Дар таърихи инсоният санаҳои хотирмоне, ки боиси эътибор бошанд, зиёданд.
Дар таърихи инсоният санаҳои хотирмоне, ки боиси эътибор бошанд, зиёданд.
Яке аз муҳимтарини онҳо ба 10 декабри соли 1948 рост меояд, ки Ассамблеяи генералии СММ Баённомаи умумии ҳуқуқи инсонро эълон карда буд.
Бо вуҷуди он ки баённома ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор намеравад, равандҳои асосии он, ҳуқуқ ва озодӣ, ки ба сифати ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон эътироф шудаанд, дар қонунгузории миллии мамлакатҳои ба ин ҳуҷҷати байналмилалӣ ҳамроҳ шуда акси худро пайдо мекунад.
Боиси таъкид мебошад, ки Ӯзбекистон ба Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон моҳи сентябри соли 1991 дар соли дарёфти истиқлолияти давлатии худ ҳамроҳ шуд.
Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар доираи ҳамкориҳои байналмиллии соҳаи мазкур низ аҳамияти афзалиятнок доранд. Моҳи октябри соли 2020 Ӯзбекистон узви Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон – мақомоти бонуфузи байниҳукуматии низоми СММ гардид, ки бояд ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар тамоми олам таъмин намояд. Соли 2020-ум Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқи инсон қабул шуд, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании соҳаҳои рушди устувор нигаронида шудааст. Такмил додани механизмҳои имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон низ дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи қонун афзалиятнок муайян гардид.
Бозсозии тарзи танзими конститутсиониву ҳуқуқии муносибати тарафайни шахс, ҷамъият ва давлат, ба ҳувиятҳои инсонпарварӣ мувофиқ сохтани Сарқонун, дар он сабт намудани ҷиҳатҳои нави давлат ва ғайраро метавон аз анъанаҳои рушди замонавии конститутсионии Ӯзбекистон ҳисобид. Дар шароити трансформатсияи муносибатҳои тарафайни байни шаҳрвандон ва давлат зарурияти сабти конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон барои сарпур сохтани зарар аз ҷониби давлат, ки бинобар ҳаракатҳо (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор расонида шудааст, ҷиҳати муҳим пайдо мекунад. Зеро маҳз дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёси сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, мушкилот дар соҳаҳои воқеан таъмин сохтани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ошкор гардиданд.
Тағйир додани маслаки пешинаи «давлат – ҷамъият – инсон» ба нави он: «инсон – ҷамъият – давлат», дар қонунгузории конститутсионӣ ва таҷрибаи конститутсионӣ сабт намудани он ба сифати яке аз самтҳои бартариноки ислоҳоти конститутсионие муайян карда шудаанд, ки аз ҷониби роҳбари мамлакат омода шудааст.
Меъёрҳои Қонуни асосӣ дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронида шудаанд, ки кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва шарафи инсон, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳбуди иқтисодӣ мебошанд.
Дар байни навгониҳои муҳимтарини дар Сарқонун сабтшуда – манъи ҷазои қатл, истифодаи қоидаи Миранда, кафолат ба ҳуқуқи гумонбар, айбдор ё худ маҳбус мебошанд, ки дар институти Ҳабеас корпус ва ғайра инъикос ёфтаанд. Бояд пешрафти ҷумҳуриро дар кори таъмин сохтани баробарии гендерӣ, коҳиш ёфтани миқдори ашхоси бидуни шаҳрвандӣ, аз байн бардоштани меҳнати кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ, рушди идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин сохтани озодии сухан махсус қайд кард. Чунончи, кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гумонбар, айбдор ва маҳбус, ки дар қонунгузории дарамали ҷиноиву протсесуалии то замони эътироф истифода мешаванд, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз ин ҷумлаанд. Ҳамчунин ба зиммаи мақомоти давлатӣ ва мансабдороне, ки барои ҷараёни тафтиши ҳақиқии парвандаи ҷиноӣ масъул мебошанд, вазифа ва ӯҳдадориҳои иловагӣ гузошта шудаанд.
Дар Ӯзбекистон институтҳои Омбудсман (Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон), Вакили Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмани кӯдакон), Вакили назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ (Омбудсмани тиҷоратӣ) ва ғайра таъсис дода шудаанд.
Дар Сарқонуни таҳрири нав меъёрҳои байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшуда, ки рушди минбаъда ва мушаххасиашонро дар қонунгузориҳои соҳавӣ: кодексҳои шаҳрвандӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, ҷиноӣ ва ғайра пайдо мекунанд, сабт ёфтаанд.
Дар мамлакати мо ҷараёни муттасили ба низом овардани қонунгузорӣ, навсозии он бо ибтидои куллан дигар, ки ба рушди иқтисодиёти бозаргонӣ, ташаккул ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ, истиқрор ва мустаҳкам гардидани давлати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, идома дорад.
Метавон гуфт, дар назди Ӯзбекистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст, дар соҳаи эҷоди қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пешомадҳои васеъ боз мегарданд. Мушкилоти ворид кардани меъёрҳои байналмиллӣ дар соҳаи қонунгузории миллӣ аз нуктаҳои асосиест, ки мавриди эътибори давлат қарор мегирад. Вобаста ба ин мамлакат хеле пеш рафт.
Ҳуқуқ барои таълим аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосӣ ва мушаххаси озодии инсон буда, дар Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигар акси худро пайдо кардааст. Бинобар меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ таълими асосии умумӣ ҳатмӣ мебошад, зеро бидуни он эътидоли иҷтимоии инсон дар ҷомеаи кунунӣ ғайриимкон аст. Дар Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон эълом шудааст, ки «Ҳар як инсон барои таълим гирифтан ҳуқуқ дорад. Таълим бояд ҳадди ақалл барои таълими ибтидоӣ ва умумӣ ройгон бошад. Таълими ибтидоӣ бояд ҳатмӣ гардад. Таълими техникӣ ва касбӣ бояд дастраси умум бошанд, ҳамчунин таълими олӣ бояд барои ҳама дар пояи иқтидори ҳар кас як хел дастрас гардад». (моддаи 26-уми Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон).
Тӯли солҳои сипаришуда барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани давраи нави ислоҳоти дар тамоми соҳаҳои таълими Ӯзбекистон асосҳои ҷиддӣ гузошта шуданд, зеро бозсозии мамлакат ба бозсозии таълим, навсозии мазмуну муҳтавои он такя мекунад. Дар доираи низоми таълими давлатмуқаррарнамуда инсон шакли таълимро худаш интихоб мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои таълими худро татбиқ менамояд. Дар амал фароҳам овардани кафолатҳои мухталиф ва самарабахши ҳуқуқ барои таълим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ӯзбекистони кунунӣ мегардад.
Қоидаҳои баённома дар бобати он ки оила узви асосии ҷамъият ба шумор меравад ва ҳуқуқ дорад, аз ҷониби ҷомеа ва давлат ҳифз карда шавад, дар қисми якуми моддаи 76-уми Сарқонуни таҳрири нав, ҳамчунин дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сифати меъёри асосӣ сабт гардидаанд.
Қоидаҳои баённома дар бораи он ки модару кӯдак ба нигоҳубини махсус ҳуқуқ доранд, тамоми кӯдаконе, ки бо ақди никоҳ ё худ ғайри ақди никоҳ таваллуд шудаанд, бояд аз ҳифзи иҷтимоии якхела бархурдор бошанд, низ дар Сарқонуни мо сабт ёфтаанд. Дар Қонуни асосии ҷумҳурӣ мушаххас гардидааст: «Кӯдакон новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва ҳолати шаҳрвандии волидайн дар назди қонун баробаранд». Модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ низ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кафолати ҳуқуқи кӯдак» ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ буда, бори аввал дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак қабул гардид ва аз 8 январи соли 2008-ум эътибор пайдо кард. Асоси ҳуқуқии он Баённома дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки соли 1989 аз ҷониби давлатҳои аъзои ҷомеаи байналмилалӣ қабул шудааст.
Дар моддаи 7-уми баённома омадааст: тамоми одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳама гуна тафриқа, ба ҳифзи қонунии баробар ҳуқуқ доранд. Ин маънои онро дорад, ки қоидаҳои ҳуҷҷати мазкур ҳамчун меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои миллии давлат барои ҳама ягонаанд, дар назди онҳо ҳама, бидуни ягон тафриқа: нажод, миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, сиёсӣ ва ғайра, баромади иҷтимоӣ, вазъи молу мулк, мансаб ё худ мавқеи дигар баробар мебошанд. Ба ҳама барои ҳифзи манфиатҳои худ, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳифозати судӣ ҳуқуқи якхела пешниҳод карда мешавад.
Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба тамоми шаҳрвандони он, новобаста аз миллат, мақоми иҷтимоӣ, баромади нажодӣ ё худ динӣ ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар пешниҳод мегардад, ки он дар Қонуни асосии мамлакат сабт шудааст. Муносибатҳои байнимиллӣ дар Ӯзбекистони кунунӣ дар пояи сиёсати миллии давлат бунёд меёбад, ки он дар кишвари таърихан сермиллат ба сифати омили мусоиди рушди иҷтимоиву иқтисодии вай, ки манбаи ғановати маънавиву зеҳнии тамоми миллат ва халқиятҳоест, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд, шароити мусоид барои қаробати ҷумҳурӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Моддаи 8-уми Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон мефармояд: «Ҳар як инсон барои истиқрори самарабахш дар ҳуқуқи судҳои бонуфузи миллӣ дар мавриди вайрон гардидани асосҳои ҳуқуқии он, ки ба ӯ аз ҷониби Сарқонун ва қонун пешниҳод шудаанд, ҳуқуқ дорад». Ин меъёрҳо ба моддаи 55-уми Сарқонуни Ӯзбекистон куллан мувофиқат мекунанд.
Дар боби 4-уми моддаи 9-уми Ҳуҷҷати байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 16 декабри соли 1966 қабул шудааст, гуфта мешавад: «Ҳар шахсе, ки аз тариқи ҳабс ё таҳти назорат нигоҳ доштан аз озодӣ маҳрум гардидааст, барои баррасии парвандаи ӯ дар суд ҳуқуқ дорад, то ки суди мазкур зуд бобати боздоштан ва ҳукм баровардан дар бораи озодкунии ӯ, агар боздошт ғайриқонунӣ бошад, қарори дахлдор бароварад». Бинобар он ки меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба низоми қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сарқонун ворид карда мешаванд, нуфузи онҳо эътироф мегардад, ҳуқуқ барои ҳифзи манфиатҳои худ бояд васеъ ва ҳамаҷониба таъмин гардад.
Тавре ки маълум аст, аз замони қабули Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон СММ мунтазам ба ҳукумати давлатҳо бо даъвати ҷомеаро аз ҳуқуқи инсон воқиф кардан, матни ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар муассисаҳои таълимӣ паҳн намудан муроҷиат мекунад.
Дар доираи раванди Хелсинки эътироф гардид, ки маълумот оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Ва хеле муҳим аст, ки шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ки дар қонунгузории миллӣ ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ сабт шудаанд, хабардор карда шаванд.
Баланд бардоштани ҳуқуқи инсон ба сиёсати давлатии кишвари мо низ хос буда, барои ҳаллу фасли он ба барномаҳои муассисаҳои гуногуни таълимӣ фанни «Ҳуқуқи инсон» ворид карда шуд. Барои рағбати рӯзафзун ба масъалаи мазкур, бо дарназардошти рӯзмаррагии он, зарурияти васеъ паҳн кардани дониш оид ба ин мавзӯъ ба тайёркуни кадрҳое, ки қодиранд дар ин соҳа бомуваффақият кор кунанд, эътибори махсус дода мешавад.
Қоидаҳои баённома барои таъмин кардани манфиатҳои инсон пешбинӣ гардидаанд, зеро дар ҳуҷҷат тамоми асосҳои ҳуқуқ ва озодӣ аниқ ва дақиқ инъикос шудаанд. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд қоидаҳои баённомаро донад, аз онҳо дуруст истифода барад, то ки зиндагии сазовор дошта бошад. Маҳз рушди озодонаи инсон, худшиносии вай, дарки моҳияти суннатҳои умумиинсонӣ гарави бунёди бомуваффақияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне шукуфоии минбаъдаи давлат ба шумор меравад.
Амонулло
МУҲАММАДҶОНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.