3. ГАНҶИНАИ МАЪРИФАТ

Китобхонаи шахсии адиб Карим Тошқулов яке аз марказҳои таблиғу ташвиқи илму фарҳанг ва маърифату маънавият дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ба шумор меравад.

Ин китобхона аз маркази ноҳия ҳамагӣ дар масофаи 3 километр, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Аэродром» воқеъ шуда, барои мардуми ин деҳа хидмати беминнате мекунад. Китобхонаи шахсии Карим Тошқулов дар байни сокинони маҳаллаи мазкур ва берун аз он маҳбубияти хосе дорад. 
Китобхонаи мазкур дар ҳавлии худи адиб ҷой гирифтааст ва ҳамзамон вазифаи хонаи эҷодӣ ва осорхонаи оилавии сулолаи Тошқуловҳоро иҷро мекунад. Як гӯшаи онро асбобҳои мусиқӣ оро медиҳанд, ки маҳз ба пешаи худи Карим Тошқулов (устоди мусиқӣ) ва фарзандони ӯ ишорат мекунад. Мавсуф пас аз хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон умре дар соҳаи санъат ва маданияти ноҳия кор карда, солҳои зиёд раҳбари мактаби мусиқӣ будааст. Имрӯз ин вазифаи пуршарафро писари ӯ Зафар Тошқулов идома медиҳад. Ин аст, ки аҳли оила бештар ба адабиёт ва санъат дилбаста ҳастанд ва хоса сарвари хонадон – Карим Тошқулов яке аз мухлисони беҳамтои адабиёт мебошад. Меҳри ӯ ба адабиёт ва санъат ҳанӯз аз овони мактабхонӣ бедор шуда буд. Вай ғолибан муаллифи 16 маҷмӯаи насриву назмӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва китобҳои марбут ба таърихи ноҳия мебошад. Карим Тошқулов зимни суҳбат гуфт, ки аз замони донишҷӯӣ ба харид ва гирд овардани китобҳои гуногун шуғл варзида ва ин одати ҷавониаш ҳанӯз пойбарҷост. Вай таъкид кард, ки даврони донишҷӯӣ дар пойтахти Тоҷикистон агар маблағе пайдо мекард, зуд сӯи китобфурӯшиҳо мешитофт. 
– Агар шарикдарсонам бештар ба харидани либосу  ғизо меҳр меварзиданд, мани ташнаи илм зиёдтари маблағи худро ба харидани китоб масраф менамудам, – аз он замонаҳои тиллоии умри худ ёд оварда мегӯяд ин пири хирадманд. 
Ин тавр, китобхонаи шахсии ӯ батадриҷ ғанӣ мегардид ва вақте донишкадаро хатм кард, ба зодгоҳ бо воситаи почта зиёдтар аз даҳ бастаеро ирсол намуд, ки ҳама иборат аз китоб буданд. Падараш Қобил Тошқулов ҳар боре, ки ин бастаҳоро мегирифт ва харсавор то хона мерасонд, вуҷудаш аз ифтихор пур мешуд ва раҳораҳ Парвардигорро шукр мегуфт. 
– Ана ин ганҷро барҷой мон, кампир, – овози марғуладори Қобиламак ҳавлиро пур кардаву бо як сурури беқиёс ба завҷааш муроҷиат мекард: – Каримҷонамон, ки омад, худаш ҳисобашро меёбад.
Модараш Норбибӣ – олиҳаи хонадон ҳам аз феъли падару писар воқиф аст. Вай нек медонад, ки онҳо ба қаламу коғаз меҳри алоҳидае доранд ва ин аст, ки фармоиши шавҳарро нишотманд иҷро карда, хазинаи фарзанд – китобҳои ӯро ба гӯшае маҳфуз медошт...  
Дар ибтидо аз ин амали Карим ҳамдеҳагонаш шигифтзада мешуданд, гиребон ҷуфт мекарданд, ки наход аз Душанбе барин шаҳри азим ба ҷои чизҳои барои рӯзгор муҳим, баста-баста китоб мефиристад. Аммо онҳо – мардуми содаву беғубори деҳот баъд фаҳмиданд, ки китоб дар рушди инсон чӣ нақше босазо дорад. Карим Тошқулов ҳар як китобро мисли як тан аз фарзандонаш дӯст медорад ва дар таърифи ҳар кадоми онҳо, таърихи ба даст овардани он ганҷи нодир соатҳо нақл мекунад. Аз нақли баҳарорати адиб ва муаррих маълум мегардад, ки китобҳо дар ҳаёти ӯ чӣ нақши рангине доранд. Вай то ба имрӯз зиёдтар аз 2500 китоби нодирро ҷамъ овардааст, ки дар байни онҳо китобҳои дастхатии қадимаро низ метавон мушоҳида намуд.
Адиб аз миёни рафҳои бешумор китоберо мекашаду бо мамнуният нишон медиҳад. Дар саҳифаи аввали он бо имзои нависандаи маҳбуби тоҷикон Фотеҳ Ниёзӣ чанд сухани гарме дарҷ шудааст. Карим Тошқулов дар даст боз китоби дигареро гирифта, бо меҳри беандоза варақ задаву айёми дуреро ба хотир меорад:
– Соли 1975. Он вақт донишҷӯи Институти санъати Тоҷикистон будам, дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе бо нависанда Фотеҳ Ниёзӣ ва шоири шаҳир Мӯъмин Қаноат дидору мулоқоти хотирмоне баргузор гардид. Дар он маҳфили шеъру сухан кулли донишҷӯён ширкат доштанд ва аз суҳбатҳои марғуби адибон баҳравар гаштанд. Хушбахтона, он ҷо ман ҳам ҳузур доштам ва дар поёни чорабинӣ аз устодони сухан барои ёдмон дар муқоваи китобҳои мутааллиқ ба қалами онҳо «Ҳар беша гумон мабар, ки холист...» ва «Суруши Сталинград» соядасте гирифтам. 
Карим Тошқулов гуфт, ки дидору мулоқотро бо адибони номвар хеле дӯст медошт ва ҳар вақт чунин чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардиданд, аз баҳри ҳама кор гузашта дар он иштирок мекард. Вай бо ифтихор мегӯяд, ки яке аз чунин вохӯриҳо бо шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода иттифоқ афтода буд ва суҳбати ин марди беназир ба ҳозирон аҷаб таассуроти хубе гузошта буд.    
Чунин китобҳо бо соядасти бузургони адабиёти тоҷику ӯзбек дар китобхонаи Карим Тошқулов хеле зиёданд. Бо ҳар бори даст дароз намудан ба рафи китобҳо дар дасти ӯ китобе меомад, ки ҳатман соядасте доранд ва ба ягон адиби номвари кишвар мутааллиқ ҳастанд. Масалан, китобҳои Абдулло Орифов, Исмоил Тӯхтамишов, Тӯлқин Ҳайит, Асадулло Исмоилзода, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҷаъ-фар Муҳаммад, Асрор Бобоев ва академик Ҳайдар Бобобеков барин шахсиятҳои маъруф дар рафҳо ҷой гирифтаанд. Бояд таъкид намуд, ки як қисми ин китобҳо ба забони тоҷикӣ буда, дар як гӯша чида шудаанд ва ба таъкиди соҳиби китобхона бештар аз 500 нусхаро ташкил медиҳанд. Карим Тошқулов илова намуд, ки қаблан дар сар ташкил намудани як чунин китобхонаро надошт, бинобар ин аксари китобҳои ӯро фарзандони таборонаш бо худ бурдаву дигар барнагардонидаанд. Баъд дар сари ӯ ғояе пайдо мешавад, ки агар ин хазинаро дар шакли як китобхонаи алоҳида ба насли оянда боқӣ гузорад, беҳтарин амал хоҳад шуд. 
– Ҳамин тавр, панҷ сол муқаддам аз ин, китобхонаро ҳамчун меҳмонхонаи худ таъсис додам, – нақл мекунад адиб. – Ва ҳоло аксари меҳмононам аз он дидан намудаву изҳори хушнудӣ мекунанд, ки ба як амали савобе даст задаам.
Аз нақли Карим Тошқулов дарёфтам, ки дар расми кушоиши китобхонаи ӯ муовини ҳокими вилоят Рустам Йӯлдошев ва муовини ҳокими ноҳия Баҳодур Амонов низ иштирок кардаву аз ин амали хайри адиб ҷонибдорӣ намудаанд. Минбаъд раиси бахши қашқадарёии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ғулом Абдуев ва раиси бахши маънавият ва маърифати ноҳия   Ринат Қӯзибоев низ ба китобхона омадаву барои ғанӣ сохтани фонди он ҳисса гузоштаанд. Вақте Карим Тошқулов дар байни кормандони тарғибгари корҳои эҷодӣ ва маданиву маърифатии мактабҳои ноҳия ҷойи аввалро сазовор гашта, Деҳқонободро дар сабқатҳои вилоятӣ муаррифӣ намуд, Лола Саодатова, мудири бахши маънавият ва маърифати вилоят барои китобхонаи ӯ 20 адад китоби нодирро тӯҳфа кард. Китобхона ва осорхонаи Карим Тошқулов соли 2022 дар як озмуни ноҳиявӣ дар байни китобхонаҳои минтақа ғолиб омада, дар озмунҳои вилоятӣ низ ширкат варзид. Ҳокимияти вилоят ва ноҳия даҳҳо «Ташаккурнома»-ву «Фахриянома»-ҳо ирсол дошта, хидматҳои адибро дар роҳи тарғиби маънавият ва маърифат дар байни ҷавонон қадр кардаанд. Овозаҳои муваффақияти китобхонаи К. Тошқулов зуд ба гӯши ҳокими ноҳияи Деҳқонобод Зойир Алиқулов низ расидаву ӯро водор сохт, ки ба ин маскани маънавият ташриф оварад. Зойир Алиқулов ба китобхона омада, дар як гӯшаи маҳаллае ташкил ёфтани чунин бунгоҳи маърифатро амали шоиста ва хеле саривақтӣ номид. Вай пас аз дидору мулоқот ба соҳиби китобхона ваъда дод, ки барои ғановати он саҳм хоҳад гузошт. 
Карим Тошқулов гуфт, ки китобхонаи ӯ дар маҳаллаи «Аэродром» хеле маъруф аст ва мардуми ин музофот зуд-зуд омадаву китобҳои дилхоҳи худро гирифта мебаранд. Ҳатто муҳаққиқони корҳои илмӣ барои таълифи рисолаҳои худ аз манобеи китобхона истифода мебаранд. 
Ҳоло қисмати бештари хонандагони китобхонаи Карим Тошқуловро зиёда аз 30 нафар набераву абераҳояш, шогирдони дабистони рақами 89-уми маҳаллаи «Аэродром» ташкил мекунанд ва маҳфили эҷодкорони ин мактаб низ дар ҳамин китобхона доир мегардад. Карим Тошқулов – ин марди ҳамеша дар такопӯ дар мактаби мазкур тарғибгари корҳои эҷодӣ ва маданиву маърифатӣ аст ва шогирдони соҳибистеъдодро ҷамъ овардаву намунаи эҷоди онҳоро таҳлил намуда, беҳтаринҳояшро барои нашр тавсия мекунад. Яке аз узви беҳтарини маҳфили эҷодкорони ҷавон Улҷамол Самадова мебошад, ки маҳсули қалами ӯ дар маҷмӯаи дастаҷамъии «Ғунчаҳои Деҳқонобод» ҷой гирифтааст. Вай хонандаи синфи 8-ум аст ва истеъдоди баландаш аз он дарак медиҳад, ки ноҳия минбаъд соҳиби як шоираи тавоное хоҳад гардид.
Бисёре аз чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ, ба монанди Лоиқхонӣ, Бобурхонӣ, Навоихонӣ ва дигарҳо дар ҳамин китобхона мегузаранд ва аксари онҳо бо ташаббуси адиб Карим Тошқулов баргузор мегарданд.  
Агар ҳокимияти ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ як штати корӣ ҷудо намояд, сифати кори китобхона ба маротиб афзуда, нақши он дар ташаккули ҷаҳони маънавии мардум боз нишонрас хоҳад шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: