РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ...

Аз субҳи солеҳони рӯзи ҷумъа аҳли фарҳанг, шоирону нависандагон, донишҷӯёну устодони факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, муаллимони забон ва адабиёт, мухлисони каломи бадеъ дар назди муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки воқеъ дар кӯчаи ба номи ӯст, ҷамъ омаданд, ки дар чорабинии ҷашни 1165-умин солгарди Одамушшуаро ширкат варзида, аз ҳикматҳои аллома баҳраманд шаванд.

Ба анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ сардабири рӯзномаҳои «Зарафшон»  ва «Самаркандский вестник», сенатор Фармон Тошев  ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба  профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ  Саъдиев  дод.
– Рӯдакии Самарқандӣ пурмаҳсултарин эҷодкори бузурги мо  мебошад, – иброз дошт  нотиқ, – агар  мо ба  мероси  адабии ӯ бо диққат назар  афканем, хеҷ  як эҷодкорро пайдо карда  наметавонем, ки  мисли вай сермаҳсул  бошад. Сарчашмаҳои таърихӣ миқдори ашъорашро то  як  миллиону  300 ҳазор байт  дониста, маҳсули  адабии  ӯро сад  ҷилд  нишон  додаанд. Шоири  маъруфу машҳур Рашидии  Самарқандӣ (асри XII) миқдори осори Рӯдакиро чунин  тасвир мекунад:
Гар сарӣ  ёбад ба  олам  кас ба  
некушоирӣ, 
Рӯдакиро  бар  сари он  шоирон 
зебад  сарӣ,
Шеъри  ӯро баршумурдам сездаҳ  
раҳ сад  ҳазор, 
Ҳам  фузун  ояд агар чунонки  бояд 
бишмарӣ.
Боиси ифтихор аст, ки Рӯдакии ташнаи  илму дониш ба  Самарқанд  рӯ  оварда, дар  мадрасаҳо  таълим  гирифта, эҷодиёташ сайқал  ёфт. Бо ташаббус ва ҷонибдории  равшанфикрон  яке аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд  номи  ӯро  гирифт. 
Инчунин дар  ин гирдиҳамоии бошукӯҳ сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд»  Баҳодури Раҳмон, раиси вилоятии  иттифоқи  нависандагони  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Тошпӯлод  Тугалов, раиси маркази  фарҳангии  тоҷикони  Самарқанд Акбар Махмудов, шоира Дилшодаи  Фарҳодзод ва дигарон  ба сухан баромада, доир ба паҳлӯҳои гуногуни осори гаронбаҳои шоир ҳарф заданд.
Ҳофизони номдори водии  Зарафшон  Асадулло Атоуллоев ва  Мардони Мавлон  аз  осори Рӯдакӣ  сурудҳои дилошуб хонда,  таъби  ҳозиронро  болида сохтанд. 
Баромади ҷонишини ҳокими вилоят  Хуршед  Очилов ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: