МЕЪМОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҶОПОН

Дар қасри маданияти байналхалқии Икуо Хироямаи Академияи бадеӣ фотонамоишгоҳи «Меъмории Ӯзбекистон ва Ҷопон: инъикоси анъанаҳо бо услуби замонавӣ« барпо гардид.

Дар намоишгоҳ таъкид гардид, ки байни Ӯзбекистон ва Ҷопон дар қатори дигар соҳаҳо  дар соҳаи фарҳанг низ як қатор пешравиҳо ба амал меоянд. Чорабинии имрӯза ба шиносоӣ ва таҷрибаомӯзии санъати меъмории куҳан ва замонавии ду кишвар нигаронда шудааст. Дар намоишгоҳ меъмории давраҳои гуногун, услуби замонавии онҳо дар бино ва иншоотҳои нав акс ёфтаанд. Инчунин дар аксҳо табиат ва иқлим, фалсафаи ҳаёт, урфу одат ва арзишҳои миллӣ ва тарзи зиндагии мардуми ду халқ ифодаи худро ёфтааст. 
Дар экспозитсия фотосуратҳои «Шоҳи зинда», «Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон», яке аз гумбазҳои бозори «Чорсу», «Хона-музейи Файзулло Хоҷаев», «Қасри Худоёрхон», «Ичан қалъа», қасри «Дӯстии халқҳо», «Биноҳои осмонбӯси Токио», «Меъмории закмонавии Токио» ва ғайра ҷой ёфтаанд. 

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: