Дар зиндагӣ тани сиҳат асоси саодатмандии инсон аст ва бояд ҳар фарди ҷомеа нисбати саломатии худу наздиконаш бепарво набошад.
Лоиқ Шералӣ ба ин маънӣ фармудааст:
Табиби ман ба ғайр аз ман
касе нест,
Ҳабиби ман ба ғайр аз ман
касе нест.
Ман аз ин умрфарсоӣ бидонам,
Рақиби ман ба ғайр аз ман
касе нест...
Аз қадимулайём ниёгони мо ба табибон арҷгузорӣ карда, онҳоро аз ҷумлаи ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намудаанд. Дар таълимоти дини мубини ислом низ пизишкон мавриди эҳтиром қарор гирифта, чун «фариштагони саломатӣ» арзёбӣ гаштаанд. Аз таълифоти исломӣ бармеояд, ки Худованд муъҷизаашро баҳри шифо ёфтани беморон тавассути табибон нишон дода, ба ин васила барои ризқу рӯзӣ пайдо кардани онҳо шароит фароҳам меовардааст.
«Дардро танҳо табобат дору нест, лафзи ширин ҳам табобат мекунад», фармудааст шоире. Шифокори ботаҷриба, соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Асқар Наврӯзов аз шифокоронест, ки баробари доруву дармон бо лафзи ширини худ беморонро шифо мебахшад. Ҳини қабул вазъи саломатии ҳар як мизоҷро дақиқ таҳлил намуда, баъди нишондиҳандаҳои лабораторӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Асқар Наврӯзов соли 1977 дар ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарё дар оилаи шифокор Адибек Наврӯзов дида ба дунё кушодааст.
Шабу саҳар ба хонаи онҳо беморону корафтодагон равуо доштанд ва Наврӯзи ҷавон медид, ки падараш, бо вуҷуди серкорӣ, ба кумаки онҳо мешитофт. Чунин мушоҳидаҳо буд, ки ӯ низ аз хурдсолӣ орзуи шифокор шуданро дар дили кӯчакаш парварид.
Соли 1993 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 9-уми шаҳри Гулистон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон супорид ва хушбахтона донишҷӯ гардид. Соли 2000 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 2000-2003 дар бахши нейрохирургияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсили худро идома дод.
– Он солҳо солҳои даргирии дохилӣ дар Тоҷикистон буд. Бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ таҳсилро идома додем. Чун шоҳиди он ҳодисаҳо гумон намекардем, ки кишвари ҷангзада қоматашро аз нав рост мекунад...
Дертар ба туфайли иродаи сиёсии президентҳои ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд. Нафарони аз дарди ҷудоӣ азияткашида шифо ёфтанд. Дӯстӣ ободӣ ва тараққиёт аст. Имрӯз пойтахти Тоҷикистон – Душанбе низ ба таври шинохтанашаванда обод шудааст. Донишомӯзони ду мамлакат бе биму ҳарос дар муассисаҳои таълими олӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, таҳсил мекунанд. Ба сифати мутахассиси соҳа аз он меболам, ки поликлиника ва клиникаҳои ҳар ду кишвар бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ҷиҳозонида мешаванд. Дар онҳо ҷарроҳиҳои мушкил, мисли иваз кардани дилу гурда, ҷигар ва дигар узвҳои дарунии инсон анҷом дода мешаванд. Сарвари мамлакатамон ба ду соҳаи асосӣ – бахши тандурустӣ ва мактабу маориф эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бахши тандурустӣ ба ҷисми инсон ва мактабу маориф ба рӯҳи ӯ сарукор дорад. Аз ин рӯ, инсони ҷисмонан ва руҳан солим ба рушди мамлакат саҳми назаррас мегузорад, – изҳор дошт дар рафти суҳбат Асқар Наврӯзов.
Тақозои рӯзгор Асқар солҳои 2003 – 2013 дар Маркази ёрии таъҷилии шуъбаи нейрохирургияи вилояти Сирдарё фаъолияташро давом дод.
Бино ба қарору фармонҳои роҳбари давлат дар мамлакатамон ба рушди соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Клиникаҳои хусусӣ ба вуҷуд омаданд.
Қаҳрамони мо хост аз ин имкониятҳо босамар истифода барад.
Ин буд, ки бо маслиҳату дастгирии падару модар – Адибек ва Қурбоной Ҷамъияти масъулияташ маҳдуде созмон дод ва ин маскани шифо зуд мизоҷони худро пайдо кард.
Дар ин ҷо бемориҳои фишорбаландӣ, дилу раг, гурда, ҷигар ва амсоли он бо сӯзандоруву масҳ муолиҷа карда мешавад. Ба ғайр аз ин, оби гарми ёддор, намаки баҳр ва дигар гиёҳҳои шифобахш ба тани беморон дармон мебахшад.
– Соле ду маротиба дар ин маскани шифо, дар баробари истироҳат, саломатиамро барқарор менамоям. Ҳар як хона дорои телевизор, яхдон, кондитсионер ва мизу курсӣ аст. Ин ҷоро маскани шифо ва дӯстиву рафоқат гӯем ҳам мешавад. Бо Гулбаҳори қирғиз, Орзугули тоҷик, Ҳидоятхони қазоқ ошноӣ пайдо кардам, – мегӯяд бемор Ситорабонуи хуҷандӣ.
– Вақте фасли баҳор расид, гулҳои шукуфта, дарахтони меваноку сояафкан ба ҳусни маскани шифо меафзоянд. Дар замини рӯйи ҳавлӣ барои хӯроки беморон сабзавоту кабудиҳо кошта мешаванд, – мегӯяд холаи Қурбоной.
– Бобокалони ман аз деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориш будаанд. Солҳои муҳоҷиршавӣ ба дашт кӯч баста, дар ободу шодоб гардондани заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯл саҳми худро гузоштаанд. Нақши падару модар дар тарбия ва ба камол расондани фарзанд хеле назаррас аст, – гуфт дар фарҷоми сухан Асқар.
Бале, қадимиёни мо беҳуда нагуфтаанд:
Бе пир марав, дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Фарзандони қобил, аз рӯйи анъана, ҳар кореро оғоз намоянд ё ба сафари дуре омодагӣ гиранд, аз пирони хонадон – бобову бибӣ ва падару модар дуои фотиҳа мегиранд. Асқар низ пеш аз оғози кори нек аз пири кори худ – падараш ва модари меҳрубонаш дуо гирифта буд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».