АМИР ТЕМУР ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ПОЛША

Дар арафаи 685-солагии Амир Темур дар барномаи «PoLsat»-и телевизиони Полша тӯли 50 дақиқа бахшида ба ниёи бузурги халқи ӯзбек филме намоиш дода шуд.

Филм дар бораи Амир Темури ҳукмдору лашкаркаш ва маърифатпарваре, ки дар таърихи минтақаҳои зиёди Осиё нақши муҳим доштааст, қисса мекунад. Дар филм як қатор шаҳрҳои таърихӣ, мисли Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз рӯ менамоянд. Ҳамчунин, дар он доир ба таърихи ташаккулёбии Амир Темур, волидайни ӯ — фарзандони яке аз оилаҳои обрӯманди туркнажоди барлос, ки аз улуси Чиғатой ва хосони дарбор буданд, алоҳида қисса карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки Амир Темур вазифаи худро дар бартараф намудани парокандагӣ ва муттаҳид сохтани қаламравҳои ҷудогона ба як давлат донистааст. Вай Самарқандро ба сифати пойтахти ин давлат пазируфт, дар ин шаҳр ба ин мақсад қалъаву қасру истеҳкомҳо сохт. Ӯ дар шафати пойтахти кӯҳнаи Суғд Самарқанди навро тарҳрезӣ кард.
Тамошобин дар филм намои имрӯзи қасру манора, майдон ва ёдгориҳои таърихии Самарқанду Бухоро, аз он ҷумла, биноҳои аҳди Амир Темурро мебинад.
Муаллиф дар бораи «Тузукоти Темурӣ» — сарчашмаи пурбаҳои асримиёнагӣ нақл мекунад. Дар он тарҷумаи ҳоли Амир Темур, воқеаҳои ба рӯзгори ӯ иртиботдошта, нуқтаи назараш ба санъати ҷанг, сохтори давлат ва давлатдорӣ инъикос ёфтаанд. Амир Темур тибқи ин қонунҳо давлати мутамарказу муқтадиреро идора кардааст.
Дар филм таъкид карда мешавад, ки Соҳибқирон давлати бузургеро бунёд карда, ба рушди иқтисодӣ ва фарҳангии  кишвар замина фароҳам овардааст. Мовароуннаҳр ба маркази тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Шарқи Миёнаю Наздик табдил меёбад ва биною иншооте, ки таҳти роҳбарии Амир Темур бунёд мегардиданд, намоёнгари иқтидори империяи ӯ буданд.
Дар поёни филм гуфта мешавад, ки солҳои ҳукмронии Соҳибқирон ба парокандагии феодалӣ хотима дода шуд. Дар ин фосила бо кишварҳои бузурги Аврупо — Франсия, Англия ва Кастилия робитаҳои савдою дипломатӣ роҳандозӣ шудааст. Таърих Амир Темурро дар қатори сарлашкарони бузурге чун Искандари Мақдунӣ, Дорои I ва Юлий Сезар мегузорад.

АИ «Дунё»,
ВАРШАВА.        

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: