ОСУДАГӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Дар як қатор гӯшаю канорҳои дунё ҳар соату ҳар дақиқа рӯй додани воқеа ва ҳодисаҳои нохуш ба ҳама аён.

Бамиёноваранда ва азияткашандаи воқеаҳо, aфcӯcки худи инсон аст. Ибораҳои озодӣ, сулҳ, осудагиро дар баъзе мамлакатҳо орзу мекунанду халос. 
Халқи мо озодихоҳ ва сулҳпарвар аст, аз ин боис пирони батадбири мо дуо мекунанд, ки «осудагӣ ва хотирҷамъӣ шавад». «Ҷанҷоли якрӯза баракаи чилрӯзаро мебарад» гуфтаанд бузургони мо.

Доир ба мавзӯи мавриди назар бо чанде аз бонувони зиёӣ суҳбат оростем.
Муаллимаи мактаби миёнаи рақами 162-юми пойтахт Бувисоро Қӯчқорова:
– Тинҷию осудагиро қадр менамоям. Кас нооромии дигаронро надида, ба қадри сулҳу осоиш намерасад. Ба диёри озоду обод, ба истиқлол шукрона мегӯям. Зеро дар Ватани азизам – Ӯзбекистон қабри бобою момо, падару модар ва шавҳарам ҷой дораду рӯҳи онҳо ором аст. Дар оилаам бахт ҳукмрон, камоли фарзандону набераҳоямро дида, худро инсони хушбахт меҳисобам. Сарзамини биҳиштосоямон рӯз то рӯз ободу зебо мегардад, ки ин ҳама неъмати истиқлол аст. Илоҳо, ба хотири ҷамъу осудагии мо чашм нарасад. Тинҷиро қадр менамоям, чунки хандаи кӯдакон, аллаи модарон, дуои солхӯрдагон ва оромии шабу рӯз аз он аст.
– Ба гӯши навзодони мо, ки зери осмони мусаффо, дар оғӯши падару модар ба воя мерасанд, азон гуфтан урфест қадима. Аммо aфcӯc, ки ҳазорҳо тифлакони ҷангзада аз ин бахт бебаҳраанд. Ба гӯши онҳо ба ҷойи азон бори аввал садои даҳшатноки таркиш, тиру туфанг мерасад, ки қалби ҳар як модар ба изтироб меафтад,– гуфт мусоҳиби мо муаллимаи мактаби номбурда Фотима Ҳасанбекова.
– Имрӯзҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳрамон шумораи хориҷиён торафт зиёд шуда истодааст, онҳо ба ҳаёти мо, истиқлоли мо бо чашми ҳавас менигаранд, таътилҳои худро дар диёри мо мегузаронанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сарҳадҳоямон доимо дар зери назорат аст.
Шифокор-гинекологи зоишгоҳи рақами 11-уми пойтахт Нафиса Содиқова мегӯяд:
– Дар зоишгоҳамон дар шароити хуб ба дунё омадани даҳҳо нафар тифлонро дида, ба ҳаёти осудаамон шукрона мегӯям. Дар оғӯши гарми модар осуда хоб кардан, аз меҳри волидон баҳраманд гардидани онҳо худ бахти бузург. Ҳангоме ки тавассути ҷаҳоннамо тифлакони дар гӯшаю канори дунё ятиммонда, модарони аз кӯдаконашон ҷудошуда, давлатҳои харобаю беоб, зери ҳодисаҳои даҳшатбори табиат (заминҷунбӣ, обхезӣ, тӯфон) мондаро мебинам ва мешунавам, бори дигар ба Худо илтиҷо мекунам, ки ба Ватани ободу зебоямон чашми бад нарасад.
Занони синну солашон гуногун ба таваллудхонаамон меоянд. Рӯзе ҷавонзанеро қабул кардем. Ӯ оҳу воҳ карда, такрор ба такрор мегуфт: «Дигар тоқати дард надорам, аз ин ҳаёт рафтан мехоҳам» ва номи ҷавонеро, ки ӯро фиреб дода, дар чунин ҳолати ногувор партофта рафта буд, ба забон оварда, ба ӯ лаънат мехонд. Ниҳоят чашми ҷавонзан равшан гардид, писар таваллуд кард.
Тифлашро ба оғӯш кашида, бо табассум «Акнун бояд сиҳат шавам, писарчаамро тарбия намуда, ба воя расонам» мегуфт. Меҳри фарзанд модари ҷавонро аз нав ба ҳаёт, ба зиндагӣ дилгарм кард.
Оре, осудагӣ неъмати бебаҳо. Ба фикрам, неъматҳои дигар аз он як зина поинтар меистанд. Чунки дар ҳар ҷое, ки осудагӣ ва сулҳу салоҳ ҳукмрон аст, инсон ба орзуву ниятҳояш мерасад. Бигзор, дар қалби ҳар яки мо завқу шавқ ба ҳаёт, боварӣ ба фардо ҳукмрон бошад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: