Буданд падарҳое, ки дар пиронсолӣ соҳиби фарзанд шуда, вале ба таълиму тарбияи он, бинобар имкон надодани умр ё заъфу пирӣ, ба дараҷаи лозимӣ машғул нашудаанд.
Буданд падарҳое, ки дар пиронсолӣ соҳиби фарзанд шуда, вале ба таълиму тарбияи он, бинобар имкон надодани умр ё заъфу пирӣ, ба дараҷаи лозимӣ машғул нашудаанд. Аммо фарзандҳо бо худомӯзӣ ва иштиёқи баланд ба омӯзиш душвориҳоро паси сар карда, тавфиқ ёфта ва маълуму машҳур гаштаанд. Масалан, шоири тоҷик дар асри XIX Шамсиддин Шоҳин, адиби барҷастаи ӯзбек Абдулло Қодирӣ...
Мегӯянд, фарзандон аз модарҳои хеле ҷавон (ноболиғ) нуқсдор ба дунё меоянд. Аммо бисёр воқеъ шуда, ки аз ин гуна ҷавонмодарон низ фарзандҳое ба дунё омадаанд ҳарҷониба комил.
Модаре, ки писар таваллуд карду номашро Пётр гузошт, ҳамагӣ чордаҳсола. Аммо «шуданӣ» будани тифл барвақт эҳсос мегашт. Баъди ба камол расидан Пётр ҳамчун философ ва публитсист дар асри XVIII хеле машҳур гашт. Баробари ин ончунон далерона шеърҳо навишта ва норасоиҳои ҷамъиятиро фош мекард, мегуфтанд пурдилтарин шоири рус маҳз Пётр Чаадаев (1794-1856) мебошад. Чопи асарҳояшро дар Русия манъ карда бошанд ҳам, шеърҳояш аз даҳон ба даҳон гузашта, замзама мешуданд. Шахсият ва эҷоди П.Чаадаев ҳатто Пушкини бузургворро мафтун сохта буд.
Андрей Рублов (1360-1428) асосгузори мактаби иконанависӣ дар Русия мебошад. Икона – сурати Худо, фариштаю авлиёҳои христианӣ. Андрейро, ки аз кӯдакӣ ба расмкашӣ шавқи беандоза дошт, модараш ба монастир супурд. Мегӯянд, оне ки ин гуна кори мушкил ва нозукро ҷиддан ба ӯҳда гирифта буд, 5 сол дошту халос. Парастори монастир дар дафтари худ қайд карда, ки «Нафаре дасти Андрейро дошта, ба маъбад меовард ва гумон мекардед духтаре додарчаашро овардааст. Ҳеҷ ақлатон намегирифт, вай модари писарак!»
Бале, хеле ҷавон буд модари А.Рублов. Дар сенздаҳсолагӣ ба дунё оварда буд Андрейро.
Духтаре писарбачаеро хеле дӯст дошт. Мехост зудтар оиладор шаванд. «Рӯй бароварда» ба падару модараш гуфт, илтимос, ба шавҳар диҳед. Волидон розӣ шуда ва дуои хайр карданд. Аснои вуқӯъи маросими никоҳ арӯсак аз 13 андак боло буду халос. Дар понздаҳсолагӣ писар дид. Номашро Николай гузоштанд.
Оянда насрнавис, шоир, мунаққид, публитсисти номвар шуд Николай. Бо «Ҷонҳои мурда» ном асараш адабиёти русро дар асри XIX ба дараҷаи нав баровард. Албатта, рӯзномахони ҳушманд зуд пай бурд сухан дар бораи яке аз классикҳои адабиёти рус Николай Гогол (1809-1852). Чун сухан оиди адабиёти рус дар асри XIX мебошад, як-ду сухан дар бораи аз симои дигари барҷастаи адабии ин давр – Михаил Лермонтов (1814-1841). Дар ҳамаи навъҳои адабӣ – назм, наср, драматургия истеъдоди баланд дошт ин фарзанди гениали халқи рус. Рассоме низ буд чирадаст. Афсӯс, барвақт дунёро тарк кард – 26-ро пур карда ва нав ба 27 қадам гузошта. Ятим калон шуда буд вай, бибӣ меҳри модарӣ дод, падар ғамхор гашт, аммо ҷойи модарро кӣ мегирад? Симои модар дар ёд надошт, ҳамагӣ сесола буд, охир. Модараш-чӣ? Нуздаҳсола. Дар шонздаҳсолагӣ ба дунё оварда буд вай Михаилро.
Ш. МУҲАММАД.