БАТЛИМУСИ ДАВРИ ХУД

Дар сарзамини Ӯзбекистони кунунӣ мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Хоразмӣ, Имом Бухорӣ, Тирмизӣ, Мирзо Улуғбек бисёр нобиғаҳое, ки ба рушди илму адаби ҷаҳон саҳми сазовор гузоштаанд, ба камол расидаанд.

Ин рӯйихатро метавон идома дод.
Бо ному осори мондагори онҳо тоҷикону ӯзбекон ва тамоми шарқиён фахр мекунанд. Зодаву парвардаи Самарқанд, аллома Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммад Ал-Қушчӣ низ, ки ба сифати «Батлимус ва Птоломейи даври худ» шинохта шудааст, нуҷумшинос ва математики барҷаста буд.
Ӯ писари сайёди мурғон — Муҳаммад буд, ки дар дарбори Улуғбек бо сайд ва парвариши мурғон сарукор дошт. Тахаллуси Қушчӣ, бинобарин, ба номи ӯ илова шудааст. Баъди вафоти падараш Улуғбек ӯро ба тарбияи худ мегирад. Бо мурури вақт дар байни онҳо муносибати устодию шогирдӣ ташаккул меёбад. Мирзо Улуғбек дар муқаддимаи асари машҳураш «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ» (бино ба маълумоти сарчашмаҳо ин асар ба забони форсӣ (тоҷикӣ) навишта шудааст. Дертар онро ба забонҳои арабию туркӣ баргардондаанд.) чунин менигорад: «Фарзанди арҷманди Алӣ ибни Муҳаммади Қушчӣ аз овони хурдсолӣ ба омӯхтани илмҳои гуногун пардохт. Умед аст, ки бо гузашти вақти на он қадар зиёд шуҳрат пайдо хоҳад кард...». Улуғбек ӯро «фарзанди арҷманд» номидааст. Аз ин ҷо метавон натиҷа гирифт, ки вай ба ӯ, чун ба фарзанди худ, эҳтиром доштааст. Дар ҷойи дигар менигорад, ки «Зичи Кӯрагонӣ»-ро «бо иттифоқи фарзанди арҷманди Алӣ ибни Муҳаммади Қушчӣ» ба поён расондааст.    
Бояд гуфт, ки ба шарҳи «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ» аввал олимони самарқандӣ, хоссатан Алии Қушчӣ, пардохтаанд. Шарҳҳои баъдӣ ба қалами Мирами Чалабӣ ва Ҳусайни Бирҷандӣ тааллуқ дорад. Соли 1449, баъди марги фоҷиавии Улуғбек, олимони Самарқанд ба кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ҳиҷрат мекунанд. Онҳо бо худ дастовардҳои илмии мактаби Самарқанд ва нусхаҳои «Зичи Кӯрагонӣ» ва китобҳои зиёдеро мебаранд. Алии Қушчӣ соли 1473 дар Истанбул расадхона месозад. Ба ин тариқ, «Зичи Кӯрагонӣ»-и Мирзо Улуғбек ба дигар кишварҳо интишор мешавад.
Соли 1424, баъди ба кор шурӯъ кардани расадхонаи Мирзо Улуғбек дар Самарқанд, аз олимони машҳур аввал Ҷамшеди Кошӣ, сипас Қозизодаи Румӣ дунёи фониро тарк менамоянд. Биноан, Улуғбек Алии Қушчиро дар бунёди расадхона ва мушоҳидаҳои астрономӣ масъул таъин мекунад. Ин аст, ки Алии Қушчӣ то соли 1449 бо устоди худ ҷустуҷӯҳои илмӣ анҷом медиҳад. Баъди марги Улуғбек Алии Қушчӣ ба сафари ҳаҷ меравад, дар Табрез як муддат ба сар мебарад.  Дар ин ҷо ҳокими маҳаллӣ Узун Ҳасан ӯро ба сарой даъват намуда, лутфу эҳтиромашро арзонӣ медорад. Султони усмонӣ Абулфотеҳ Султон низ ба ӯ эҳтиром зоҳир намуда, пешниҳод мекунад, ки дар Истанбул зиндагӣ ихтиёр намояд. Алии Қушчӣ пешниҳодро қабул карда, аз Табрез бо 200 нафар хешу табораш ба Истанбул бармегардад.
Алии Қушчӣ аз баҳори соли 1472 ба сифати  сармударриси мадрасаи Бибӣ София ба кор шурӯъ мекунад. Аллома 17 декабри соли 1474 дар Истанбул вафот мекунад. Ӯро дар мақбараи Абуайюби Ансорӣ ба хок месупоранд.
Алии Қушчӣ дар байни олимони турк эҳтирому обрӯйи баланд дорад. Ба ӯ чун ба як аллома арҷ мегузоранд. Мирам Чалабӣ набераи духтарии Алии Қушчӣ ва набераи писарии Қозизодаи Румӣ мебошад. Яъне падараш Қутбиддин — писари Қозизодаи Румӣ бо духтари Алии Қушчӣ издивоҷ мекунаду Мирам Чалабӣ ба дунё меояд. Сулолаи чалабиён низ ба рушди илму фарҳанги Туркия саҳми назаррас гузоштаанд.
Мавлоно Алии Қушчӣ осори зиёде таълиф намудааст, ки аз онҳо беш аз 20 асараш то ба замони мо расидаанд. Дастнависи осори ӯ дар китобхонаҳои Бибӣ София (Истанбул), донишгоҳҳои Кембриҷ, Оксфорд, Лейден, Деҳлӣ, Мумбай, Теҳрон, Машҳад, Душанбе, Қазон, Санкт-Петербург, Берлин, Париж, Лондон, Рим ва Институти шарқшиносии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд. Дар байни ин асарҳо машҳуртаринашон «Рисола-ал-Муҳаммадия фи-л-ҳисоб» ва «Хитойнома» мебошад.
Бояд бигӯем, зиндагинома ва осори бамеросгузоштаи Алии Қушчӣ, ки барои насли ҷавон аҳамияти калони тарбиявӣ дорад, муҳаққиқони худро интизор аст.

С. ШЕРМАТОВ,
номзади илмҳои иқтисод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: