ДАР ҚАРОКӮЛ МАРКАЗИ ХИДМАТРАСОНИИ ИҶТИМОИИ «ИНСОН» БА КОР ШУРӮЪ КАРД

  • ДАР ҚАРОКӮЛ МАРКАЗИ ХИДМАТРАСОНИИ ИҶТИМОИИ «ИНСОН» БА КОР ШУРӮЪ КАРД
  • ДАР ҚАРОКӮЛ МАРКАЗИ ХИДМАТРАСОНИИ ИҶТИМОИИ «ИНСОН» БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро бинои маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» ба истифода дода шуд.

Дар чорабинии бо ин муносибат баргузоршуда иштироккунандагон эътироф намуданд, ки солҳои охир бо ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, васеъ намудани ҳаҷми намудҳои хидматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон корҳои мунтазам ба роҳ монда мешаванд. Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» мисоли равшани таваҷҷуҳи баланд ба афзалияти манфиати инсон мебошад.
Ҳоло 16 ҳазору 823 нафар сокинони ноҳия ба тоифаи ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ дохил мешаванд. Минбаъд аз ҷониби маркази иҷтимоии «Инсон» ба ин қишри ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ 26 намуди хидматрасонии гуногуни иҷтимоӣ ба ҷо меоваранд. Соли оянда 23 хели нави хидматҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар оянда дар ин марказ хидмати сайёри ёрии равониву иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. 
Тавассути ин гурӯҳҳои иборат аз ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд ва ба кумаки иҷтимоию ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, хидматҳои таъҷилии равонию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад. 
Баъди чорабинӣ дар саҳни бино бо нияти нек ниҳолҳои дарахтон шинонда шуданд.
Ҳамчунин аз аҳволи апаи Розия, ки дар маҳаллаи Хоҷаҳо танҳо зиндагӣ мекунанд, хабар гирифта, мушкилоташон ҳал карда шуд.

Зариф КОМИЛОВ, мухбири ӮзА.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: