4. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ

(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор

4. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ
(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

(Эссе)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои № 68, 69, 71).
 ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ ҲАКИМ НОСИРИ ХУСРАВ 
(1004-1088)

Ҳакими бузург! Тақдир ва сарнавишти талхи шуморо пасовандонатон дар асри ХХI хеле хуб медонанд. Медонанд, ки Шумо асосгузори жанри илми таърихии «Сафарнома» на танҳо дар фарҳанги форсизабонон, балки аврупоиён ҳам эътироф шудаед. Аз саромадон ва мутафаккирони барҷастаи мазҳаби исмоилия дар ислом, шоир, теософи беназири фарҳанги эронӣ, самимитарин ҳақгӯ ва ҳақҷӯйи давраи худ, оштинопазир бо беадолатӣ, бефаросатӣ ва худкомӣ будаед. Бесабаб нест, ки пажуҳишгарони эҷодиёти серҷанбаатон шуморо «ошӯбгар»-и бузурги замони худ номидаанд.
Шумо ба наслҳои оянда таълим додаед, ки бояд гургро гург, рӯбоҳро рӯбоҳ, қотилро қотил ном бурд. Аммо мо  гургро соҳибкор, рӯбоҳро соҳибмансаб, қотилро сарбоз мехонем.
Бо вуҷуди он, ки дар замони мо бисёр масъалаҳо ба «гиреҳи дил» табдил ёфтаанд, мо аз шумо танҳо барои ҳалли яктои он – масъалаи тақдир ва сарнавишти забони форсӣ дар ин замони рақамӣ, компутерӣ, техникӣ ва технологии худ пурсиданием. Соҳибони ин  забон дар кишвару шаҳрҳои таърихӣ ба нудрат сухан мегӯянд, ки ин «гиреҳи дил»-и худ, яъне аз байн рафтан ё  махлут шудани, ба қавли Шумо, «дурри форсӣ»-ро забонҳои дигар бикушоянд.
Чӣ бояд кард, ки  забони порсӣ (форсӣ)-и замоне нуфузу шуҳраташ ба Ҳинду Бангола расида, ҳоло зери таъсир ва бори вазнини забонҳои ҳокими айёмҳо – ғарбиву урупоӣ «нафас» кашида наметавонад. Ҳарчанд аз лиҳози фарҳангсозӣ аз дигар забонҳои мутараққии олам камӣ надорад ва шояд дорои  баъзе бартариҳо ҳам бошад. Фармудаед, ки:
— Азизон! Равшан аст, ки ҳар забон соҳиб дорад. Модоме ҳомилони забон ба таври бояду шояд ҳисси ҳамдиливу ҳамбастагии сарҳадиву ҷуғрофӣ, манофеи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молӣ, бозори умумӣ, рафтуои хешу таборӣ надоранд, яқинан, бегонашавии на танҳо психологӣ, фарҳангӣ, балки забонӣ ҳам рух медиҳад. Дар чунин талотумҳои таърихӣ мафҳумҳои тоҷикон ҳам бо забони порсӣ (форсӣ)-и худ гирифтор шудаанд. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи мавҷҳои таърихӣ мафҳумҳои «забони тоҷикӣ», «забони дарӣ» (кобулӣ), «забони форсӣ» (теҳронӣ) пайдо шуданд, ки на танҳо натиҷаи бозиҳои сиёсӣ, балки бемасъулиятӣ ва адами оқибатандешӣ нисбати тақдири забони худ аз ҷониби соҳибзабонон ҳам мебошад. Бесабаб набуд, ки  яке аз соҳибони бузургтарини ин забон Низомии Ганҷавӣ оқибатандеширо дар зиндагӣ аз «коми дил» заруртар медонист. Бо амри таърих ё тақдир тоҷикон аз  охири асри ХIХ ба мадори гардиши фарҳангии нимарусӣ ва нимааврупоӣ дохил шуданд. Чӣ гуна, чӣ тавр, бо кадом сабабҳо, ин масъалаи дигар аст. Дар натиҷа забони форсӣ зери  таъсири бениҳоят шадид қарор гирифт. Форсӣ тадриҷан аҳамияти фарҳангсозӣ, илмӣ, умуман, ҷаззобияеро, ки дар гузашта дошт, аз даст дод. Барои рушди ҳаматарафаи он ангезае ё омили моддиву маънавие боқӣ намонд. Ин аст, ки байни тоҷикон, алалхусус зиёиён, канорагирӣ аз забону таърихи худ ба вуқӯъ омад. 
Барои ҳифзи забони худ ва ба пояи баланди созандагӣ, илмӣ, фалсафӣ, техникию технологӣ, иттилоотӣ расондани он тафаккур лозим аст. Агар тафаккур набошад, забон аз чаҳордевори хона берун баромада наметавонад ва аз қудрати созандагӣ, ихтироъкорӣ бозмемонад. Забон дар пояи равиши умумии фарҳанги умумибашарӣ, тараққиёти илму техникаи муосир рушд мекунад ва зинда мемонад.
Бо забони даҳлезӣ даъвои фатҳи кайҳон кардан ва ба сатҳи фарҳанги умумибашарӣ расидан хилофи имкон аст.
Дуруст аст, ки забон аз василаҳои муҳимтарини нигоҳ доштани  ҳувияти шахс ва миллат ба шумор меравад. Аммо худшиносии шахс ва миллат бинобар қудрати созандагӣ ва замонавӣ будани забон сурат мегирад. Набояд фикр кард, ки омӯхтани забон аз мактаб сар мешавад. Не, азизон, омӯхтани забон аз гаҳвора, аз хондани суруди «Лолоӣ»  оғоз мегирад. Дар мактаб ин омӯзиш ташаккул меёбад. Вақте ки падару модари кӯдак бо забони «шикаста» ё даҳлезӣ сухан мекунанд, забони «фиджӣ» – махлут ба забони бегона ё ҳоким пайдо мешавад.
Ҷаҳолат аз гум кардани забони хеш оғоз мешавад.
Ба ман барои донистани бузургӣ ва фасоҳати забони худ – порсӣ лозим омад, ки забони арабиро бо тамоми сарфу наҳваш беҳтар аз арабҳо, амиқтару хубтар биёмӯзам. Дар натиҷа арабиро «форсӣ» кардам, мисли он, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо порсӣ «Аҷамро зинда кард». Диди фалсафиро дар шеъри порсӣ ҷойгузин намудам. Дар шеъри порсӣ на танҳо эҳсосоти бадеӣ, балки масъалаҳои мубрами иҷтимоии замонро низ инъикос кардам, ба тамҷид ва ситоиши беасоси ҳокимону умаро роҳ надодам.
***
Азизон! Замоне расидааст, ки  барои ба об нарафтани бунёди «дурри порсӣ» ду омили аз ҳам ҷудонопазир бояд созмон ёбад. Яке инояти беғашу бедареғи расмӣ, дигаре ташаккули мусоидати ҳамарӯзаи маънавӣ ва ҳолати рӯҳӣ барои пешбурди забон дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ (театр, адабиёт, матбуот, техника, илм, интернет, телевизиону радио, мактабу маориф...). Дар дигар ҳолат забон ба забони «фиджӣ» табдил меёбад, тавре дар боло ишора шуд ва ба фишори техникаю технология, иттилооти рақамии замон истодагарӣ карда натавониста, аз фарҳангсозӣ боз мемонад. Ҳифз кардан ва равнақ додани ҳар як забон, чун яке аз арзишҳои муҳимтарини маънавӣ ва ҳувияти миллӣ, бояд на танҳо дар Сарқонуни  давлат, балки дар дилу виҷдони миллат ҳам сабт ёбад.


(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: