Ширкати туркии Minessi A.S ният дорад барои бунёди маҷмааи гармхона дар вилояти Сирдарё 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дар ин бора хидмати матбуоти вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад.
Пешбинӣ шудааст, ки комплекс аз чор блок иборат буда, ҳар кадоми он ба парвариши як навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғул хоҳад шуд. Мева, сабзавот ва гулҳои дар гармхонаҳо истеҳсолшуда ба Шарқи Наздик содир карда мешаванд.
Инчунин ташкил намудани майдончаҳои бастабандии маҳсулот ва истеҳсоли маводи бастабандӣ аз картон ва пластик пешбинӣ шудааст.
Панелҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ барои бо нерӯи барқ таъмин кардани маҷмаа истифода хоҳанд шуд ва ҳамчунин ба истифода додани як неругоҳи иқтидораш 10 МВт пешбинӣ шудааст.