Ду нафар суҳбат мекарданд.
Яке пурсид:
— Гӯш кун, мантиқ чист?
— Инро чӣ тавр фаҳмонам, мебинӣ он ду марди омадаистодаро, яке чиркин асту дигаре олуфта. Кадоме аз онҳо ба ҳаммом меравад?
— Маълум, ки марди чиркин.
— Дуруст. Вай чиркин аст, барои ҳамин бояд ба ҳаммом равад. Инро мантиқ мегӯянд.
— Диалектикааш чист?
— Ҳмм, аз ҳамон мардони омадаистода кадомаш ба ҳаммом меравад?
— Марди чиркин!
— Нодуруст, марди олуфта. Марди чиркин барои он чиркин аст, ки ба ҳаммом намеравад, инро диалектика меноманд.
— О, чӣ хел, пас фалсафааш чист?
— Аз ду марди омадаистодае, ки яке чиркин асту дигаре олуфта, кадоме ба ҳаммом меравад?
Ҳамоне, ки чӣ будани ҳаммомро медонад.
— Ин аст фалсафа!
Таҳияи
Д. АБДУЛЛОЕВ.