ДАР ҲИНДУСТОН ӮЗБЕКИСТОН БА РӮЙХАТИ ҲАФТ САМТИ БЕҲТАРИН БАРОИ САЁҲАТ ДАР СОЛИ 2024 ШОМИЛ КАРДА ШУД

Маҷаллаи махсуси ҳиндии «Travel Links» Ӯзбекисонро ба феҳристи ҳафт кишвари беҳтарин барои сайёҳӣ дар соли 2024 шомил кардааст.

Муаллифи мақола таҳти сарлавҳаи «Кашфи марворидҳои пурасрори Осиё. Ҳафт самти беҳтарин дар Шарқи Наздик ва берун аз он» менависад, ки муҳаррирони нашрия ҳафт гавҳари пинҳониро барои саёҳат дар соли 2024 тавсия медиҳанд. Ба туфайли он  шумо ба онҳо мафтун шуда, ба ҳайрат меафтед ва ба умқи фарҳанг, анъанаҳо ва манзараҳо ғарқ мешавед. «Аз кӯчаҳои пурғавғои бозорҳои Шарқи Наздик то воҳаҳои ороми Шарқи Дур – дурдонаҳои аз ҷониби мо интихобшуда водор месозанд, ки таҷрибаи сайёҳатамонро аз нав дида бароем» гуфта мешавад дар мақола.
«Ӯзбекистон: муъҷизаи Роҳи абрешим ва шаҳомати меъморӣ» – чунин сарлавҳа дорад бобе, ки ба иқтидори сайёҳии кишвари мо бахшида шудааст.
«Ӯзбекистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, шаҳодати зиндаи таърихи бой ва омезиши фарҳангӣ, ки дар Роҳи афсонавии абрешим гул-гул шукуфтааст, ба ҳисоб меравад», – таъкид мегардад дар маҷаллаи «Travel Links».
– Дар шаҳри дилфиреби Самарқанд майдони Регистон, маҷмаи ҳайратангези мадрасаҳои боҳашамат, ки рамзи бузурги меъмории Ӯзбекистон мебошанд, ҷойгир шудааст.
Баъдан муаллиф ба ғайр аз ҷойҳои ҷолиби диққати машҳур пешниҳод менамояд, ки саёҳатро аз гӯшаҳои кам омӯхташудаи шаҳри бостонӣ анҷом диҳед. Ин барои кашфи ганҷҳои ниҳоншуда, ки аҳамияти фарҳангӣ ва маърифатии шаҳрро, ки чорроҳаи рӯйдодҳои таърихӣ мебошанд,  инъикос мекунад.
«Саёҳатчиён метавонанд дар кӯчаҳои бостонии Бухоро сайругашт намуда, ба давру замонҳои гузаштаи дуру бостонӣ баргарданд ва ҳуввияти дурахшони фарҳангии Ӯзбекистонро, ки дар равандҳои рангину афсонавии таърихӣ ташаккул ёфтааст, кашф кунанд», – менигорад рӯзноманигори ҳиндӣ.
Ба назари ӯ шукӯҳи бостонии Бухоро замоне дида мешавад, ки сайёҳ дар бозорҳои пурғавғои он сайругашт мекунад ё аз мадрасаҳову масҷидҳои азизи он дидан мекунад – ин шоҳидони зиндаи таърих дар бораи  шаҳри марвориди Осиёи Миёна тасаввуроти амиқ медиҳанд.
«Дар Хиваи бостонӣ шумо осорхонаи «зинда»-и кушодро кашф хоҳед кард, ки дар он муъҷизаҳои меъморӣ, ки мероси бой ва нотакрори Ӯзбекистонро ташкил медиҳанд, ба намоиш гузошта шудаанд» , – менигорад муаллиф.
Дар мақола зебоии иморатҳои қадимаи Хива, инчунин ҳунари бардавом, ки аз имтиҳони асрҳо гузаштааст, нишон дода шудааст. Дар маҷалла таъкид меёбад, ки ғайр аз намуди зоҳирии ёдгориҳои меъморӣ метавон ба нақлҳои таърихие, ки дар деворҳои Хива нақш бастааст, ғарқ шуд. Чунин муносибат ба кашфи ҷаҳони ғании фарҳангӣ, ки дар ин шаҳри аҷиб боқӣ мондааст, мусоидат мекунад.

АИ «Дунё»,
ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: