НАБЕРАИ МУЛЛО ҚУРБОНИ ҒЕЛОНӢ

Чашми рӯз равшан шуду модар ниҳоят тифли худро ба даст гирифт.

 Садои сурурангези навзод хонаро пур карда буд. Аз қазо субҳи ҳамон рӯзи нишотангез (20-уми январи соли 1964) моҳи шарифи Рамазон оғоз мешуд. Кӯдакро дар пайравӣ ба суннати ниёкон ва эҳтиром ба моҳи муборак Рӯзибой ном ниҳоданд. 
Рӯзибойи Қурбониён! 
Ин ҳамон тифл буд, ки ҳаёти Мулло Бобоқулу холаи Фотимаро ба нишот омехта, чароғи равшани хонадонашон гашт. Онҳо пас аз ин боз ҳафт фарзанд ба дунё оварда, як рӯзгори обод ва озодаеро бино гузоштанд. Аммо ҷойи фарзанди нахустинашон дигар буд – эътимоди қавӣ доштанд, ки Рӯзибойи онҳо мисли бобокалонаш Мулло Қурбони шаҳид шахси фозилу оқиле мешавад. Мулло Қурбони он вақт ҷавон дар замони ҳукумати амирӣ аз ҳамин деҳаи кӯҳистонӣ хеста, аз барои таҳсили илм гоҳ савораву гоҳе пиёда ба Бухорои шариф рафта буд. Вай нуздаҳ сол хоки мадрасаҳои ин шаҳри азиму қадим ва маркази илму динро лесида-лесида, билохира мадрасаи Мири Арабро бо муваффақият хатм кард ва чун муллои аъламе ба зодгоҳ баргашт. Аммо зайли замонаҳо тағйир ёфтанд. Соли 1936 Мулло Қурбони Ғелонӣ низ ба табъиди зимомдорон дучор омада, ба далели рӯҳонӣ будан ҳабс шуд. Ва соли 1937 дар сина аз тири кушандаи як фарзанди кӯрдил ба ҷавори Ҳақ пайваст... Писари ӯ Бобоқул чун ба воя расид, илми падарро пинҳонӣ омӯхт ва худ касби ронандагиро интихоб карда, то ба нафақа баромадан дар ҷамоати «Оқдарё» софдилона меҳнат кард. Аммо тамоми умр аз китобу олами мӯъҷизаи он ҷудо набуд. Китоб ва китобхонӣ дар оилаи ӯ ҷойгоҳи асосиро дошт. Мулло Бобоқул минбаъд дар замони истиқлол масҷиде, ки падараш Мулло Қурбон имом буд, аз таъмир баровардаву дубора аз рӯйхати ҳукумат гузаронида, обод сохт ва дар тарбияти маърифати динии ҷавонони деҳа саҳми арзанда гузошт. 
– Падарам то дами вопасин китоб мехонд ва дар оғӯш як ҷилд китоб (соли 2023) ҷон ба Ҳақ таслим кард. Вай як дуои хайре дошт, ки пайваста такрор мекард ва чӣ хуш аст, ки лаззати он гуфтори нек дар зеҳни ман ҷовидона мондааст. Падари китобдӯстам мегуфт: «Илоҳо, фарзандони моро ба дарди китобхонӣ гирифтор кунӣ!» – устод Рӯзибой Қурбониён он суханони беҳтар аз дурру гавҳари қиблагоҳро ба ёд оварда, хеле мутаассир мешавад ва ноаён ашки чашмонашро пок мекунад. 
Рӯзибойи Қурбониён дар чунин як хонадони муътабар ва мухлиси ашаддии китоб ба дунё омад. Рӯзгори минбаъди вай низ бо нишондоди падари оқилаш ба дунёи китобҳо пайваст гашт. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 58-уми ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳаи Ғелон соли 1982 донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Шевченкои Душанбе шуд. Онро соли 1988 хатм карда, солҳои 1989-1991 дар шуъбаи аспирантураи донишкада таҳсил гирифт. Аз соли хониши 1992 дар донишкада, ки акнун ба номи Қандил Ҷӯраев буд, ба кор монд ва то соли 1993 ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул гашт. Аммо пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ ва душвор гаштани шароити буду бош ночор ба зодгоҳ баргашт. Рисолаи илмии ӯ, ки таҳти раҳбарии профессор Наҷмӣ Сайфиев дар мавзӯи «Сифот-ул-ошиқин»-и  Бадриддин Ҳилолӣ ва муносибати он бо достонҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ» навишта шуда буд, бидуни ҳимоят монд. Рӯзибойи Қурбониён дар Ғелон як сол дар мактаби таҳсилкардаи худ (соли 1994) ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор кард. Баъдан  раҳбари мактаби рақами 58-уми Ғелон таъин гардид. Он солҳо низоми давлатдорӣ комилан шикаставу нав мешуд ва соҳаи таълим ҳам чун кулли соҳаҳо мушкилот дошт. Ҳамчунин ба обрӯи муаллим футур рафта, зиндагии аҳли ин пеша душвор гашта буд. Рӯзибойи Қурбониён дар чунин шароити мураккаб  раҳбарии дабистонро ба зимма гирифт ва то соли 2009 сарбаландона иҷро кард.
15 соли роҳбарии ӯ дар мактаб аз давраҳои душвори соҳаи маориф буданд. Китобҳои дарсӣ намерасиданд, адабиёти бадеии тоҷикӣ камёфт, маоши аҳли маориф ночиз буданд. Ба ин далел мутахассисони варзида табдили кор мекарданд... Замонаи «каҷ дору марез» аз раҳбари ҷавони мактаб масъулияти баланде талаб мекард. Рӯзибойи Қурбониён бо мувофиқат ва кумаки сафорати  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз шаҳри Душанбе маводи хонишро дастрас намуда, дар ихтиёри устодони мактаб гузошт. Бинои мактаб низ аз таъмири кулл баромад ва шароити таълим назар ба пешина хубтар гашт. Ҳамчунин чорабиниҳои зиёди фарҳангие роҳандозӣ намуд, ки ба худшиносии шогирдон ва мардуми маҳаллӣ таъсири мусбат расонданд. Аз ҷумла, бори аввал дар мактаб Ҷашнвораи Мавлавиро гузарониданд, ки меҳмонони зиёдеро аз дигар нуқоти Ӯзбекистон низ гирдиҳам овард. Баъдан, ҳам тадбиру ҷашнвораҳои зиёд  баргузор гардиданд, ки барои пешрафти маърифату маънавияти шогирдони мактаб такони назаррас гаштанд. Ин чорабиниҳо дар замоне сурат гирифтанд, ки мардум аз китобу қалам худро канор мегирифтанд, бештар дар андешаи дарёфти фоидаҳои иқтисодӣ буданд. 
Тобистони соли равон ман ба деҳаи Ғелон рафтам. Вай аз ҷумлаи он маҳалли зисти тоҷикон аст, ки забони тоҷикӣ дар гӯиши сокинонаш ширин ба гӯш менишинад. Ҳини саёҳат аз устод дар бораи таърихи музофоту мазороташ, гузарҳои бешумораш, фарзандони асилаш дар қиболи ҳар гуна ноадолатиҳо, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат, тафовути лаҳҷаи мардуми Ғелон аз шеваи дигар маҳалҳои тоҷикнишин... маълумоти фаровоне гирифтем. Вай дар ҳар мавзӯъ бо ҳарорат сухан мекард ва меҳри баландаш нисбат ба таърихи миллат ва адабиёту забони тоҷикӣ бараъло ҳис мешуд. 
Рӯзибойи Қурбониён як олими беунвонест ва маҳз донишмандӣ, ҷонсӯзӣ ба арзишҳои миллӣ, хоса муборизу ҳақгӯй будан ӯро соҳибэҳтиром гардондааст. 
Ҷойи баҳс ҳам нест – муҳити деҳа, ки табиат ва урфу одоти алоҳида дорад, аз шӯру шари ҳаёти ниҳоят мураккаби шаҳр фарқ мекунад. Дар деҳа мардум пиндори сода, гуфтори бепарда ва рафтори аҷаб озодае доранд. Рӯзону шабон дар андешаи рушди чорвои худ ҳастанд, ба обу замин меҳри махсус доранд, шукуфон нигаҳ доштани мазраъҳо, боғу роғро... амали солеҳ меҳисобанд. Зеро рӯзиашон аз ин ба каф меояд! 
Дар ҷамъияти ҳамин мардуми меҳнаткаш зиста, Рӯзибойи Қурбониён китобу қаламро ҳаргиз канор нагузошт, баръакс дар ҳама ҷо аз китобу фавоиди он сухан мегуфт, барои рушди ҷаҳони маънавии ҳамдеҳагон талош меварзид. Вақте ки бо истифода аз набудани ӯ китобхонаи ғании мактабу деҳаро холӣ карданд ва ба далели созгор набудан ба сиёсати давр нобуд сохтанд, чанд муддат чун мусибатзадагон мегашт. Ин хазина зиёдтар аз даҳ ҳазор китоби бадеию илмӣ дошт ва ғолибан забони аксари ин китобҳо тоҷикӣ буда, дар фасли зимистони тӯлонӣ (5-6 моҳ идома мекунад) мардумро аз бекорӣ наҷот медоданд. Баъдан дар як мулоқот ҳокими вилояти Қашқадарё ваъда кард, ки агар китобҳои бадеӣ пайдо кунанд, омода аст маблағ бидиҳад. Рӯзибойи Қурбониён ба сад илтиҷо китобҳоро ба деҳа овард, аммо аз маблағ дарак нашуд! Ночор он маблағи калонро аз нӯки маоши худ пардохт. Одамоне мисли Рӯзибойи Қурбониён тафаккури ҷудогона доранд ва ҳатто дар пешрафт ва маҳсулнокии андеша бартаранд.
Рӯзибойи Қурбониён солҳои 2009-2014 дар Донишкадаи омӯзгории вилояти Тошканд, воқеъ дар шаҳри Ангрен кор карда, чанд муддат ба донишҷӯён дарс дод ва баъд дубора ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби мазкур ба таълиму тадриси шогирдон машғул шуд. Бояд гуфт, ки вай соҳиби шаш монографияи илмӣ, ҳамчунин муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, оммавӣ ва публисистӣ ба шумор меравад. Аз соли 1994 бо Маркази таълими ҷумҳурӣ робитаи қавӣ дорад ва дар ин муддат тақрибан ба 50 китоби дарсӣ муҳаррирӣ, асарҳои «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ахлоқи мӯҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Дур-ул-маҷолис»-и Сайф Зафари Бухороӣ ва «Нур-ул-айн»-и Носириро таҳия кардааст. Маҷмӯаҳои илмии доир ба шеършиносӣ ва таърихи забонҳои эронии Рӯзибойи Қурбониён дар бахшҳои филологияи тоҷики донишгоҳҳои кишварамон чун дастури таълимӣ истифода мешаванд.
Вай ба синни мубораки 60 медарояд. Мутаассифона, устод Рӯзибойи Қурбониён барои хидматҳояш дар роҳи афрӯхтани чароғи маънавияту маърифати ҷомеа мукофот ё унвоне надорад. Ҳатто «Сипоснома»-ву «Ифтихорнома»-е ҳам. Ҳарчанд ба ҳама гуна қадрдониву қадршиносӣ шоиста аст. 
Устод мегӯяд: саломи сидқидилонаи шогирдонам барои ман беҳтарин унвон ва ноёбтарин мукофот аст. 
Аммо як орзу дорам:
– Агар Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ соатҳои дарси забон ва адабиёти тоҷикро таҷдиди назар ва чун пешин зиёд мекард, онро чун беҳтарин подош қабул менамудам! Кам шудани соатҳои дарсии ин фанҳо ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад ва билохира, завқи тоҷиконро ба мактабҳои миллиашон коста мекунад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: