Забони модарӣ танҳо воситаи гуфтугӯ нест. Он ҳофизаи таърихӣ, тарзи тафаккур, ҷаҳони маънавӣ ва пайванди инсон бо гузаштагони худ аст. Маҳрум гардидани кӯдак аз имкони омӯзиши забони модарӣ метавонад робитаи ӯро бо фарҳанг ва мероси миллиаш заиф созад.
Таҳсил ба забони модарӣ набояд монеи ҳамгироӣ бошад. Баръакс, инсон вақте забон ва фарҳанги худро хуб медонад, фарҳангу забони дигаронро низ бештар эҳтиром мекунад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 ба масъалае мисли ин нуктаҳо таваҷҷуҳ намуд, ки на танҳо аҳамияти таълимӣ, балки мазмуни амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад.
Сарвари давлат ба масъулини соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва шаҳр дастур дод, ки бо назардошти эҳтиёҷи аҳолии ӯзбекзабони шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ бунёд карда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ба забони модариашон таъмин намоянд.
Дастури мазкур танҳо супориш барои бунёди чанд муассисаи таълимӣ набуда, моҳияти он фаротар аз бунёди бинои мактаб аст. Ин иқдом ифодаи равшани сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллату забон, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони модарӣ ва рушди фарҳанги миллатҳои сокини кишвар мебошад.
Дастури Президенти Тоҷикистон метавонад заминаи таҳияи як барномаи фарогири ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф гардад. Дар доираи он метавон табодули китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ, омода кардани омӯзгорон, ташкили курсҳои такмили ихтисос, вохӯриҳои муаллифони китобҳои дарсӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимиро роҳандозӣ намуд.
Ҳадаф набояд танҳо нигоҳ доштани номи мактаб бошад. Муҳим он аст, ки кӯдак воқеан ба забони модарӣ таълими босифат гирад, китобҳои нав дошта бошад, омӯзгораш аз усулҳои муосир истифода барад ва баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсилу интихоби касб имконияти баробар пайдо кунад.
Дастури роҳбари Тоҷикистон дар бораи бунёди мактабҳои ӯзбекӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ маҳз аз ҳамин ҷаҳонбинӣ сарчашма мегирад. Ин иқдом ба ҳар шаҳрванди ӯзбекзабони Тоҷикистон паём медиҳад, ки забон, фарҳанг ва ояндаи фарзандонаш барои давлат муҳим аст.
Дӯстии давлатҳо аз санадҳои расмӣ, ки байни ҳукуматҳо ба тасвиб расидааст, оғоз мешавад, аммо дар қалби мардум тавассути забон, фарҳанг ва мактаб пойдор мегардад. Ҳар китобе, ки кӯдак ба забони модариаш мехонад, ҳар дарсе, ки эҳтироми миллатҳои дигарро меомӯзонад ва ҳар мактабе, ки дари худро ба рӯйи гуногунрангии фарҳангӣ боз мекунад, сармоягузорӣ ба сулҳ ва ояндаи муштарак аст.
Шариф ҲАМДАМПУР,
журналист.
Тоҷикистон.