Сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо мулоқот кард

16 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон Бахтиёр Саидов бо ноиби президенти комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои фаъолсозии дипломатияи иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор, таҳкими дипломатияи ҷамъиятӣ, инчунин рӯзномаи муштарак барои соли 2024-ро дар форматҳои Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: