Маълум, ки воҳаи Сурхон аз азал ватани паҳлавонон ва чапандозҳои ҷасуру моҳир аст.
Аз ин ҷост, ки қариб дар ҳар хонадон чун рамзи ҷасорату шуҷоат асп мепоянд. Аспҳои зотӣ ҳам маҳз дар ҳамин ҷо парвариш меёбанд. Тӯйу тамошо, базму ҷашнҳо аксаран бо бузкашӣ мегузаранд. Анъанаи бузкашӣ аз навъҳои бозӣ ё худ варзиши миллӣ буда, мардуми мо аз қадимулайём ба он шуғл меварзанд, бо завқу шавқи беандоза онро тамошо мекунанд.
Алалхусус, ҳар сол ҳангоми таҷлили Наврӯз тамошои бузкашӣ ҳам баргузор мешавад. Ду сол инҷониб дар вилоят анъанаи бузкашӣ дар ҷашни Наврӯз ба мусобиқаи байналхалқӣ табдил меёбад. 26-27 марти соли равон низ дар «Мактаби маҳорати аспҳои Қарабойир», ки дар мавзеи Отчопари ноҳияи Тирмиз ҷойгир аст, сабқати байналхалқии бузкашӣ баргузор шуд. Дар он аспҳои тозӣ бо чапандозҳои моҳири Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд. Мусобиқа хеле пуршиддат ва тезутунд гузашт.
Дар он ҳар як ҷамоа барои ба даст овардани мукофот ва ҷоизаҳои қимматбаҳо мардонавор баҳсу талош намуданд. Дар рӯзи аввал онҳо баъди баҳсу талошҳои пуршиддат соҳиби мукофоти арзанда гардиданд, дар натиҷа ҷамоаҳое, ки ба нимфинал ва финал баромаданд, аниқ карда шуд. Барои ҷойи сеюм ҷамоаи «Ӯзбекистон-1» ва «Мактаби маҳорати аспҳои Қарабойир» қувваозмоӣ карданд. Барои ҷойи якум ҷамоаҳои Қазоқистон ва Қирғизистон мусобиқа намуданд.
Саҳарии 27 март баҳсу талош боз ҳам пуршиддат давом кард. Дар натиҷа ҷамоаи Қазоқистон сазовори ҷойи якум гардида, соҳиби 100 миллион сӯм шуд. Ҷойи дуюм ва 75 миллион сӯм маблағ насиби ҷамоаи Қирғизистон гардид. Ҷойи сеюмро ҷамоаи «Мактаби маҳорати аспҳои Қарабойир» бо 50 миллион сӯм ишғол намуд.
Барои маълумот ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар чунин сабқати байналхалқӣ ҷамоаи Қазоқистон ҷойи аввал, ҷамоаи Ӯзбекистон-1 ҷойи дувум ва ҷамоаи Ӯзбекистон-2 ҷойи сеюмро ишғол карда буданд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.