Котиби генералии ЮНВТО Зураб Пололикашвили дар гузориши худ ба Оҷонсии иттилоотии «Дунё» аҳамияти ташаббуси Президенти Ӯзбекистонро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва зиндагисоз эълон кардани соли 2027-ум ва аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо як овоз қабул гардидани онро тавзеҳ дод.
– Ба фикри шумо се омили асосие, ки аҳамияти ташаббуси Ӯзбекистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ таъин месозанд, кадомҳоянд? Ин баённома барои Ӯзбекистон чӣ аҳамият дорад?
– Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва зиндагисоз дар соли 2027-ум барои омӯхтан ва татбиқ намудани имкониятҳои нави сектори сайёҳӣ, ки қодир аст сайёраи моро ба соҳати шукуфон, дорои сулҳи мустаҳкам ва фаровонӣ барои ҳама табдил диҳад, имкон фароҳам меоварад.
Баённомаи мазкур, ки аз ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод гардид, садоқати боэътимоди мамлакатро ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ки бояд ҷанбаи устувор ва зиндагисоз гардад, намоиш медиҳад. Ин дар роҳи пешбурди сайёҳӣ ва афзун кардани саҳми он дар пешрафти иқтисодӣ, қаробати иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу эътидол, ҳамчунин ҳифзи мероси фарҳангӣ, гуногунрангӣ ва муҳити атроф қадами муҳим мебошад.
Соли байналхалқӣ бори дигар ҳаётан муҳим будани таъмин ва афзун гардидани зиндагисозии сайёҳиро, ки дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ №77/178 «Кумакрасонӣ ба рушди устувор ва зиндагисозии сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ ба мақсади аз байн бардоштани нодорӣ ва ҳифзи муҳити атроф» моҳи декабри соли 2022-юм қабул шуда сабт гардидааст, тасдиқ менамояд. Вай ба маърӯзаи ЮНВТО, ки бори аввал зиндагисозиро ба сифати афзалияти аввалиндараҷа дар партави таҳдидҳои беназири пандемияи COVID-19 барои сайёҳӣ, ки манбаи даромад барои миллионҳо нафар дар тамоми олам ба шумор меравад, такя мекунад.
Солҳои охир нақши сайёҳӣ дар стратегияҳои миллӣ ва ҷаҳонии рушд мунтазам меафзояд. Дар асоси Рӯзномаи СММ дар соҳаи рушди устувор барои даврони то соли 2030-юм ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) Соли байналхалқии эълоншуда барои ҷомеаи ҷаҳон роҳро ба қабул кардани нақшаҳо ва стратегияҳо бобати пешбурди сайёҳии устувор ва зиндагисоз, ҳамчунин фаъол гардидани саъю кӯшишҳои амалӣ бинобар татбиқ намудани рӯзномаи умумӣ дар соҳаи пешрафтро боз менамояд.
– Мехостем фикру ақидаи шуморо дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон донем. То соли 2030-юм мамлакат пешбинӣ намудааст, ҳар сол 15 миллион сайёҳони хориҷиро ҷалб намояд. Ба фикри шумо оё ба ин ҳадафҳо расидан имконпазир аст, ҳамчунин ба ақидаи шумо барои беҳтар намудани хидматҳои сайёҳӣ боз чӣ корҳоро бояд иҷро кард?
– Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад, маро он чиз хурсанд мекунад, ки ҳукумат таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев барои рушди сектори мазкур бо суръати ҳарчи бештар ислоҳоти васеъмиқёс ва ҳамаҷиҳатаро татбиқ менамояд. Алҳол аксар дар бораи мероси фарҳангӣ ва табиати нодири Ӯзбекистон маълумоти хуб доранд, баробари ин торафт мардуми бисёр аз хусуси таомҳои лазизи миллӣ, урфу одатҳои бостонӣ, ҳамчунин аз кушодадиливу меҳмоннавозии халқи ӯзбек хабардор мешаванд.
Натиҷаҳои олиҷаноби солҳои охирро ба инобат гирифта, ба 15 миллион нафар расидани сафи сайёҳони хориҷиро ман, бешубҳа имконпазир меҳисобам. Соли 2012-ум миқдори зоирони хориҷӣ 1,9 миллионро ташкил дода буд, то пандемия вай ба 6,7 миллион расид. Мамлакат ҳамчунин истиқрори хубро пас аз буҳрон намоиш дод. Ӯзбекистон бинобар сайёҳӣ аз мавқеи 49-уми соли 2019-ум дар соли 2022-юм ба мавқеи 39 баромад. Маълумотҳои нимсолаи аввали соли 2023-юм истиқрори пурраро намоиш доданд ва ба сатҳи то замони пандемия расидани миқдори сайёҳони хориҷиро ба мамлакат собит намуданд, ҳамчунин даромад аз сайёҳӣ аз сатҳи соли 2019-ум то моҳи сентябри 2023-юм зиёда аз 30 фоиз афзуд.
Ман бо нақшаҳои бузурги ҳукумат оид ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ ва ба нирӯи воқеии муҳаррики иқтисодиёти миллӣ табдил додани он хуб шинос мебошам. Ба ин саъю кӯшишҳо баҳои баланд медиҳам ва мехоҳам изҳор намоям, ки Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ чун пешина тайёр аст барои ин иқдомҳо ба Ӯзбекистон кумак расонад. Ман эътимоди қатъӣ дорам, ки мамлакат ба мақсадҳои пешгузоштаи худ мерасад, ҳатто ба соҳа рушди инфрасохтори сайёҳӣ, дастгирии ҳамҷамъиятҳои маҳаллӣ ва иқтисодиёт, рушди таълими сайёҳиро ҷалб намуда, ба комёбиҳои иловагӣ муваффақ мегардад ва дар минтақа бинобар соҳаи мазкур пешоҳанг мешавад.
– Ба фикри шумо, нуфузи сайёҳии Ӯзбекистон тӯли шаш соли охир чӣ қадар боло рафт?
– Аз ҳеч кас пӯшида нест, ки Ӯзбекистон дар байни ҳамаи самтҳои сайёҳӣ ба сифати ситораи дурахшон хеле шинохта мебошад. Вай омода аст бозори нави умумии маҳсулоти нодири сайёҳиро, ки ба мероси ғановатманд, фарҳанги бемисл ва таърихи он такя мекунанд, дастгирӣ намояд.
Миқдори сайёҳони хориҷӣ, ки аз Ӯзбекистон боздид ба амал овардаанд, исботи беҳтарини ин гуфтаҳост: чунончӣ, соли 2016-ум ба мамлакат ду миллион сайёҳони хориҷӣ, пеш аз пандемия – соли 2019-ум 6,7 миллион, соли 2023-юм бошад, 5,2 миллион нафар аз кишвари шумо боздид ба амал овардаанд. Ман умедворам, ки нишондиҳандаи соли равон аз натиҷаи соли 2019-ум бештар мешавад.
Мехоҳам иродаи неки мамлакатро таъкид намоям, ки ҳукумати он тӯли 5-6 соли охир барои шаҳрвандони тақрибан 100 мамлакат режими бидуни раводидро ҷорӣ кард. Ҳамин тариқ ҷолибияти Ӯзбекистон аз нуқтаи назари бисёр омилҳо афзуд, ба хусус аз ҷиҳати брендинг ва имконияти баланди соддакунии режими раводид, рушди инфрасохтор ё худ баргузор кардани чорабиниҳои байналмилалӣ. Ба қарибӣ «Forbes» Ӯзбекистонро ба номгӯйи самтҳои беҳтарини сайёҳии соли 2024 дохил кард.
– Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 25-умини Ассамблеяи Генералии ЮНВТО, ки дар Самарқанд моҳи октябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, ташаббуси муҳими байналмилалиро пеш гузошт. Шумо ба нақши онҳо дар рушди сайёҳии дараҷаи ҷаҳонӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Маро хушоянд аст, ки ҳоли ҳозир ЮНВТО бо вазорат ва идораҳои масъули Ӯзбекистон барои татбиқ намудани ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев ҳамкории қарин дорад. Ман мехостам дар байни онҳо таъсис дода шудани ҷоизаи «Шоҳроҳи абрешим», рушди сайёҳии «сабз» ва арзон, боз бисёр дигарҳоро махсус таъкид намоям. Бояд гуфт, ки баённомаи ба қарибӣ аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабулшуда дар бораи Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва зиндагисоз эълон гардидани соли 2027-ум як қисми он ташабусҳои ҷаҳоние ба шумор меравад, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 25-умини Ассамблеяи Генералии ЮНВТО соли гузашта дар Самарқанд садо дод.
Ташаббусҳои байналхалқии Президент Шавкат Мирзиёев барои сайёҳии ҷаҳон аҳамияти бузург доранд, зеро нафақат афзудани хелҳои гуногуни сафар, балки боз кӯмакрасониро ба пешрафти умуман сектор, ибтидо аз таълим то дастгирӣ намудани ҷомеаҳои маҳаллиро дарбар мегиранд. Татбиқсозии онҳо ба мо имкон медиҳад даромадҳои сайёҳиро дар байни тамоми кишварҳои манфиатдор, ҳеч кадомеро аз назар соқит насохта, одилона тақсим намоем. Бештар аз ин вай ҳамчунин моро ба он муваффақ хоҳад кард, ки сайёҳӣ барои бисёриҳо манбаи наҷот мегардад ва ба ин тариқ боиси пешрафти иқтисодиёт, ҳусни тафоҳум ва фаровонҳолии инсоният мешавад.
– Барои гузориш ва муносибати гарми шахсӣ нисбати Ӯзбекистон миннатдорӣ баён мекунем.
– Сипосгузорам.
АИ «Дунё»,
шаҳри Ню-Йорк.