САРГАРДОНИҲОИ ЗИЁДАТӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАД

Имрӯзҳо, ақди никоҳ пас аз як моҳи ба Сабти далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ (СДҲШ) пешниҳод шудани аризаи никоҳшавандагон анҷом дода мешавад.

 Ба кӯтоҳ кардани ин муҳлат танҳо дар ҳолатҳои махсус ва мавҷуд будани сабабҳои узрнок иҷозат дода мешавад. 
Азбаски дар қонунгузорӣ чунин ҳолатҳо ба таври аниқ муқаррар карда нашудаанд, ин талабот дар амал ба таври гуногун маънидод шуда, муҳлати никоҳ бо асосҳои гуногун кӯтоҳ шудааст. Муқаррар шудани муҳлати якмоҳа барои никоҳ ва кӯтоҳ кардани ин муҳлат бо баъзе расмиятҳо вобастагӣ дорад, ки сабаби бе қайди никоҳ оила барпо кардани аксарият шудааст. Дар натиҷа, шумораи корҳои аз ҷиҳати ҳудудӣ муайян намудани падарӣ меафзояд.
Ин дар навбати худ вобаста ба тағйироти ҷомеа ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро ба давру замон мутобиқ гардонида, ба инобат гирифтани талабу дархости шаҳрвандонро талаб мекунад. Ғайр аз ин, ба Кодекси оила, ки соли 1998 қабул шуда, соҳаи мақомоти СДҲШ-ро бевосита ба тартиб медарорад, зарурати даровардани тағйироту иловаҳо ба миён меояд.
Лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар ҷаласаи навбатии Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд, аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки ба боз ҳам такмил додани раванди ташкили оила дар мақомоти СДҲШ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои шахсони никоҳшаванда ва тавассути сари вақт қонунӣ кардани ақди никоҳ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нигаронда шудааст.
Дар ин ҳуҷҷат муҳлати якмоҳаи барои ақди никоҳ зарурӣ бекор карда шуда, ақди никоҳ аз рӯйи натиҷаи муоинаи тиббӣ ба қайд гирифта мешавад, инчунин дар сурати аз панҷоҳсола боло будани шахсони никоҳшаванда ё байни шахсони никоҳшаванда фарзанд бошад, ёхуд ҳомила бошад, аз муоинаи тиббӣ ба таври ихтиёрӣ гузаштанро интихоб кардан пешбинӣ шудааст, ки барои пешгирии чунин низоъҳои дар боло зикршуда хидмат мекунад.
Меъёрҳои нави дар лоиҳа пешниҳодшуда ба боз ҳам содагардонии тартиби қайди ақди никоҳ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тавассути сари вақт қонунӣ кардани ақди никоҳ, инчунин пешгирии расмиятчигӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ нигаронида шудаанд.
Тибқи Кодекси оилаи амалкунанда ақди никоҳи зану шавҳар пас аз 1 моҳи муроҷиат ба СДҲШ ба қайд гирифта мешавад. Дар ин муддат никоҳшавандагон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳомила, таваллуди фарзанд, бемории яке аз тарафҳо ва ҳолатҳои дигар то ин муҳлат иҷозат дода мешавад. Азбаски, ҳолатҳои асосшавандаи кӯтоҳ кардани ин муҳлат муайян карда нашудаанд, меъёри ҳуқуқии дар амал ба таври гуногун истифода мешавад. 
Аз ҷумла, дар соли 2021 ба мақомоти СДҲШ зиёда аз 311 ҳазор ариза барои қайди никоҳ пешниҳод карда шуд. Аз ин шумора 5 ҳазору 800 ақди никоҳ бо сабабҳои гуногун дар тӯли се моҳ қайд нашуда бошад, дар соли 2021 аз беш аз 305 ҳазор никоҳ 50 ҳазораш бо муҳлати якмоҳаи кӯтоҳ ба қайд гирифта шудааст. 23 ҳазор ақди никоҳ бо сабабҳои ҳомила, 15 ҳазор никоҳ бо таваллуди кӯдак ва 12 ҳазор никоҳ бо сабаби беморӣ, сафари хидматӣ ва дигар як моҳ кӯтоҳ карда шуд.
Сарфи назар аз корҳои анҷом додашуда, ҳолатҳои бо асосҳои гуногун кӯтоҳ кардани мӯҳлати якмоҳаи бақайдгирии ақди никоҳ, яъне маълумотномаи тасдиқнашуда дар бораи бемории шахсоне, ки хешовандони зану шавҳар нестанд, маълумоти ноаниқи ҳомилаи арӯс (хулосаи УЗИ), фармони корхонаи хусусӣ дар бораи сафари хидматӣ, маълумотномаи фарзондоне, ки фарзандони умумии зану шавҳар нестанд ва ҳолатҳои манфии ба мақомоти СДҲШ пешниҳод кардани маълумотномаҳои тиббии бардурӯғ аз тарафи шаҳрвандон ба назар мерасанд .
Дар натиҷа ҳодисаҳои муқаррар намудани падарӣ нисбат ба кӯдак сол то сол зиёд мешавад. Аз ҷумла, соли 2020 наздик ба 49 ҳазор падарӣ муқаррар шуда бошад, дар соли 2021 ин нишондод беш аз 56 ҳазорро ташкил дод.
Аз ин рӯ, бо лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 13, 17 ва 212-и Кодекси оила тағйирот ворид карда шуд. Масалан, муҳлати якмоҳаи қайди ақди никоҳ ва асосҳои кӯтоҳ кардани он бекор карда шуда, тартиби ба расмият даровардани ақди никоҳ пас аз гузаштани шахсони никоҳшаванда аз муоинаи ҳатмии тиббӣ муқаррар карда шудааст. Инчунин, лоиҳа ба муддати якмоҳаи қайди никоҳ нигаронида шуда, тартибу шартҳои ташхиси ҳатмии тиббӣ тағйир наёфтааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳа муоинаи тиббии ихтиёрӣ барои шахсони оиладоре, ки синнашон аз панҷоҳ боло аст, ё соҳиби фарзанд, инчунин зани ҳомила ва шахсе, ки кӯдаки ҳомилаашро фарзанди худ медонад, муқаррар шудааст.
Пӯшида нест, ки дар амал бештари никоҳкунандагон қарори оила барпо карданро пештар қабул карда, бо мақсади ба расмият даровардани ақди никоҳ ба СДҲШ муроҷиат мекунанд. Танҳо дар соли 2021 дар 3 ҳазору 40 нафар арӯс ё домод дар натиҷаи муоинаи ҳатмии тиббӣ беморӣ муайян шуда бошад ҳам, бо розигии онҳо никоҳ қайд шудааст.
Сарвари давлат 20 июни соли ҷорӣ дар мулоқот бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба масъалаи оила дахл намуда, бо мақсади рушди асосҳои конститутсионии институти оила дар Сарқонун пешниҳод намуд, ки оила дар асоси розигии ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии марду зан ташаккул ёбад» ҳамчун ҷузъи табӣ ва такягоҳи ҷомеа бошад, таҳти ҳимояи махсуси ҷамъият ва давлат  қарор гирад. Ин як ташаббуси арзанда буда, изҳори дили ҳазорҳо ҳамватанони мо буд.
Дар ин росто аз ҷониби давлат мувофиқи қонун барои рушди ҳамаҷонибаи оила шароити зарурии иҷтимоию иқтисодӣ ва барои оилаҳои серфарзанд имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоӣ фароҳам овардан ба мақсад мувофиқ аст. Танҳо дар он сурат пояҳои иқтисодию маънавии оила мустаҳкам шуда, ҷавонон ҳаёти хушбахтона ба сар мебаранд. Дарвоқеъ, ин имкон медиҳад, ки расмиёти зиёдатӣ, бюрократия ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар мақомоти СҲДШ ва мақомоти тандурустӣ аз байн рафта, ҳолатҳои муайян кардани падарӣ ва ақди никоҳи қонунӣ коҳиш ёбад.

Мавлудахон ХӮҶАЕВА,
раиси Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.    
      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: