НАМОИШИ ОПЕРАИ «АЛИШЕРИ НАВОӢ» ХЕЛЕ ХУБ ПАЗИРОӢ ГАРДИД

Шоми 8 феврал толори Театри калони академии ба номи Алишери Навоии пойтахт аз тамошобинон пур буд.

Дар ин ҷо операи «Алишер Навоӣ»-и композитор ва дирижёри маъруф, Арбоби санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев ба маърази тамошо гузошта шуд, ки ин опера ба баъзе паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти адиби бузург, арбоби давлатӣ Мир Алишери Навоӣ ва дӯстиву рафоқати ӯ бо устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст.
Чунин ба назар мерасид, ки рӯи саҳна замони зиндагии Навоӣ, эҷоди «Хамса» ва осори атиқаи ӯ, ҳамзамон ҷаҳду талош барои рафъи мушкилоти мардуме, ки ба вай ҳамчун вазири аъзами Ҳусайн Бойқаро муроҷиат мекунанд, хеле хуб акси худро меёфт.
Саҳнае, ки дар он пазироии Мавлоно Ҷомӣ аз тарафи Навоӣ акс ёфтааст, хеле ҷолиб мебошад. Иззату икроме, ки Навоӣ нисбати устоди худ нишон медиҳад, бузургии ӯро дар баробари чунин нобиғаи адабу фарҳанги мардуми форсигӯ намоиш медиҳад. 
Аз тамошои опера боз дарёфтан мушкил набуд, ки Алишери Навоӣ ҳамеша дардошнои мардум буда, ин хислатҳои наҷиби вай қобили эътибору эҳтироми мардуми ҳамон давра қарор гирифтааст ва обрӯяшро байни авом беш аз пеш афзун намудааст. 
Нақшҳои асосии операро ҳунарпешаҳои шоистаи Ӯзбекистон Ҳотам Юлдошев, Маъсумахон Болтабоева ва Шукур Ғафуров, актёрон Рустам Алимардонов, Саидасрор Йигиталиев, Абдуғанӣ Рӯзиев,  Азиза Муҳаммедова,  Абдулло Ширинов, Камолиддин Муҳаммадиев, Шоҳида Нурматова ва дигарон хеле хуб офариданд. 
Коргардон ва басаҳнагузорандаи опера Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон Ҳайдаралӣ Қосимов мебошад. 
– Ман аз чунин муваффақона баргузор гардидани ин намоишнома ва пазироии гарми тамошобинон хеле хушҳол шудам. Барои ба чунин поя расидани опера бо ман якҷо маъмурияти Театри калони академии ба номи Навоӣ таҳти роҳбарии  Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Рамиз Усмонов заҳмат кашиданд. Интихоби шеъру ғазалҳо ҳам  кори саҳлу осон набуд ва маълум шуд, ки ин талошҳо ва ранҷи кашидаамон бесамар наянд, – гуфт зимни суҳбат Мустафо Бафоев. – Дар ин намоишнома оҳанги маъруфи «Муноҷот» аз «Шашмақом»-и классикӣ ба ҳайси асос мавриди истифода қарор гирифт, дар ҷараёни намоишнома ин оҳанг чанд маротиба садо дод, оҳангҳои «Шашмақом» бо мусиқии симфонӣ омезиш ёфт ва таровати онро ба карат афзун намуд.  
– Имрӯз рӯи саҳна омадани операи «Алишери Навоӣ»-и устод Мустафо Бафоев собит намуд, ки теъдоди мардуми шефтаи санъати опера дар кишвари мо беш аз пеш меафзояд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори театр Рамиз Усмонов. – Як нуктаи муҳимро қайд карданиам. Президент Шавкат Мирзиёев соли 2021 аз мо, кормандони соҳаи санъат ва фарҳанг тақозо намуд, ки симои аллома Навоӣ дар театрҳо рӯи саҳна оварда шаванд ва мардум онро тамошо кунанд. Операи «Алишери Навоӣ» маҳз ҷавоби амалии ҷамоаи мо ба ҳамин тақозои сарвари давлат мебошад. Ҷои шубҳа нест, ки театри мо бо рӯи саҳна овардани чунин намоишномаҳои пурмазмун ва пурмуҳтаво метавонад бо театрҳои мамолики гуногуни хориҷӣ рақобат кунад. 
«Шунидан кай бувад монанди дидан» мегӯянд мардуми мо. Ҳар кадоми шумо метавонед ба Театри калони академии ба номи Навоӣ ташриф оваред ва ин намоишномаро бевосита тамошо кунед.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: