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷӣ» ҳамчун вектори асосии тараққиёти мамлакати мо пурра карда мешавад.
Дар Конститутсия нишонаҳои давлати иҷтимоӣ инкишоф ёфтааст, ки сиёсати он ба қарор ёфтани тамоюли адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ, ноил шудан ба сифат ва сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандон, расонидани кумак ба ниёзмандон нигаронида шудааст. Меъёрҳое, ки ба дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, рафъи нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷамъият, муҳайё кардани шароити муносиби зиндагӣ, пурзӯр намудани масъулияти иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон, то ки касе аз эътибор дур намонад, нигаронида шудаанд, мустаҳкам карда мешаванд. Бори аввал ҳуқуқи ҳар кас ба манзил муқаррар карда мешавад. Миқдори нафақа, кумакпулӣ ва дигар намудҳои кумаки иҷтимоӣ, ки қонун муқаррар кардааст, мустаҳкам карда мешавад ва онҳо аз хароҷоти камтарини расман муқарраршудаи истеъмолӣ кам буда наметавонанд.
Барои баланд бардоштани нақш ва самарабахшии парлумон, мақбулсозии фаъолияти ҳар як палатаҳои Олий Маҷлис, инчунин бартараф кардани паралеллизм дар фаъолияти онҳо, мақоми онҳо комилан нав гардида, ваколатҳояшон тақвият меёбанд. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо Конститутсияи амалкунанда доираи ваколатҳои истисноии Палатаи қонунгузорӣ васеъ карда шуда, шумораи онҳо аз 5 ваколат ба 12 ва шумораи ваколатҳои истисноии Сенат аз 14 ваколати феълӣ то ба 18 адад расонида шуд.
Бо назардошти амалиёти ҷаҳонӣ шумораи аъзои Сенат оптимизатсия карда шуд. Акнун ба ҷои сад сенатор 65 нафар мешавад, ки аз ҳар минтақа аз ҳисоби вакилони мақомоти намояндагии маҳаллӣ 4 нафарӣ иборат аст ва 9 сенаторро Президенти кишвар таъин мекунад. Ба назар гирифта шудааст, ки аз 83 парламенти дупалатагии дунё шумораи сад нафар аъзои палатаи болоӣ ва сенаторони бештар танҳо дар 23 кишвар мавҷуд аст.
Минбаъд баррасӣ ва тасдиқ намудани номзадии Сарвазир, танҳо дар шакли ваколати истисноӣ ба Палатаи қонунгузорӣ мегузарад. Як қатор ваколатҳои назоратии Сенат (назорати иҷрои Буҷаи давлатӣ, шунидани маърӯзаи ҳарсолаи Девони Вазирон, шунидани ҳисоботи Сарвазир оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ғ.) ҳамчун ваколатҳои истисноӣ ба Палатаи қонунгузорӣ дода мешавад.
Навоварии бузург барои амалияи парлумони Ӯзбекистон ба Сенат додани ваколати иҷрои вазифаи парлумон оид ба қабули қонунҳо (ба ғайр аз Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ) дар давраи мавқуфияти муваққатии Палатаи қонунгузорӣ, ки дар натиҷаи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои он (пароканда шудан) ба вуҷуд омадааст, ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи ворид шудани иловаҳои конститутсионӣ вазифаи назоратии Сенат барои фаъолияти мақомоти назораткунанда, ҳифзи ҳуқуқ ва хидматҳои махсус хеле пурзур мегардад. Аз ҷумла, тартиби аз ҷониби Сенат маъқул донистани аз ҷониби Сарвари давлат таъин кардани Прокурори генералӣ ва раиси Палатаи ҳисоб, инчунин машварати Президенти кишвар бо Сенат оид ба номзадии раиси Хидмати бехатарии давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Дар доираи такмил додани механизми тафтиш ва мувозинат дар системаи ҳокимияти давлатӣ ҳар ду палатаи парламент салоҳияти пароканда кардани худро доранд, ки қарор дар бораи он мутаносибан бо аксарияти овози на камтар аз 2/3 шумораи умумии аъзоёни палата қабул карда мешавад. Ваколатҳои назоратии палатаҳои Олий Маҷлис, аз ҷумла бо роҳи мустаҳкам намудани ваколатҳои гузаронидани тафтиши парлумонӣ васеъ мегарданд. Бо мақсади пурзӯр намудани функсияи назоратии нақши парлумон тартиби ҳар сол шунидани Маърӯзаи миллӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҷорӣ карда мешавад.
Низоми ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба куллӣ тағйир меёбад. Якҷоя кардани вазифаҳои ҳокими вилоят, ноҳия, шаҳр бо вазифаи раиси Шӯрои депутатҳои халқ бекор карда мешавад. Акнун ба мақоми намояндагии маҳаллӣ раиси мустақил, ки аз ҳисоби депутатҳои он интихоб мешавад, роҳбарӣ хоҳад кард. Ваколатҳои назоратии Шӯро, аз он ҷумла оид ба шунидани ҳисоботи сарвари ҳокимияти маҳалии иҷроия ва дигар шахсони мансабдор васеъ мегардад.
Бори аввал дар сатҳи конститутсионӣ ваколатҳои ҳокимони ҳамаи сатҳҳо оид ба татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологии ҳудудҳо, инчунин ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллӣ ва ғайра мустаҳкам карда шудаанд.
Дар маҳалҳо тақсим карда шудани ҳокимияти иҷроия ва намояндагӣ асоси ислоҳоти амиқи тамоми системаи идораи давлатӣ дар мамлакат мегардад.
Мақоми Девони Вазирон ба таври назаррас тағйир меёбад, масъулияти он дар назди Президент ва Олий Маҷлис пурзӯр мегардад. Ҳамин тариқ, муқаррар шудааст, ки Девони Вазирон фаъолияти худро дар доираи самтҳои асосии фаъолияти ҳокимияти иҷроия, ки Президент муайян кардааст, амалӣ менамояд. Ҳамзамон, тартибе, ки тибқи он номзадии Сарвазирро ҳизбе, ки дар интихобот шумораи бештари курсиҳои парлумонро ба даст овардааст, ба баррасии Президент пешниҳод менамояд, бекор карда мешавад. Ба ҷои ин, бо назардошти таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ тартиби таъини Сарвазир ва аъзои Ҳукумат аз ҷониби Сарвари давлат бо тасдиқи Палатаи қонунгузорӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, номзадии Сарвазирро Президент баъди машваратҳо бо ҳамаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар палатаи поёнӣ намоянда доранд, пешниҳод мекунад.
Ин тағйирот ба васеъ намудани иштироки палатаи поёнии парлумон дар ташаккули Ҳукумат нигаронида шудааст, зеро дар тафовут аз тартиби ҳозира, тартиби нави таъини Сарвазир имкон медиҳад, ки фикри фраксияҳои ҳизбҳои сиёсие, ки дар палатаи поёнӣ намоянда доранд, ба инобат гирифта, ҳамфикрии қувваҳои сиёсиро дар парламент боз ҳам демократитар инъикос намояд. Қоидае ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он аз ҷониби парлумон се маротиба рад карда шудани номзадҳои ба мақоми Сарвазир пешниҳодшуда ба Президент имкон медиҳад, ки Сарвазирро таъин кунад ва Палатаи қонунгузориро пароканда намояд.
Дар баробари ин, салоҳият ва вазифаҳои Ҳукумат, масъулияти он барои ҳалли вазифаҳое, ки дар назди он дар соҳаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, суботи макроиқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва ғайра қарор доранд, хеле васеъ мегардад. Вазифаҳои Ҳукумат оид ба таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият, қонуният ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани сифат ва дастрасии хидматрасониҳои давлатӣ, таъмини фаъолияти пурсамари системаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз он ҷумла, маъюбон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дақиқ карда мешавад.
Умуман, тағйироти конститутсионӣ ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ, инчунин таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои онҳо нигаронида шудааст. Ба ислоҳҳои мазкур метавон ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳо дод. Қабули таҳрири нави Конститутсия барои боз ҳам баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ, тезонидани тараққиёти давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ дар асоси принсипи «Баҳри шаъну шарафи инсон» заминаи мустаҳкам мегузорад.
Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.