ДАР ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ КАСБУ ҲУНАР КУШОДА ШУД

Дар шаҳри Фарғона маросими ботантанаи кушоиши маркази омӯзиши касбу ҳунар, ки таҳти шарикӣ бо KOICA – Агентии ҳамкории байналхалқии Кореяи Ҷанубӣ ташкил ёфтааст, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар мамлакатамон Ким Хи Санг, ҷонишини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Эркин Муҳитдинов, директори офиси Агентии ҳамкории байналхалқии Кореяи Ҷанубӣ дар Ӯзбекистон Пак Сунтин, масъулони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, роҳбарони ширкатҳои калони Корея дар Фарғона, вакилони ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Барои ба  амал баровардани лоиҳаи марказ, ки дар доираи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои ташкил кардани марказҳои омӯзиши касбу ҳунарро фарогири шаҳрвандони бекор дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ташкил ёфтааст, аз ҷониби Агентии ҳамкории байналхалқии Корея 9 миллиону 320 ҳазор доллар сармоя гузаронда шуда, бинои таълими замонавӣ, хобгоҳ, маҷмӯъи иборат аз ошхона ва толори варзишӣ барпо карда шуд.
Тамоми ускуна ва таҷҳизоти замонавии  марказ аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шудааст. Машғулоти таълимӣ низ дар асоси барнома ва дастуруламалҳои ин мамлакат гузаронида мешавад. Самтҳои таълимии электроника, технологияҳои иттилоотӣ, автомобилсозӣ, дӯзандагӣ ва косметология, ки барои марказ интихоб шудааст, ба иқтисодиёти вилоят аҳамияти муҳим касб менамояд. Имконияти дар як сол ба омӯзиши касб фарогирии 480 нафар шаҳрвандони бекор мавҷуд. Хонандагон дар курсҳои 6-8-моҳа таълими касбӣ мегиранд. То ин вақт чунин марказҳо дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Шаҳрисабз мавҷуд буданд. Маркази нав, ки дар Фарғона ташкил ёфтааст, ба аҳолии вилоятҳои водӣ хидмат мерасонад.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: