ӮЗБЕКИСТОНИ КУНУНӢ ӮЗБЕКИСТОНИ ДИРӮЗА НЕСТ

Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 баланд бардоштани нақши кишвари мо ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати ҳадафи асосӣ муайян карда шудааст.

Дар пояи ин ҳуҷҷати барномавӣ Ӯзбекистон мустақимона сиёсати хориҷии ошкоро, барои тарафайн муфид ва мустақилро бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ татбиқ менамояд.
Натиҷаҳои назарраси мулоқоти муътадил ва доимии Ӯзбекистон бо кишварҳо – шарикон ва созмонҳои байналхалқӣ бинобар масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бо онҳо баргузор кардани вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷанба дар тамоми ҷаҳон эътироф ва дастгирӣ карда мешаванд.
Дар давраи сипаришуда кишвари мо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бинобар рушди муносибатҳои дӯстона ва муфиди тарафайн бо мамлакатҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя натиҷаҳои хубро ба даст овард. Бори аввал дар таърих Ӯзбекистон узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон интихоб гардид. Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва минтақавие, ки аз ҷониби сарвари Ӯзбекистон аз тариқи минбари баланди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегарданд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон мунтазам ва бо рағбати зиёд дастгирӣ карда мешаванд.
Бо кишварҳои пешқадами ҷаҳон бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар сатҳи стратегӣ ва бинобар вусъат додани шарикиву ҳамкорӣ муоҳидаҳо ба имзо мерасанд. Фаъолияти пурмаҳсули байналхалқии сарвари мамлакати мо моҳи майи соли равон мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Чунончи, бинобар натиҷаи сафари дурӯзаи Шавкат Мирзиёев ба Олмон, ки аввали соли равон ба вуқӯъ омад, 16 ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, молия, таълим, илм ва инноватсия ба имзо расиданд. Дар ҷараёни сафари давлатии роҳбари мамлакати мо ба ҶМЧ, ки 18 майи соли 2023 ба амал омад, Изҳороти муштараки сарони ду давлат, Барномаи маҷмӯии рушди шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2027 қабул гардиданд. Умуман, бинобар натиҷаи сафар ҷамъулҷамъ 41 ҳуҷҷат, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни ду мамлакат ва вусъат додани ҳамкориҳои амалӣ нигаронида шудаанд, имзо шуданд.
Сафарҳои расмии ба наздикӣ анҷомдодаи роҳбари давлати мо ба Италия ва Эрон, ҳамчунин натиҷаи сафарҳои давлатии Президенти Сингапур Ҳалима Ёқуб ва Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ ба кишвари мо низ пешрафти фаъоли мулоқоти байналхалқиеро, ки Ӯзбекистон амалӣ менамояд, собит месозанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.
Боз як ҷиҳати муҳими даврони кунуние, ки барои Ӯзбекистони Нав хос мебошад, ҳамоҳанг сохтани сиёсати пурмаҳсули дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад.
Тавре ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, кишварҳои Осиёи Марказиро афзалияти олии сиёсати хориҷии худ донистани мамлакати мо ҳамчун ҷараёни муҳими геосиёсӣ аҳамияти бузург касб намуд.
Алҳол дар Осиёи Марказӣ ҳамкории қарин дар соҳаҳои амният, тиҷорату иқтисодиёт, об, энергетика, нақлиёт ва маданияту инсонпарварӣ ба дараҷаи сифатан баланд бардошта шудааст.
Сиёсати ошкорои минтақавӣ ва дохилии Ӯзбекистон боиси ташаккул ёфтани воқеияти нави минтақавӣ гардид, ки аз як тараф сатҳи нави муносибатҳои мусбати байни кишварҳои минтақа, аз ҷониби дигар бо мамлакатҳои пешқадами ҷаҳонро мушаххас менамояд.
Алҳол Ӯзбекистон ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷамъомади Созмони давлатҳои туркӣ, ҳамчунин даҳҳо конфронсҳои байналхалқии сатҳи олиро дар худ баргузор намуда, ба яке аз марказҳои сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ҳамаи ин, бешубҳа, аз он шаҳодат медиҳад, ки нуфузи байналхалқии кишвари мо меафзояд. Он санад, ки Ӯзбекистон майдони бузурги минтақавии соҳаҳои зудривоҷёбандаи технологияи иттилоотӣ, сайёҳӣ, таълим ва тиб эътироф гардид, бидуни шубҳа, яке аз натиҷаҳои муҳими сиёсати ошкоро ба шумор меравад.
Миқёси фаъолияти мамлакати мо дар мақомот ва муассисаҳои СММ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии иқтисодӣ, молиявӣ ва инсонпарварӣ вусъат меёбад. Шаклҳои ҳамкорие, ки ба рушди муносибатҳои кишвари мо бо созмонҳои байналхалқии молиявӣ, кишварҳои Аврупо ва идораҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, об, энергетикӣ, нақлиёт ва маданиву инсонпарварӣ нигаронда шудаанд, дастгирӣ карда мешаванд. Бунёди байналхалқии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, ҳамчунин дигар созмонҳои байналхалқии молиявӣ ба барномаҳои ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав эътибори зиёд медиҳанд.
Дар бораи ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо сухан ронда, бояд қайд кард, ки ба шарофати сиёсати ошкоро ва мустақими хориҷии мамлакати мо мулоқот бо ИА дар тамоми дараҷаҳо хеле фаъолтар мешаванд.
Ба шарофати низоми сабукиҳои «ГСП+» ҳаҷми савдои Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо аз ибтидои сол анқариб 70 фоиз афзуд. Маҷмӯи лоиҳаҳои пешомадноки истеҳсолоти баландтехнологӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо ширкат ва бонкҳои пешқадами аврупоӣ беш аз 20 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи инсонпарварӣ ду лоиҳаи нодир дар ҳамкорӣ бо музейи Лувр воқеъ дар Париж ва Осорхонаи нав дар Берлин татбиқ гардиданд. Бори аввал дар ин марказҳои санъат мероси ғановатманди фарҳангиву таърихии Ӯзбекистон васеъ намоиш дода шуданд. Шубҳае нест, ки шарикони аврупоӣ минбаъд низ барномаҳои миллии рушди Ӯзбекистон ва стратегияи ислоҳоти бебозгашти онро дастгирӣ хоҳанд кард.
Зеро дар натиҷаи дигаргуниҳои куллӣ, ки шаш сол муқаддам оғоз ёфтанд, нуфузи мамлакат куллан тағйир ёфт. Сиёсати ошкоро, ки дар Ӯзбекистони Нав мустақимона татбиқ мегардад, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо, аз ҷумла дар фаъолияти кишварамон дар сатҳи байналхалқӣ натиҷаҳои баланд медиҳад. Ӯзбекистон дипломатияи иқтисодиро беш аз пеш мустаҳкам менамояд, ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо шарикони анъанавии худ бартарӣ дода, ҷуғрофияи робитаҳои хориҷиро вусъат медиҳад. Пеш аз он ки барои тасдиқи ин фикрҳо чанд мисол биоварем, бояд ислоҳоти мустақими мамлакати моро дар боби ҷорӣ намудани механизмҳои бозори озод, таъмин сохтани рақобати солим ва дахлнопазирии моликияти хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷорӣ кардани низоми самарабахши идораи давлатӣ ва дигар тағйироти мусбатро, ки ба фароҳам овардани қулаиҳои ҳарчи бештар барои тиҷорат нигаронида шудаанд,  қайд намоем, ки алҳол дар тамоми ҷаҳон эътироф карда мешаванд.
Бо шарофати сиёсати рӯшод ва мустақими хориҷӣ ва дар натиҷаи дигаргуниҳои васеи мусбат дар мамлакати мо, ҳамчунин саъю кӯшишҳои қатъӣ дар арсаи байналхалқӣ, рағбат ва эътимод ба Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, обрӯ ва нуфузи кишвари мо зиёд мегардад. Мамлакат дар рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ торафт боло меравад.
Дар Ӯзбекистон озодкунии иқтисодиёт, кушодани роҳи васеъ ба тиҷорат, таҳкими қонунмандӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ идома дорад.
Дар натиҷаи озодкунии низоми асъор, аз байн бардоштани монеаҳои дастёбӣ ба бозорҳои хориҷӣ муомилоти савдои хориҷӣ нисбати зиёда аз 7000 намуди ашёи хом ва молҳо ду баробар зиёд гардид.
Ҳамзамон бори андоз тақрибан 2 баробар коҳиш ёфт, маъмурияти андоз сода карда шуд ва дар минтақаи мо низоми самарабахши фискалӣ ташаккул ёфт, ки дар созмонҳои байналхалқӣ эътироф карда мешавад.
Бо шарофати афзудани эътимод ба ислоҳоте, ки дар ҳаёти мамлакати мо мунтазам ҷорӣ карда мешаванд, ҳаҷми солонаи сармояҳои хориҷӣ нисбати соли 2017-ум 3 баробар афзуд. Ба мақсади баромадан ба бозорҳои нав ҷараёни ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидани Ӯзбекистон тезонида мешавад.
Боз як ҷиҳати муҳим: дар мамлакати мо дар доираи ислоҳот низоми маҷмӯии кор бо сармоягузорон ҷорӣ гардид. Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар назди Президент ба мақсади сари вақт ҳаллу фасл кардани масъалаҳои сармоягузорон ва ба роҳ мондани робитаи бевосита бо роҳбари давлат кори худро оғоз намуд. Ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон пурзӯр гардид. Тартиби хариди амволи ғайриманқул, омадан ва буду бош дар Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷӣ хеле сода карда шуд.
Бинобар маълумоти Оҷонсии омор муомилоти савдои хориҷии Ӯзбекистон моҳҳои январ–майи соли 2023-юм 25,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбати то ҳамин давраи соли 2022-юм 5,2 миллиард доллар афзуд, ё худ 25,4 фоиз зиёд гардид. Дар сохтори муомилоти савдои хориҷии кишвари мо дар давраи зикршуда содирот 10,5 миллиард доллар, воридот бошад 15,3 миллиард долларро ташкил дод. Моҳҳои январ–майи соли 2023-юм Ӯзбекистон бо 182 мамлакати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошт.
Чунин мисолҳо зиёданд. Мутаассифона, ҳамаи онҳоро дар доираи як мақола наметавон фаро гирифт.
Тавре ки Президент  дар суханронии худ дар Шӯрои директорони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, ки моҳи майи соли равон дар Самарқанд баргузор гардид, изҳор дошт, Ӯзбекистон минбаъд низ ба пеш қадамҳои устувор мениҳад, аз роҳи рушди ошкоро ва устувор барнамегардад.
«Ӯзбекистони кунунӣ Ӯзбекистони дирӯза нест», таъкид кард роҳбари давлати мо.

Шуҳрат УМИРОВ,
шореҳи АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: