ДУРӮЯ

ҲАҶВИЯ

Ҷавонзани олуфтасатанги зебо сумкача дар оринҷи даст вориди долони дарозе шуд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо шиносу бегонаҳо интизори  саршавии тадбир буданд. Ӯ як шарикдарси собиқашро дид:
– Э ассалому алайкум, дугонаҷон! Худакатон нағз? Сиҳату саломат гаштед? Чашм нарасад, гурбача барин ин қадар хушрӯ шудаед, ки...
Дар навбати худ дугонааш ҳам ӯро ба осмони таъриф бардошт. 
Онҳо якдигарро оғӯшкашон лаб ба рӯйи якдигар нарасонида, бӯсобӯс карданд. 
Аз вай ду-се қадам дур нашуда, зери лаб ғурунгос зад:
«Э афту башарекат дар гӯр! Ту чиву маймун чӣ? Ба шавҳарат раҳмам меояд: бо ту барин як зани  шайтонсуроб чӣ хел зиндагонӣ мекунад-а?!»
Каме пеш рафта, бо роҳбари илмиаш – муаллимаи пиронсолтар во-хӯрд:
– Ассалому алайкум, устодҷон, – бидирросзанон ба гап даромад ӯ. – Хонавода, фарзанду набераҳо, ҳамекашон нағзанд? Муллопоччо чӣ тавр? 
Э доимо соғу саломат бошед. Некиҳои шуморо мурам, ки ман фаромӯш намекунам...
Вай баъди хайрухуш каме пеш рафта, зери лаб пичирросзанон гуфт: 
«Э афтаката хок хӯрад! То ҳимояи кори илмӣ бароят гови ҷӯшоӣ шуданамро ҳаргиз аз хотир намебарорам. Вайро бинанд-е! Як пояш дар лаби гӯру боз ба бурукпӯшиат сӯзам? Худоё тавба, хӯсаи таппа-тайёр!»
Ба таги дари  маҷлисгоҳ наздик  мешуд, ки боз як ҳамкор дид. Бо вай ҳам гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ кард:
« – Бахт-бахти шавҳари шумо. Як зани  парипайкару ширбадани зебое дорад. Боз паризодаҳо барин хушрӯ шудаед, ки... Агар ман мард мешудам, худам шуморо гирифта, ба ягон тараф мегурехтам!»
Вале ҳангоми пурсупосу бӯсобӯс бо нафрати беинтиҳо дар дилаш гуфт: 
«Э бодигиат дар гӯр! Доштӣ як мошин доштӣ-дия! Саҳл сустӣ кунам, маро назару писанд ҳам намекунӣ-е? Э мошинат тобути равон шавад!»
Вай бо ҳар касе, ки вохӯрд, рӯйизабонӣ хоки пояш мешуду зери лаб ғурунгосзанон мегуфт: «Э чаро  ман бо ту рӯ ба рӯ омадам-а?! Намедидам, ҳазор бор беҳтар буд. Аз рӯякат наҳсу накбат меборад. Акнун то ба ҳаммом даромада, нағзакак оббозӣ  накунам, дилам қарор намегирад...»
Вай бо мақсади ба тартиб овардани сурхиву сафедиҳои лабу  рӯяш дар охири долон ба ҳоҷатхона даромад. Дар оинаи он ҷо ба чеҳраи худ зеҳн монда, норозиёна ғурунгос зад:
– Уф-ф, ту ҳам аз онҳо кам нестӣ, дурӯя!

Бахтиёри ҶУМЪА.

 


Ҳикоят 
Овардаанд, ки малике буд золим ва хост то қасре бино кунад. Пас муҳандисонро бихонд, то шакли онро бар сафҳаи хок кашида ба назари хаёли ӯ дароваранд. Ва хонае буд аз он золе (пирзане) дар ҷавори он ва онро дар он шакл мебоист (овард) то он кӯшк тамом шавад ва мураббаъ дар ояд. Пас пирзанро гуфт: Ин хонаро бифрӯш.
Гуфт: Нафрӯшам, ки фарзандони хурд дорам ва ин хонаи мискин ва авратпӯши эшон аст.
Рӯзе он пирзан ғоиб буд ва чун боз омад, хонаи худро фурӯ оварда дид. Пирзан аз он азим биранҷид ва ба оби дида рӯй ба осмон карду гуфт: Бор Худоё, агар ман ғоиб будам, ту, ки ҳозир будӣ!
Ҳамин, ки ин муноҷот бикард, амир бар сари он иморат нишаста буд, зилзила дар омад ва он биноро тамоман бар замин андохт ва он подшоҳ дар зери санг омад ва ҳалок шуд, то оқилонро маълум шавад, ки зулм пойдор набошад:

Он чӣ як пирзан кунад ба саҳар,
Накунад сад ҳазор тиру табар.

Аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: