Тӯфони уқёнусӣ ба музофоти Канада вазъияти фавқулода овард

Табиат дар минтақаҳои гуногун, гўё дар посух ба таъсири зараровари антропогенӣ ба муҳити зист дар даҳсолаҳои охир ба инсоният ҳодисаҳои ногаҳонии ногувор пешкаш мекунад.

Ин дафъа ба сабаби боридани барфи зиёд дар Шотландияи Нав (Канада) дар музофот вазъияти фавкулода эълон карда шуд.

Бино ба маълумоти Бюрои миллии обуҳавошиносӣ, дар рӯзҳои наздик дар шимоли вилоят боридани барфи зиёд (то 150 см) дар назар аст, ки нисбат ба меъёри моҳи феврал дар ин минтақа ду баробар зиёд аст.

Ба ғайр аз боридани барф шамол низ шиддат мегирад: суръати он дар баъзе ҷойҳо ба 28 метр дар як сония мерасад.

Дар ҳоли ҳозир кори муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Шотландияи Нав қатъ ёфтааст ва хадамоти наҷотдиҳӣ ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ҳолати зарурӣ аз хонаҳои худ берун набароянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: