БЕҲИН КОРЕ, КИ АНДАР ЗИНДАГОНИСТ

Бузургмардони олами хиради мо некӣ ва накӯкориро чун яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ бисёр тараннум кардаанд.

 Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мефармояд, бояд ба дунё бо чашми хирад нигарист ва ҳамеша некӯкорӣ кард.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми
хирад,
Не бад-он чашм, к-андар 
он нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Бо мутолиаи ин фармудаҳои ҳакимона мақоли мардумии «некӣ куну ба дарё андоз» ба хотирамон мерасад, ки маънояш: «ҳамеша накӯкор бош, вале ба ивази некият чизеро умедвор нашав».
Дуруст, ба ивази некие, ки ба нафаре кардаем, аз ӯ ҷавобан чизеро чашмдор будани мо хатост, вале мукофоти он некӣ аз ҷойи дигар хоҳад баргашт.
Ҳаёт мубориза аст, мегӯянд бузургон. Мубориза чӣ маънӣ дорад? Муаллифи «Футувватномаи султонӣ» Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар фасли сеюми рисолаи худ, ки оиди тариқати ҷавонмардист, муборизаро шарҳ дода, таъкид месозад маънои он аз хилқати одамизод баромадааст, яъне одамизодро лозим аст барои мақбулсозии хулқу атвори худ доимо ҳаракат намояд. Ҳақиқати  ин калима дар он ки сифатҳои мақбул ва номақбуле, ки дар инсон мавҷуд, ҳеч вақт ба ҳам созиш намекунанд: сифате, ки мавҷуд, ҳамеша аз пайи дафъ кардани сифатест, ки ба он муқобил аст. Аз ин мебарояд, мубориза ҳамин хусусияти дар хилқати инсон мавҷударо ифода менамояд. Дар мубориза, албатта, қувват ва қудрат чизи муҳим. Вале Кошифӣ дар ақидаест қувват ва қудрат на ҳамеша дар ҷойи авваланд, зеро ҳайвонҳое мавҷуданд, ки назар ба инсон хеле пурқувват. Аммо дар онҳо илму дониш нест. Қувва бошаду онро ақл идора насозад, шоҳеро монад, ки лашкар надорад. Танҳо дар вазъи ба ҳам мувофиқ омадани қувва ва илм инсон ба иҷрои ҳар гуна амалҳои нек қодир аст. 
Кошифӣ меафзояд, агар пурсанд, ки мубориза ё худ ҳарб илм аст ё амал, ҷавоб бидеҳ он илмест, ки ба амал сахт вобастагӣ дорад.
Дар некӣ ва накӯкорӣ, ки ҳикмат зиёд, мехоҳем ба дигарон нағзӣ кунем, вале ғурур, худписандӣ ва лоқайдӣ, ки дар вуҷуди мост, ҳамеша ба кор халал мерасонад.
Дар атвори мо агар сифатҳои хуб дастболост, олам гулистон. Бо дарёфт ва шод кардани диле шодӣ кардан бахти баланд аст.
Назар ба фикри донишмандоне, ки аз одамият сабақ медиҳанд, накӯии кас дар се намуд зоҳир мегардад. Яъне, дар меҳру муҳаббат ба бародарону ақрабо, ба ҳамсар ва фарзандон, ба аҳли диёр.
Инсон бояд аз бародарон некии худ дареғ надорад, олиҳиммат бошад, бо садоқати том ба онҳо мададгорӣ намояд. Аллома Абулқосим Маҳмуд аз- Замахшарӣ дар ин бобат чунин панд медиҳад: «То даме дар чанголи марг наӣ, аз ҳеч кас кумаки худ дареғ надор. Аз ҳоли муҳтоҷон ҳамеша бохабар бош, ба онҳо бо дасти кушод эҳсон намо. Бахт ва барака ба оне, ки дарвозааш кушод, ато гардида, ин чизҳо аз дарвозаи пӯшида мегурезанд. Дар ҷое, ки барака мавҷуд, меҳру оқибат ва накӯӣ ҳукмрон мебошанд». 
Ҳирс ба моли дунё инсонро аз имон, аз инсонигарӣ дур сохта, ӯро ба шайтон мутеъ менамояд. Аз ин гуна шахсон некӣ, шафқат, мурувват интизор шудан хатост. 
Амалҳои некӣ ва накӯкорӣ, дар навбати аввал, некхоҳи касон будан, нафсро лаҷом зада тавонистан, аз одатҳои бад даст кашидани онҳо имон ва виҷдони покро чун қалъаи мустаҳкам аз ҳар гуна бало эмин медоранд. Аз ҳад беш молу дунёпарастӣ ҷуз душманӣ ба худ чизи дигаре нест, гуфта мешавад дар ҳадисе. Аз қабоҳат дурӣ ҷустан низ яке аз намудҳои некӯкорист. Бузургон панд медиҳанд, инсон қабл аз ба иҷро расондани коре бояд аввалу охир, кунҷу паҳлӯҳои онро санҷад, аз бадӣ худдорӣ сохта, бо марвориди накӯӣ ҳаёти худро орояд. Дар он вақт вай асло кам намешавад, ҳаёташ ҳам хуб ва осуда мегузарад. 
Луқмони ҳаким ба фарзандони худ панд медод: «Ҷигаргӯшаҳои азизи ман, шумо ҳамеша барои соҳиб шудан ба ҳиммати олӣ бикӯшед, ба хотири молу дунё ба бемеҳрию сангдилӣ ном набароред. Маълум, ки молу дунё ҳеҷ вақт ба кас вафо накардааст. Накӯиро чун мерос ба худ қабул кунед, он иқболи шуморо чун ҷавшан ҳамеша муҳофизат менамояд». Чунин марҳамати Ҳазрати Умар низ қобили таваҷҷӯҳ: «Нисбати одамон қабл аз ҳама бояд дили шумо рост ва мувофиқ бошад, дар ҳамон вақт забонатон худ аз худ рост ва мувофиқ мегардад. Агар дар зиндагӣ босабр ва қаноатнок набошед, он ба залолат меоварад. Барои ҳамин, нахустин нишонаи накӯӣ, бешак, дар қаноат зоҳир мегардад. Гузаро будани ин дунёи фониро асло фаромӯш насозед ва доимо некӣ кунед».
Инсон метавонад ба бисёр чизҳо эътиқод бандад. Масалан, ба ҳалолкорӣ, покӣ ва поквиҷдонӣ, некӣ ва савобҷӯӣ, ростию дурустӣ. Нағзӣ ба касонро мазмуни ҳаёт фаҳмидан – яке аз зеботарин шаклҳои эътиқоди пок.
Некӣ – тавлидгари меҳру оқибат. Меҳру оқибат, ки барҷост, иморати дӯстӣ мустаҳкам ва устувор. Дигар бе меҳру оқибат дӯстдориро тасаввур кардан душвор. Меҳру оқибат касонро ба якдигар қарин ва наздик, онҳоро ба тозагию хушзабонӣ, зебоӣ сафарбар месозад, қалбашонро аз эҳсоси наҷиб лабрез мегардонад.
Бо нони гандум дили кас ёфта натавонем, «сухани гандумӣ» ҳам надорем? 
Бо як даҳон сухани нағз низ дили касро чун кӯҳ бардоштан мумкин.
Оре, сеҳре дорад нигоҳи гарму дилбардор, муомилоти неку самимӣ ва суханони ширину меҳрангез. Адиби тоҷик Пӯлод Толис дар ҳикояаш «Одами нек» накукориро талқин сохта, таъкид намуда буд хушбахтӣ – ин вохӯрӣ бо одами хуб ва хушмуомилаву самимист, ки таъсири як сухан ё суҳбати меҳромезашро чанд вақт ҳис кардан – хушҳол ва болидатабъ рӯз гузаронидан мумкин.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: