Зани нафақахӯри 69-сола бо истифода аз як маҳсулот 30 кило вазн партааст

Зани канадагӣ Адри Лаш бо кумаки парҳези нав ва як маҳсулот аз 31 кило вазни зиёдатӣ халос шуд, менависад Kansas City Star.

Зани нафақахӯри 69-сола бар асари вазни зиёдатӣ ва бемориҳои буғумҳо бо мушкилоти мухталифи саломатӣ рӯ ба рӯ шуд.  Пас аз он ки усулҳои гуногуни парҳез натиҷа надоданд, Адри ба парҳези ба кето-парҳезҳои углеводҳояш паст рӯ овард.

Пас аз чанд моҳи риояи чунин парҳез, зан мушоҳида кард, ки мубодилаи моддаҳо беҳтар шуда, саломатиаш барқарор гардидааст.  Вале аз маҳсулоти нон даст кашидан барояш душвор буд.  Аз ин рӯ, Адри дар Интернет дастурҳои гуногуни нони камуглеводро ҷустуҷӯ кард ва нони зардобиро санҷид.

 Зане, ки дар парҳези муқаррарӣ нишаста, тарзи ҳаёти солим пеш бурд ва нони аз протеини зардоб тайёршударо истеъмол кард, дар 8 моҳ тавонистааст 31 кило вазн партояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: