Ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ, ки таърихи даҳсола дорад, аз бузургтарин мусобиқоти шоҳмот дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Дар он ҳуқуқ доранд шатранҷбозоне, ки дар рейтинги ФИФА зиёда аз 2300 хол ба даст овардаанд, иштирок кунанд.
Дар чаҳорчӯби мусобиқоти кунунӣ бо 108 ҳазору 250 доллари ИМА фонди ҷоиза 160 варзишгари боистеъдод аз 31 кишвари ҷаҳон ба рақобат омодагӣ мегиранд.
Дар рақобатҳои асосии мусобиқот аз кишвари мо Нодирбек Абдусатторов, Ҷавоҳир Синдоров, Нодирбек Ёқуббоев, Ҷаҳонгир Воҳидов, Шамсиддин Воҳидов ва нӯҳ шатранҷбози наврас ширкат мекунанд.
Озмун аз 11 то 21 октябри соли равон баргузор мегардад. Онҳо нӯҳ давраро дар бар мегиранд. Шатранҷбозе, ки ҷойи аввалро ишғол мекунад, 25 ҳазор доллари ИМА, барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор доллар, соҳиби ҷойи сеюм 10 ҳазор доллар хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки баргузории мусобиқаҳои ҷудогона миёни занон ва наврасон ба нақша гирифта шудааст.
Дар мусобиқаи байналмилалии «Qatar Masters Open», ки бори даҳум баргузор мегардад, шоҳмотбозони пурқуввати ҷаҳон Магнус Карлсен, Ҷорден ван Форест, Ҳикару Накамура, Аниш Гири, Гукеш Доммараҷу ва дигарон иштирок мекунанд.
Т. РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.