Дар ноҳияи Оҳангарон аэродроми хусусӣ сохта мешавад

  • Дар ноҳияи Оҳангарон аэродроми хусусӣ сохта мешавад
  • Дар ноҳияи Оҳангарон аэродроми хусусӣ сохта мешавад

Сохтмони ин лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Чин амалӣ мешавад, дар нимаи дуюми соли 2024 оғоз меёбад.

Аэродром дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд сохта мешавад. Дар ин хусус дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд хабар медиҳад.

Маълум аст, ки дар ҳамоиши тиҷоратии Ӯзбекистону Чин дар шаҳри Шенчжен, дар мавриди бунёди аэродроми хусусӣ дар ноҳияи Оҳангарон созишнома ба даст омад.

Аэродром бо иштироки сад фоиз сармояи Чин дар ҳудуди маҳаллаи «Янги ҳаёт»-и ноҳия бунёд мегардад. Сохтмони ин аэродроми хусусӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ягона аст, дар нимаи дуюми соли ҷорӣ оғоз меёбад. Қимати лоиҳа 380 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Чин метавонад дар сохтмони иншооти марбут ба инфрасохтори роҳ дар Ӯзбекистон ширкат кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: