Дар шумораи гузаштаи рӯзномаамон дар бораи идома доштани Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ дар кишварамон хабар дода будем. Чанде пеш маҳфили адабӣ-маърифатие, ки бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» ба муносибати ин сана баргузор гардид, ба ҷашни воқеии дӯстиву рафоқати халқҳо табдил ёфт.
Раиси Маркази фарҳангӣ-миллии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» – Т. Икромов зимни суханронӣ таъкид намуд, ки таҳаммулпазирӣ яке аз арзишҳои деринаи мардуми мо мебошад. Дар ин сарзамин халқҳои тоҷику ӯзбеку қазоқу қирғиз, туркману қароқалпоқ ва намояндагони миллату динҳои гуногун дар фазои сулҳу осоиш, эҳтироми ҳамдигар умр ба сар мебаранд, ки ин намунаи барҷастаи таҳаммулпазирӣ мебошад.
– Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон вазъи ноороми сиёсӣ ҳукмфармост. Осмони Ватани мо бошад, софу беғубор аст. Намояндагони миллатҳои гуногун дар ин ҷо дар сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд. Барои ин неъмати бебаҳо ба Роҳбари давлатамон самимона изҳори сипос менамоем, – гуфт меҳмони маҳфил, раиси Маркази фарҳанги миллии қирғизҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳматулло Ҷапаров. – Таҳаммулпазирӣ танҳо бо эҳтироми ҳамдигар маҳдуд намешавад. Он ҳамчунин меҳнати дастҷамъонаи намояндагони миллатҳои гуногун, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, тарбияи фарзандон ва муттаҳид гардидан дар роҳи татбиқи ҳадафҳои муштаракро дар бар мегирад.
– Арзиши таҳаммулпазирӣ дар Ӯзбекистон падидаи нав нест. Он аз қадимулайём дар таърихи чандинҳазорсолаи халқ, расму оин ва ҳаёти маънавии мардуми мо ҷойгоҳи хос дорад, – гуфт раиси Маркази фарҳанги миллии қазоқҳои шаҳри Тошканд Бақтиёр Темирбеков, – бинобар дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгир буданаш, ин сарзамин ҳамчун маконе эътироф мешавад, ки халқ, дин ва фарҳангҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад.
Нависанда Юнуси Имомназар иштирокдорони ҷамъомадро ба муносибати Рӯзи таҳаммулпазирӣ ва 35-солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик намуда, китоби тарҷумаи форсии романи нахустини адабиёти ӯзбек «Рӯзгори гузашта» ва китоби ёддоштии «Аз бурҷи Дубай то Оромгоҳи Рӯдакӣ»-и худро ба Маркази фарҳанги миллии тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно» ҳамчун туҳфа тақдим намуд.
Сурудҳои дилнишини намояндагони дастаи халқии фолклорӣ-этнографии “Бувиҷонлар”-и хонаи маданияти ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд – Хосият Бобомуродова ва Олия Аҳмадҷонова ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хотири аҳли маҳфилро болида сохт.
Набия Нодирова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.