МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИҚТИСОДИЁТИ ПИНҲОНӢ

Вазъияти ноустувор дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, хатарҳои марбут ба таҳримҳои иқтисодии кишварҳо нисбати ҳамдигар, маҳдудиятҳои гуногуни молиявӣ на танҳо ба иқтисодиёти ин кишварҳо, балки ба давлатҳои ҳамсоя низ таъсир мерасонад.

Дар чунин вазъияти мураккаб бо мақсади таъмини суръати мӯътадили рушди бахшҳои иқтисодиёт, пеш аз ҳама, васеъ истифода бурдани имкониятҳои дохилии кишвар, муборизаи оштинопазирона бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ, ки ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад, қонунӣ гардонидани фаъолияти онҳо аз ҳарвақта рӯзмарра боқӣ мемонад. 
Айнан ҳақиқат аст, ки иқтисодиёти пинҳонӣ садди роҳи рушди мост ва зиёд шудани ҳолатҳои шуғли соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои дигари зидди қонун метавонад барои тараққиёт хатари ҷиддӣ дошта бошад.
Аз рӯйи таҳлил муайян шудааст, ки дар соҳаҳои хидматрасонӣ, сохтмон ва саноати кишварамон ба маблағи даҳҳо триллион сӯм маҳсулот дар «соя» боқӣ мондааст. Тавассути ин маҳсулоти умумии дохилӣ 135 триллион сӯм, буҷет 30 триллион сӯм даромадро аз даст медиҳад. Аз ҷумла, дар 41 фоизи ҳисоботи корхонаҳои бинокорӣ танҳо 1 нафар коргар нишон дода шудааст. Гарчанде ин корхонаҳо танҳо соли гузашта ба маблағи 4 триллион сӯм корҳои бинокориро ба анҷом расондаанд. Ё худ дар маълумот гуфта мешавад, ки дар 5 ҳазор хоҷагии меваю сабзавот, ки на камтар аз 25 гектар замин доранд, 1 коргари расмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Фармони Президент «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани механизмҳои назорати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ» як қатор вазифаҳо муайян карда шуданд, ки ба муборизаи зидди иқтисодиёти пинҳонӣ, аз ҷумла, пурзӯр намудани назорати давлатӣ нигаронида шудаанд. Имрӯз дар мамлакатамон 14 мақомот дар ҳолати пароканда бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ ва ҷинояткории иқтисодӣ мубориза мебарад. Набудани низоми ягонаи мутобиқкунандаи фаъолияти онҳо боиси баланд шудани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ мегардад.
Дар ин ҳуҷҷат мубориза алайҳи иқтисодиёти пинҳонӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат муайян гардида, фаъолияти департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура пурзӯр мегардад. Аз ҷумла, ҳамчун фаъолияти асосии он мубориза ба муқобили иқтисодиёти пинҳонӣ ва муқаррар намудани назорати пурраи занҷири ҳаракати маблағҳои буҷет муайян шудааст. 
Бо назардошти ин Департамент ба идорае табдил меёбад, ки таҳлили амиқ, кофтукови фаврӣ, мусодира ва худтафтишотро анҷом медиҳад. Инспексияи давлатии назорати молиявии назди Вазорати иқтисодиёт ва молия ва ваколатҳои он пурра ба ихтиёри Департамент дода мешавад. Ин қарори хеле оқилона аст, ки барои аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳонӣ ва коррупсия хидмат мекунад.
Акнун Департамент ва Палатаи ҳисоб якҷоя фаъолият бурда, барои маҳдуд кардани иқтисодиёти пинҳонӣ ва дуруст харҷ кардани маблағҳои буҷет масъуланд. Барои иҷрои ин вазифаҳо Департамент бо технологияи замонавии иттилоотӣ ва воситаҳои махсус таъмин карда мешавад.
Илова бар ин, дар назди Департамент Маркази илмӣ-таҳлилӣ ва таълимӣ таъсис дода мешавад, ки дар он кормандони сохтор оиди ошкор намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, инчунин муайян намудани омилҳои ба вуҷуд омадани иқтисодиёти пиҳонӣ, таҳия намудани пешниҳодҳо дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ таълим мегиранд. 
Ин марказ мушкилотро аз ҷиҳати илмӣ омӯхта, сабабҳои онро таҳлил мекунад. Оид ба тағйир додани қонунҳое, ки боиси ташвиши соҳибкорон мешаванд, таҳлил мекунад, яъне соҳибкорро айбдор нишон надода, баръакс равшан мекунад, ки решаи мушкилот дар қонунгузорӣ ё услуби кори ташкилотҳои давлатӣ аст.
Хулоса, Фармони Сарвари давлатамон барои ҳифзи соҳибкори поквиҷдон, риоякунандаи қонун ва кумакрасони онҳо будан, инчунин барои бартараф кардани омилҳои коррупсионие, ки ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонад, хидмат мекунад. Зеро мақсади асосӣ низ қатъиян кам кардани миқёси иқтисодиёти пинҳонӣ на бо роҳи таъқиб, балки бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва кумаки амалӣ ба онҳо мебошад.

Абдуғанӣ УМИРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: