ҲАМШИРАИ МАҲАЛЛАИ «ДУОБА»

Касе нест, ки бемор нашавад.

«Тани гарм бедард намешавад» мегӯянд дар урфият. Аз ин рӯ, мо бандаҳо ҳамеша муҳтоҷи табобат ҳастем. Аз камбудиҳои зиндагӣ ва дигар муаммоҳо фишори хун баланд мешавад, ё шамолхӯрӣ ё грипп, хуллас, ба беморие мубтало мешавем. Дар ҳамин вақт чӣ кор мекунем? Ёрии таъҷилиро ҷеғ мезанем, ё ба духтури маҳалла занг мезанем, то ки ба бемор ёрӣ диҳад.
– Саҳарӣ дарвозаҳоро кушода ба кӯча як назар кардам. Дар роҳи калони мумфарш як каси сафедпӯш, сараш хам, дар дасташ сумкачаи тиббӣ ба куҷое саросема меравад. Ман ҳам хавотир шуда ба ҷоям истодам, наздиктар омад, бинам, ки ҳамшира, духтури маҳаллаи худамон Майсарахон Раҳимова будааст. Баъди салому алейк пурсидам:
– Тинҷӣ, ин қадар саросема куҷо рафта истодаед?
– Холаҷон, беморонам бисёр, як беморам фишори хунаш баланд шудааст, зудтар рафта кумак кунам, – гуфту ба ҳавлие даромад.
Аз ақибаш ман ба ҳайрат мондам ва худ ба худ гуфтам. Ба падару модарат ҳазорҳо раҳмат, ки туро чунин тарбият кардаанд. Охир ҳоло нисфи одамон дар хобанд, ин духтарак бошад, дар хидмати мардум. Дар деҳа ин арӯси нозанин бо табассуми ширин, бо муомилаи хубаш дар байни мардум иззату эътибори хуб пайдо кардааст. Майсарахон соҳиби 3 фарзанди дӯст-рӯяк мебошад, шавҳараш Аҳтамҷон ҳам як ҷавони хушфеълу хушрафтор, оилаи онҳо дар маҳалла намунавӣ мебошад. Мо аҳли деҳ аз ҳамшира – Майсарахон миннатдорем. Аз номи худам ва аз номи бемороне, ки Майсарахон ёрии таъҷилӣ мерасонад, ба ин ҳамшираи ҷавон умри дароз, муваффақиятҳои нав ба нав металабем.

Маҳкамтош НАБИЕВА, 
нафақахӯр аз маҳаллаи «Дуоба»-и ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: