4. ҲАСРАТ

(Қиссаи тамсилӣ)

Юнуси ИМОМНАЗАР

4. ҲАСРАТ
(Қиссаи тамсилӣ)

(Охираш. Аввалаш 
дар шумораҳои гузашта).
– На, ин тавр нест! Ҳақиқат ин, ки мо ҳамеша дастури сарварамонро анҷом додаем. 
– Яъне агар сарваратон гӯяд, худатро аз бом парто – мепартоӣ?
Як лаҳза хомӯшӣ ба миён омад. Бӯзинаҳои дигар низ гоҳ ба саргурӯҳи худ, гоҳе ба Баҳром чашм дӯхта, бо дудилагӣ надонистанд чӣ ҷавобе ба асп диҳанд. Фурсате гузашту як бӯзинаи пир, ки аз ниҳояти қадди хамида нӯки ангуштонаш заминро мехарошид ва ду синаи овезонаш ба мисли халтаҳои дӯғ ҷунбида меистоданд, ҳайратангез пурсид:
– Шумо чӣ мефармоед, ба дастурҳои Шабдез гӯш надиҳем?
То ин ҷойи суҳбат Уқоб низ баргашту омад. Аз фарти хашму ғазаб наметавонист сари чор по қарор бигирад. Агар Баҳром ишораи ором бошро намекард, омода буд дубора ба сари харҳои дигар ҳамла оварад. 
– Ҳадди ақал, дар паҳлуи аспон ба ин харҳои дайду низ бор занед! – ба бӯзинаи пир рӯ оварда гуфт Баҳром. – Барои чӣ инҳо ба фароғат машғуланд, наметавонед ҷамъ карда ба сари бор биёваред? 
Уқоб тоқат накарда давида омаду ҷилави ду байталро, ки тоза каҷоваҳои онҳоро бо санг пур карда буданд, гирифт ва ба саркоргари бӯзинаҳо амр дод: 
– Ҳамин ҳозир инҳоро аз бор озод кун! Имрӯз дигар аспе бор намекашад, фаҳмидӣ чӣ мегӯям?! 
Саркоргар бо ҳарос ҷавоб дод: 
– Ба чашм! Дигар ба аспон бор намезанем!
Тамоми бӯзинаҳо аз нав ба кор часпиданд. Дар як гоҳи воҳид ҳама харони хурду бузурги ҷамъшударо ба зери бор кашиданд. Пайи ҳам дулингаҳои най, ходаю чӯбҳои вассагию болорӣ, санги каҷоваҳо, ҳезумҳои тару хушк ба пушти гӯшдарозоне, ки то ин дам дами роҳату осудагӣ мезаданд, боргирӣ шуд ва қофилаи нави харони борбар ба ҷониби маҳалли сохтмон роҳ пеш гирифт. Танҳо пас аз роҳ афтодани корвони харон Уқобу Баҳром аз кори худ мамнун шуда, ба ақиб гаштанд ва ба тарафи рӯди Зарнисор, ки қарор буд бо дӯстони худ дар маҳалли пули нав мулоқот кунанд, чорхез заданд.
***
Чун корд ба устухон расид, косаи сабр лабрез шуд. Аспони худогоҳ дигар тоқати дидану шунидани ҳаловат ва ар-урҳои шодиомези харонро надоштанд, ҳар талоше аз дасташон меомад, бар зидди онҳо анҷом медоданд. Бо дастури Шуҷоъ се аспи исёнгар ба самти гузари Бодпой сарнишеб шуданд. Дар он ҷо мочахари пир – Ахрами хабаркаш бо дастаи курраҳо нишеман гирифта буд. Рустодор Рахш бо машварати Гӯшдароз барояшон тамоми шароитро фароҳам кунонд. Дастур дод, ки то бузург шудани курраҳо ҳеч ҷонваре ба онҳо кор нафармояд. Як гурӯҳ бӯзинаи хидматкор низ хӯрду хурок ва имконоти хобу хези онҳоро таъмин мекарданд. 
Се аспи якрон, ки гӯё бо қадду басти шабеҳ, сурхрангӣ ва ёлу думҳои сапед мисли сегоник ба назар метофтанд, ҳанӯз равшании Офтоб надамида вориди гузари Бодпой шуданд. Гӯшае бо манзараи дилкаш, буттаю арчазори сарсабз... Боди маҳину диловез баданҳоро масҳ мекунад, садои шар-шари муназзами об мисли мусиқии ноз ба гӯш менишинад... Воқеан, хилватгоҳест холӣ аз ҳама ташвишҳои рӯзгор! 
– Ваҳ, чӣ сафою чӣ навое, хуш ба ҳолатон, гӯшдарозони хуштақдир! – садо баланд кард аспи пештоз Шабоҳанг. – Хурду калон бо сохтусозу гирумони зиндагӣ овора, инҳо ғарқ дар ҳавои роҳату фароғат шудаанд, хуш ба ҳолатон!
Дар идомаи сухани ӯ ҳамроҳаш Ҷавлон бо илҳом илова кард:
Ба изни Худои сабури алим,
Расидаст як хар ба ҷойи азим!
Рафиқи сеюми онҳо Паланг натавонист хашми худро нигаҳ дорад. Бо кибри ҳамешагӣ сарашро ба осмон ёзонда шиҳаи тӯлонӣ кашид ва бо зарда гуфт: 
– Мисли ин ки хонаи падарашон аст, курраҳои лаин! Инҳоро аз як сар бояд зада маъюб кунем, афту ангори зишташон ҳамчун теғ то ҷигар мехалад! 
Шабоҳанг дарҳол аз роҳи муросо овоз дод:
– Не, ҳаргиз ин корро накун! Паланг бояд бо шеру палангон биразмад, на бо бачаякони онҳо. Мо ба қасди Ахрам омадаем, он хабаркаши ҷосусро сар занем кифоя аст. 
Ҳар се ба дав гузаштанд. Ба маҳзи пайдо шудани онҳо дар чаманзори асосӣ, курраҳои фориғбол ба ҳарос уфтоданд ва ҳамоно думҳои хурди худро хода карда, пойҳои кӯтоҳи аллакай фарбеҳшудаашонро дар бағал гирифта, ба чор сӯ парешон шуданд. Чанд курра мустақим ба ҷониби хиргоҳи Ахрам фирор карданд, ки мақсади аспон ҳам он ҷо буд. Аз талотуми ногаҳонӣ Ахрами хоб ба худ омад, аз паси курраҳои ларзону ҳаросон меҳмонони нохондаи хешро диду дар шигифт монд. Кавораи вазнини худро аз рӯйи коҳу бедаҳои хушк бардошта, бо шитоб ба пешвозашон баромад.  Аспҳо вайро ҳалқасон печонида гирифтанд, нагузоштанд, ки ҳатто як қадам аз назди хиргаҳ дур равад. Мочахари пир чашмони хунгирифтаи аспонро дида ба изтироб омад, дарҳол аз зеҳни худ гузаронд, ки онҳо дар пайи қасос ҳастанд. Ба хотири кумак хостан буд ё аз тарс, беихтиёр сарашро сахт-сахт ҷунбонида ба ҳангос даромад ва дар ҳоле ки тамоми баданаш то буҷулакҳои по меларзид, лабҳои кашоли дурушташро кеш дода гуфт: 
– Шумо чӣ мехоҳед аз ман... Оё медонед, як тори мӯям кам шавад ҳазрати Рахш ҳамаатонро ба чоҳи дӯзах меафканад? Номардӣ накунеду ба роҳи худ равед... 
Дар ин ҷойи сухан лагади сангини Паланг ба фукаш фуромад ва ҳарфаш дар гулӯ монд. Ҳанӯз сарашро боло накарда буд, ки суми оҳанини Ҷавлон ба рӯйи бунаш нишаст. Хари пир сахт калавиду наафтод, вале ҳамон лаҳза гӯё бо путке ба паҳлуяш заданд, ки таодулро гум карду ба замин парчин шуд. Шабоҳанг аз зарбаи додаи худ мамнун ором-ором қадам ниҳода ба канор рафт. Ду ҳамроҳаш низ аз кӯфтан даст бардошта, ба самти ӯ гузаштанд. Ахрам ба хок жӯлида, беҳушу бехаёл дар замини хушк, ки алафҳояш аллакай зарду заҳир шуда буданд, афтода монд. Курраҳо то як санг роҳ гурехта, аз пушти дарахту буттаҳои боғ манзараро тамошо мекарданд. Ҳеч намефаҳмиданд, ки чаро сарварашонро аспон лату кӯб мекунанд.
– Ҳамин лаънатӣ ба ҳаёти бародари бузургамон Ёлдор зомин шуд, – ҳанӯз аз ғазаби худ нафуромада гуфт Ҷавлон, – то замоне, ки ин хабаркашҳои манҳус ҳастанд, мо рӯзгори ором нахоҳем дошт. 
Ҳамин дам Ахрами яксоншуда дасту по ҷунбонд, талвосаи хестан кард. Ин ҳаракати бемавридаш дубора хуни Палангро ба ҷӯш овард. Аспи неруманди ҷавон аз ҷойи истод яке чорхез зад ва бо суръати бод давида то Ахрам расиду чаҳорпо ба болояш ҷаст. Мочахари пир ин ҳамларо мунтазир набуд, баробари хӯрдани зарбаҳои ногаҳонӣ чандин бор ҳӯқу ӯқкунон садоҳои дарднок бароварду дар ҷойи афтодааш ҷон дод. Паланг нафаси роҳат кашид, шоду мамнун сар бардошта, шиҳаи баланди хурсандиомез сар дод. Аз пайи ӯ Шабоҳангу Ҷавлон низ шодмон шиҳа кашида дар ҷойи истодаи худ ду-се бор давр заданд. Бо ин хушҳолӣ ҳар се аз гузари Бодпой хориҷ ва ба сӯйи коргоҳи пулсозӣ раҳсипор шуданд. Онҳо, ки сарболо ба ҷониби мағриб мерафтанд, Офтоби зарринтоб нурҳои беохири худро аз пушт ба сару дӯши аспони пирӯзманд мепошид. Дар қафо курраҳои бесаробон ҳайрону музтар ва чанд нафар бӯзинаи хидматкор бо завқу шӯри беинтиҳо дар чаманзори гузари Бодпой монданд...

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: