НИШАСТИ СЕҶОНИБАИ САТҲИ ОЛӢ ДАР АШҚОБОД ПЛАТФОРМАИ БЕНАЗИР ВА МУҲИМ БАРОИ НИГОҲДОРӢ ВА ТАҲКИМИ РАВОБИТИ КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ ГАРДИД

Нишасти сарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки 4 август баргузор шуд, ба далели нав будани шакл ва рӯзномаи он, ки аз ҷумла фарогирии масоили муҳим, аз қабили масоили истифодаи об, энергия, нақлиёт ва ғайра дар байни доираҳои сиёсӣ ва коршиносии кишварҳои хориҷӣ боиси таваҷҷуҳи зиёд гардид.

Ба гуфтаи коршиносон, ин нишаст ба тавлиди лоиҳаҳои нав ва густариши татбиқи тарҳҳои муштараки мавҷуда хидмат хоҳад кард, ки барои таҳкими иқтидори минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи робитаи мутақобилаи он бо манотиқи дигари қораи Авруосиё аҳамияти калидӣ доранд.
Фернандо МОРАГОН, роҳбари Маркази омӯзиши Авруосиё, директори нашрияи электронии испании «Diario Arbat», роҳбари Ассотсиатсияи рушди муносибатҳои байни Испания ва Ӯзбекистон:
— Мо баръало мушоҳида мекунем, ки дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон саъй дорад, ки ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя ба сатҳи сифатан нав барорад, ки бешубҳа, ба афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ комилан мувофиқат мекунад. 
Аз ин лиҳоз, баргузории нахустин нишасти формати Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Туркманистон дар Ашқобод, ба назари ман, нуқтаи ибтидоии ҷустуҷӯ ва роҳандозии шаклҳои нави баррасии густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Маҷмӯи масъалаҳое, ки сарони давлатҳо баррасӣ карданд, аз қабили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёту логистика, обу энергетика, агросаноат ва дигар соҳаҳо, манфиатдории хосаро  дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ тасдиқ мекунад.
Дар ин замина, зимни суханронӣ дар бораи мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, мехоҳам зикр намоям, ки нишасти кунунӣ як минбари беназир ва муҳим барои ҳифз ва таҳкими равобити кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Ба фикрам, ҳадафи аслии ин нишаст ба низом даровардани ҳамкориҳо ва муттаҳид сохтани лоиҳаҳои иқтисодие, ки бо талошҳои муштарак амалӣ мешаванд, дар ҳоли ба онҳо додани шакли қобили қабули ҳамагон мебошад.
Директори Донишкадаи тадқиқоти муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи молия Виктория ПЕРСКАЯ (Русия):
– Ман мехоҳам дар бораи он таваққуф намоям, ки дар рушди муосири иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон ҳамчун маркази пайванди ташаккулёбанда нақши ҳалкунанда дорад.
Тӯли солҳои охир суръати рушди иқтисодии Ӯзбекистон воқеан мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Тибқи пешгӯиҳо, дар солҳои 2023-2024 рушди иқтисодӣ дар кишвар беш аз 5 фоиз дар назар аст. Ин барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ албатта суръати интизорраванда  нест, зеро дар тамоми ҷаҳон таназзулҳо идома доранд.
Нуқтаи дуюм афзоиши демографии кишвар аст. Ҳоло шумораи аҳолии Ӯзбекистон аз 36 миллион нафар гузашт ва ин гувоҳи он аст, ки сатҳи зиндагии мамлакат баланд шуда истодааст ва мардуми Ӯзбекистон ба фардо дилпур аст.
Маҳз ҳамин мавқеи Ӯзбекистон нақши пайвандкунанда ва марказиро мебозад, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба шарикии минтақавӣ ҳавасманд мекунад.
Нишасти гузаштаи се кишвари Осиёи Марказӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти пешрафт қарор дорад. Мушкилоти сарҳадӣ ва ҳамлу нақливу логистикӣ ҳаллу фасл шуда, илова бар ин, барои ин кишварҳо фазои қобили сармоягузорӣ фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин, набояд нақши Ӯзбекистонро дар рушд ва бунёди равобит бо Афғонистон фаромӯш кард. Ташаббусҳо оид ба рушди Роҳи нави абрешим, аз ҷумла, тавассути Афғонистон, бевосита ба ин се давлати Осиё иртибот доранд.
Дар хотима мехоҳам қайд намоям, ки ман аз ҳамоҳангсозии оқилонаи стратегияи рушди иқтисодии дохиливу хориҷии Ӯзбекистон ба ҳайрат омадам.
Сиёсатшиноси қирғиз Кубан АБДИМЕН:
– Мулоқот дар Ашқобод дар таърихи минтақа воқеаи беназир гардид. То кунун дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо иштироки президентҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои расмӣ баргузор мешуд.
Азбаски аз мулоқоти роҳбарони се кишвари минтақа дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон  пешбинӣ намудани он душвор нест, ки мавзӯъҳои аслӣ масоили энергетикӣ ва нақлиёту логистикаанд.
Рӯзномаи нақлиёт ва логистика барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба омили муҳимтарини наздикшавӣ бо ҳамсояҳои калон табдил меёбад. Қариб тамоми молҳои минтақа ба Ҷануб тавассути Туркманистон мегузарад. Аз сӯйи дигар, интиқоли бор аз ин минтақа акнун метавонад ба минтақаи ҷанубу ғарбии Осиё ва Ховари Миёна тавассути масири кӯтоҳтаре интиқол ёбад, ки он ҳам аз тариқи Туркманистон мегузарад. Ҳамакнун маълум аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Ӯзбекистон ҳосили рекордии харбуза содир кардааст, ки як қисми он тавассути Туркманистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон муддати тӯлонӣ дар мавриди интиқоли мол ба кишварҳои дигар тавассути Туркманистон музокира дорад. Ва формати кунунӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ҳал карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Туркманистон низ ба густариши равобити мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ бо ҳамсоягони худ дар минтақа манфиатдор аст. Қубури газ аз тариқи Ӯзбекистон аз Туркманистон ба Чин мегузарад, ки гардиши боэътимоди пули нақдро аз гази табиӣ таъмин мекунад.
Хамаи иштироккунандагони мулоқот дар Ашқобод аз ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш манфиатдор мебошанд. Аз ин рӯ, нишасти се президентҳо дар пойтахти Туркманистон метавонад идомаи талошҳои роҳбарони минтақа оид ба  ҳамгироии беҳтари панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бошад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: