ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК ВА ТАЪСИРИ ОН БА ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

Дирӯз дар Маркази матбуоти миллӣ дар мавзӯи «Ҳолати истихроҷи канданиҳои фоиданок дар маҷрои дарёҳо, минтақаҳои назди соҳил ва таъсири он ба обҳои зеризаминӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он таъкид гардид, ки тибқи қарори Президент аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани фаъолияти Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ» дар назди Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ Инспексияи назорати геологияи кӯҳӣ таъсис дода шуда буд. Инспексияи мазкур аз болои омӯзиши қаъри геологии замин, истифода ва муҳофизати он, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои тоза, маъданӣ ва зеризаминии саноатӣ, азнавкоркарди ашёи хоми минералӣ, ҳамчунин ба талаб риоя намудани асноди меъёрӣ ва қонунии шахсони ҳуқуқию ҷисмонӣ, назорат мекунад. Айни замон 406 субъекти хоҷагидории ҷумҳурӣ, аз ҷумла тибқи шартномаҳо 300-то бо Корхонаи унитарии давлатии «Дарёи бехатар»-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодда оид ба тоза кардани ҳавзаҳои дарё, 106 субъект тибқи иҷозатномае, ки Кумитаи давлатии геология барои ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои қаъри замин додааст, регу шағал истихроҷ мекунанд. 
Дар ҷумҳурӣ агар беш аз 400 нафар соҳибкорон дар ҳаҷми 19 560,2 ҳазор метри мукааб регу шағал истихроҷ карда бошанд, аз ин миқдор 9 272,64 ҳазор метри мукааб дар асоси литсензия ва 10 287,5 ҳазор дар асоси шартнома истихроҷ шудааст.
Корҳои оид ба тоза кардани ҳавзаҳои дарё ва таҳкими соҳилҳои дарё бо қарори Президент аз 25 сентябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори ҳифзи объектҳои об» ба тартиб андохта шудааст.
Дар назди Кумитаи давлатии геология вазифа гузошта шудааст, ки шартҳои истифодаи қитъаҳои заминро барои субъектҳои хоҷагидории дорои захираҳои муайяншудаи ҳавзаҳои об риоя намуда, барои қонуншиканиҳои ошкоршуда ҷазои маъмурӣ ва барои бекор кардани иҷозатномаҳо ба суд муроҷиат намоянд.
Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии геология ва Кумитаи давлатии экология дар соли 2021 фаъолияти 106 кони литсензиядор дар ҳавзаҳои об ва минтақаҳои ҳифзи об дар сартосари кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки муҳлати амал кардани 11 литсензия ба охир расида, дар 64 кон ҳолатҳои вайрон кардани қонун муайян шудааст, ки аз он 8-тоаш барои бекор кардани литсензия, 10-тоаш барои ҷазои маъмурӣ ба прокуратура баргардонида шуда, 12-тоаш дар прокуратураи вилоят дида мешавад.
Дар поёни чорабинӣ мутахассисони соҳа ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.

М.МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: