ҲОСИЛИ БОҒАТОН ФАРОВОН БОД

Ҳосили боғ меваҳои хуштамъи анвои дарахтон бошад, самари кори омӯзгор шогирдони накӯтарбияву аълохон мебошад.

 Зимни суҳбат бо устоди собиқадори тоифаи олӣ, устои чирадасти наҷҷор Абдуназар Пирназаров, ки дар омади гап сухан дар бораи заҳматҳои Суннат Мирзоеви омӯзгор мерафт, бо ифтихор ба забон овард, ки ба ӯ аз илмҳои риёзиву ҳандаса сабақ дода будам. 
– Хонандае буд зирак, кунҷков  бо хотираи мустаҳкам, – ба ёд овард А. Пирназаров...
Соли 1991 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи математика ва механикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) супорид. Бахташ тофт. Устодони зиёд аз фанҳои риёзиву ҳандаса, информатика, физика, таъриху фалсафа  мукаммал сабақ доданд. 
–Дарсҳои устодон Б. Алиев, Р. Мустафоев, М. Ашуров ва дигарон хотирмон буд, – ёдовар мешавад С. Мирзоев, – симои онҳо ҳамон пеши назарам, гӯё маро ҳамон ба донишомӯзӣ даъват доранд. 
Пас аз хатми донишгоҳ Суннат ба зодгоҳ, ба мактаби рақами 38 деҳаи хушманзараи Синтаби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, ки замоне он ҷо аз устодон асосҳои илмро фаро гирифта буд, баргашт. Худ чун муаллими навомӯз ба толибилмон аз фанҳои математикаву информатика  дарс дода, сол то сол маҳорат ва дониши худро сайқал ва ғанӣ гардонид. Ҳамарӯза бо устодон Абдуназар Пирназаров, омӯзгори пешқадами мактаби ҳамсоя Салим Ғафуров дар мулоқот буд. Сиру асрори дарсгузарониро аз Ҷӯраевҳо, Олибоевҳо, Элмуродов ва Мансуров пайваста омӯхт. Натиҷаи чунин заҳматҳо буд, ки шогирдонаш аз фанҳои математика ва информатика дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ иштирок намуда, обрӯю эътибори омӯзгори худро дар деҳа ва миқёси ноҳия боло бурданд. Бисёре аз шогирдон дар донишгоҳҳои Самарқанду Хуҷанд, Навоию Ҷиззах ва Душанбе таҳсил намуда, имрӯз дар пешбурди хоҷагии халқи кишвар саҳм мегиранд. 
Соли хониши 2021-2022 барои омӯзгор соли комёбиҳо буд. Се нафар хатмкунандагони мактаб – Луқмон Амонов, Ғиёс Рӯзибоев ва Маъмурҷон Тӯхтамишев донишҷӯйи факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуданд. Ҳар сол як-ду нафар шогирдони мактаби рақами 38 ба факултаҳои иқтисодӣ ва техникии ҷумҳурӣ дохил мешаванд.. 
Омӯзгори эҷодкор аст С. Мирзоев. Пайваста меомӯзад, дастуру китобҳои услубӣ менависад. Китоби калонҳаҷми «Ҳалли машқҳо аз алгебра»-ро ба забони тоҷикӣ тартиб додааст, ки омӯзгорони мактабҳои кӯҳпояи Нурато аз он самаранок истифода мебаранд. Дар соли 2022 бо пешниҳоди ШТХ ноҳияи Нурато китобчаи услубии Суннат Мирзоев  бо номи «Муодилаҳои нишондиҳандагӣ ва логарифмӣ» чоп шуд.  
С. Мирзоев ҳар кореро, ки анҷом диҳад, дар ҳамдастӣ бо шогирдон иҷро мекунад. Шавқу ҳаваси шогирдонро ба илму маърифат, худогоҳиву масъулиятшиносӣ бедор мекунад. Аз онҳо шахсиятро тарбия мекунад, ки бо пешрафти замон ҳамқадаму ҳамнафас бошанд. Бешубҳа, имрӯз фаъолияти педагогии С. Мирзоев сабақест барои омӯзгорони ҷавон низ.
Бубулонро ҳар куҷо гулҳо ба 
илҳом оваранд,
Ман ҳамон булбул, ки гулҳоро 
ба илҳом оварад. 
Суннат ҳамон булбулест, ки гулҳои гулистони маърифатро ба гулбаргафшонӣ моил намуда, ба сӯйи қуллаи мурод раҳнамун месозад. Мақсади омӯзгор тарбияи шахсият аст.
– Ман тариқи зиндагӣ аз падар омӯхтам, – гуфт дар омади сухан. – Ин ҳавлӣ, ки пур аз ниҳолҳои ороишиву дарахтони мевадор мебошад ва дили бинандаро аз фараҳ лабрез месозад, маҳз бо заҳмати падарам – Деҳқонбобо ва модари заҳматкашам момои Ҷумъагул бунёд ёфтааст. Имрӯз роҳату ҳаловати боғро фарзандону набераҳо ва қарибонашон чашида истодаем. Ин ҳама барои мо фарзандон сабақест дар зиндагӣ. Ҳавлӣ дар ҷойе бунёд ёфтааст, ки ба он об аз ҷӯй намеояд. Падарам аз синаи кӯҳ чоҳҳо кофта, обро ба воситаи лӯлаҳои пласмасӣ овардаанд. Охири меҳнат роҳат будааст.
Заҳматҳои Суннат Мирзоевро маъмурияти ШТХ-и ноҳияи Нурато қадр кард. Бо пешниҳоди шуъба Суннат Мирзоев бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» қадршиносӣ гардидааст. 

Иззатулло АЛИБОЕВ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: