АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ – ДАР МЕҲВАРИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Самарқанд мизбонии як конфронси байналмилалиро бар дӯш дошт, ки амнияти озуқавориро ба доираи баҳсу баррасиҳо кашид.

 Дар он аз 32 кишвари ҷаҳон ва 30 созмони байналмилалӣ ширкат карданд. Ин конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо, ки 16 октябр таҷлил мешавад, баргузор гардид.

Муассисии ин конфронси бонуфузро Ҳукумат ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бар дӯш доштанд. Ширкаткунандагони конфронси мазкур асосан аз вазирони кишоварзии як қатор давлатҳои Аврупо ва Осиё, дипломатҳои хориҷӣ, вакилони ниҳодҳои молиявӣ  ва амсоли он иборат буданд. Гуфта шуд, ки таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амнияти озуқаворӣ аз масъалаи муҳим ва доғи рӯз маҳсуб меёбад. 
– Ӯзбекистон кишваре, ки аз салоҳиятҳои зиёди содиротӣ бархурдор мебошад. Дар ин маврид метавон гуфт, ки он ба 70 кишвари олам маводи кишоварзӣ содир мекунад ва ин маҳсулот аз меваҳову сабзавоти гуногун иборатанд, – мегӯяд вазири кишоварзии Ӯзбекистон Азиз Воитов.
Иштирокчиёни конфронс дар баробари ҳузур дар бизнес-форум, мулоқотҳои дуҷониба, инчунин аз хоҷагии фермерии «Zarafshon Shiy-pon»-и ноҳияи Пасдарғом боздид намуданд. Баъд ба деҳаи сайёҳии «Конигил» ташриф оварданд. Дар идомаи он боздид аз ёдгории «Бибихонум», бозори Сиёб ва майдони Регистон дар меҳмонон хеле таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: