АЁ УСТОД, МИРАМ ПЕШИ ПОЯТ...

Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта ӯро ба воя мерасонад.

Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта ӯро ба воя мерасонад. Омӯзгор шахси пешбарандаи ҷомеа, шахси тарбиятгари насли наврас мебошад. Маҳз тавассути меҳнати омӯзгор одамон соҳиби хату савод мегарданд. Некро аз бад, ростро аз дурӯғ, сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонанд. Дар бораи ана ҳамин гуна шахси нексиришт соатҳо сухан ронем камӣ мекунад. 
Ин лаҳза хостам дар бораи устоди азизам, омӯзгори соҳибтаҷриба, чашмикордон ва фидоӣ сухан ронам, ки тӯли чандин солҳо умри азизи худро барои тарбияи насли наврас бахшидааст.
Муаллима Дилором Муродуллоева соли 1967 дар ноҳияи Сариосиё, маҳаллаи Себзор, деҳаи Гулистон ба дунё омадааст. Таълими миёнаро дар мактаби 38-уми ҳамин деҳа гирифта, тамоми фанҳоро хуб аз худ намудааст. Дар давраҳои мактабӣ нисбати фанни забону адабиёти тоҷик ва шеъргӯӣ меҳри беандоза дошт. Ба муаллима яке аз устодони болаёқат, шоир Абдулло Раҳмон тамоми сиру асрори ин фанро омӯзонид. Муаллима то ҳол бо фахр хизматҳои устодашро ба хотир оварда миннатдорӣ  изҳор менамояд. Баъди хатми мактаби миёна Дилором Муродуллоева Донишгоҳи омӯзгории Душанберо, ки он вақт ба номи Қандил Ҷӯраев буд, бо муваффақият хатм намуд. Аз соли 1987 ин ҷониб дар мактаби миёнаи рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё ҳамчун муаллимаи забону адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Имрӯзҳо он хонандагоне, ки муаллима сабақ додааст, дар тамоми соҳаҳои кишварамон фаъолият бурда, барои пешравӣ ва ривоҷёбии ватанамон саҳмгузор шуда истодаанд. 
Аз соли 1996 то имрӯз хонандагони муаллима дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ иштирок карда, ҷойҳои намунавиро ишғол менамоянд. Соли 1996 аввалин шогирди муаллима Робия Исматова дар озмуни вилоятӣ ҷойи намунавиро ишғол намуд. Соли 2021 Гулрухсор Сафарова дар озмуни республикавӣ иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм шуд. Ҳоло донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии Тирмиз мебошад. Албатта, то ба ин дараҷа расидани Гулрухсор хизмати муаллима Дилором Муродуллоева беҳадду канор аст. Ногуфта намонад, ки муаллима соли 2000-ум дар озмуни “Муаллими сол” дар вилоят ҷои якумро ба даст овард. Соли 2007 дар озмуни “Муаллими беҳтарини фан” сазовори ҷойи якум ва соли 2014 бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқ” мукофотонида шуд. Чандин сол аст, ки дар мактаб роҳбари намунавии иттиҳоди методии забону адабиёти тоҷик ва ӯзбек мебошад. Вақте ки таҳлили дарси яксоатаи муаллима баргузор мегардад, аз маҳорати баланди педагогиаш таассуроти бепоён мегирем. 
Муаллима бонуи меҳрубон, модари хушбахт, модарарӯси намунавӣ, бибии ғамхору ғамгусор аст. 
Нисбати ӯ бо ибораи шоири шодравон Абдуллоҳи Раҳмон гуфтанием: 
Аё устод, мирам пеши 
поят,
Намеарзад ҷаҳон андар 
баҳоят.
Ҳамон килке, ки бар 
дастам ту додӣ,
Тамоми умр мегӯяд 
саноят.
  
Дилдора НАЗАРОВА, 
муаллимаи мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: