АҲОЛӢ ОСУДА ВА ВАЗЪИ ЭПИДЕМИОЛОГӢ БАРҚАРОР АСТ

Ҳамон рӯз дар ҷамъомади навбатӣ Манучеҳр Аҳрорӣ роҷеъ ба ҳуҷҷатҳои иловагии қабулшуда, ки таъмин намудани ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз пахши сирояти коронавирус дар миёни аҳолиро мақсад қарор додааст, ба ходимони Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологӣ маълумоти мухтасар.

Ҳамон рӯз дар ҷамъомади навбатӣ Манучеҳр Аҳрорӣ роҷеъ ба ҳуҷҷатҳои иловагии қабулшуда, ки таъмин намудани ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз пахши сирояти коронавирус дар миёни аҳолиро мақсад қарор додааст, ба ходимони Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологӣ маълумоти мухтасар.
– 26 марти соли равон қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагии пешгирӣ намудани васеъ паҳн шудани инфексияи коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” содир шудааст, ки барои фаъолияти мо ҳамчун дастуруламал хизмат мекунад. Комиссияи махсуси ҳукуматӣ оид ба пешгирӣ аз пахши коронавирус аз ҷиддӣ будани вазъият дар саросари мамлакат, аз ҷумла вилоят ва ноҳияи дурдасти мо низ шаҳодат медиҳад, – гуфт Манучеҳр Аҳрорӣ.
Вай афзуд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пахши сирояти коронавирус дар миёни аҳолии ноҳия ходимони ӯ бояд тамоми қувва ва малакаву маҳорати худро сафарбар намоянд, зеро ин тақозои давру замон аст. 
– Ҳар кадоми шумо дар ҳудуди таҳти назорати худ масъул ҳастед, ки корҳои ба нақша гирифтаамон зуд ва бо сифати баланд иҷро шаванд. Имрӯз тибқи нақша як гурӯҳ дезинфексия намудани кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия, аз ҷумла дохили бозори деҳқонӣ, саҳни идораву муассисаҳо, ошхонаву мағозаҳоро ба охир мерасонанд. Ҳама ба он нукта аҳамияти хоса диҳед, ки одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб нагарданд, саломатии худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд. Вазифаи мо таъмин кардани барқарории ҳолати санитариву эпидемиологӣ, осоиши аҳолии ноҳия ва нигоҳ доштани муҳити солим мебошад, – таъкид кард  Манучеҳр Аҳрорӣ.
Бешак, воридшавии дигаргуниҳо ба Қонун “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҷиноӣ, ҷиноию протсесуалӣ, ҳамчунин кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар давраи пандемияи коронавирус хеле муҳим мебошад. Он масъулият ва ҷавобгарии ҳар як роҳбари идораву муассиса ва ташкилот, ҳамчунин шаҳрвандони кишварамонро низ афзудааст.
Дар ин рӯзҳо ходимони Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологии ноҳияи Сӯх хеле серкору сертараддуданд. Талош ба харҷ дода мешавад, ки барои мӯътадил нигоҳ доштани вазъияти санитарию эпидемиологӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар карда шаванд.
– Кормандонамон 4 ҳазору 404 хонаводаи ноҳияро дезинфексия карданд. Майдони умумии таҳти назорати доимӣ ва иҷрои корҳои дезинфиксионӣ 2 миллиону 951 ҳазор метри мураббаъро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 23 муассисаи таълими томактабӣ, 27 мактаби таълимоти умумӣ, 89 ташкилоти давлатӣ, 179 дукони тиҷоратӣ, 1 ҳазору 768 мошини шахсиро пурра дезинфексия карда баромадем, – мегӯяд М. Аҳрорӣ.
Барои пешгирӣ ва муайян намудани бемории коронавирус 1 ҳазору 579 нафарро мавриди таҳлилу ташхис қарор додаанд. 
– Яке аз ҷиҳатҳои асосии кори моро пиёда кардани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ташкил мекунад. Бар ин асос ходимони Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз барномаҳои телевизиони маҳаллӣ ва воситаҳои дигари иттилоотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус, усулҳои дар хона табобат намудани гумонбарони ин беморӣ, бидуни зарурат ба кӯчаву бозор набаромадани аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшидаем, – изҳор кард ӯ.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар байни аҳолии 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия 8 ҳазору 654 дона буклет тақсим карда шуд, ки дар он роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Дар айни ҳол 432 нафар сокинони деҳаҳо дар шароити хона давраи карантинро паси сар мекунанд. 14 нафар дар шӯъбаи махсуси бемориҳои сироятӣ муолиҷа мегиранд.
– Дар айни ҳол бо боварӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи бастани роҳи равуо ба маркази вилоят, дидани чораҳои зиёди эҳтиётӣ дар ноҳияи мо ягон нафар ба вируси ин беморӣ сироят нашудааст. Мо ҳамин ҳолатро бояд то охир идома диҳем. Силоҳи асосии мо аз тарғибот беш кори дигар нест! – мегӯяд мусоҳиби мо.
Дар ин шабонарӯзи пуртаҳлука ва барои тамоми мардуми олам мушкил 28 нафар ходими Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологии ноҳия мисоли Ҳафизхон Раббеев, Ҷамбул Гадоев, Венера Эгамбердиева, Зайнура Мамаҷонова, Шаҳобиддин Гадойбоев, Фарҳод Шодиев, Сайидҷон Мирзоҷонов, Луқмон Исоев, Мӯминҷон Холбоев, Абдуманнон Мухторов, Сардор Аъзамҷонов ва Савриддин Савриддинов барои ҷилавгирӣ аз пахши ин балои ногаҳонӣ дастаҷамъона ҷаҳду ҷадал менамоянд. Аммо ҳувайдост, ки баъзан дастрасу интиқоли дорувор, мавод ва таҷҳизоти зарури тиббӣ аз маркази вилоят барои ин ноҳияи эксклав як қатор мушкилиҳои худро низ эҷод мекунад.
– Ноҳияи мо аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад. Бо тақозои кору вазифа лозим меояд, ки бо гузаштан аз посгоҳҳои марзӣ ва як қатор шаҳраку деҳоти ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти ин кишвари ҳамҷавор ба маркази вилоят рафта меоем. Дар аснои он бо марзбонону гумрукчиёни ҷониби қирғиз мулоқот мекунем, шиносномаҳои худро нишон медиҳем, маводи интиқолиро аз назорат мегузаронем. Бори охир, вақте ки маводи тиббии мавриди ниёзи мардуми ноҳияро интиқол додам, каме худро бад ҳис кардам, – мегӯяд Манчеҳр Аҳрорӣ.
Вай илова кард, ки фавран худро дар шӯъбаи махсуси бемориҳои сироятӣ бистарӣ намуд ва аз муоинаи духтурон гузашт. Хушбахтона, баъди 14 рӯзи карантин маълум шуд, ки ба ҷисму ҷони ӯ вирус сироят накардааст, балки зимни равуо ва мушкилоти роҳ андак шамол хӯрдааст.
Бо фармони Президент дар қатори як гурӯҳ ходимони тиб Аҳрорӣ низ барои саҳмаш дар пешгирӣ аз сирояти пандемияи коронавирус бо медали “Шуҳрат” сарфароз гардид. Вай мегӯяд, ки ин қадршиносии сарвари давлат масъулияти ӯ ва ҷамъи ходимони Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологии ноҳияро дучанд намуд.
Вай баъди бомуваффақият хатм кардани мактаби рақами 13-и ноҳия ба бахши фарғонагии Академияи тиббии Тошканд ҳуҷҷат супурд. Соли 2007 таҳсил ба охир расонд ва ба ҳайси ходим дар Стансияи беҳдошти санитарию эпидемиологии ноҳия ба кор пазируфта шуд. Муддати дароз таҷриба андӯхт ва маҳорату малакаашро такмил дод.
Соли гузашта сардори садорати СБСЭ-и вилоят ӯро ба мақоми сарварии идораи ноҳиявии он сардор тайин кард. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ М.Аҳрорӣ вазифаи бар дӯш доштаашро сарбаландона анҷом медиҳад.
– Дар ин шароити пандемия моро лозим меояд, ки ҳушёру зирак бошем, сабру таҳаммул ва бурдбориро пеша намоем. Дар он сурат устуворона ин рӯзҳоро паси сар хоҳем кард ва ба рӯзҳои орому осуда дубора хоҳем расид.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: